Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аломатҳои ҷиноят дар парвандаи Сангов


Сафаралӣ Сангов
Сафаралӣ Сангов

Мақомот мегӯяд, ки дар парвандаи Сафаралӣ Сангов “ҳолатҳои берун баромадан аз ҳади ваколати хидматӣ” аз тарафи ходимони пулис исбот шудааст.

Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ки парвандаи мазкур бевосита таҳти назорати Додситони кул қарор дорад ва барои анҷоми холисонаи тафтишот тадбирҳо андешида мешавад.

АЛОМАТҲОИ ҶИНОЯТ ДАР ПАРВАНДАИ САНГОВ

Шерхон Салимзода бо нигаронӣ аз “ҳолатҳои аз ҳади ваколати хидмати баромадани кормандони пулис” афзуд, бори аввал нест, ки чунин шикоятҳо ироа
Шерхон Салимзода, Додситони кулии Тоҷикистон
мешаванд.

Абдуқодир Муҳамаддиев, муовини Додситони кул мегӯяд, ки бо ҳадафи тафтиши холисонаи қазияи Сафаралӣ Сангов, парванда ба додситони шаҳри Душанбе ирсол шудааст ва аломатҳои ҷиноят тасдиқи худро ёфтаанд: «Нисбати ҳодисаи Сафаралӣ Сангов, аз ҷониби додситони ноҳияии Сино парванда оғоз гардида буда ва мавриди тафтиш қарор дошт. Бо назардошти таъмини тафтиши пурраи холисонаи парвандаи ҷиноятӣ, тибқи дастури Додситони кул ҳанӯз ҳам парванда аз додситони ноҳияи Сино гирифта шуда ба ихтиёри додситони шаҳри Душанбе супорида шуд. Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби додситони шаҳрӣ бо аломатҳои ҷиноятии баромадан аз ҳади ваколати хидматӣ ва хунукназари ҷой дорад ва аз натиҷаи парванда шуморо огоҳ хоҳем кард.»

МАРГИ МАРМУЗИ САФАРАЛӢ САНГОВ

Сарвиноз Сангова, ҳамсари Сафаралӣ Сангов мегӯяд, додситонии шаҳри Душанбе то ҳол санади ташхиси ҷасади шавҳарашро ба ӯ нишон надодааст. Хонум Сангова гуфт, бовар дорад, ки бо гузашти вақт парда аз рӯи марги мармузи шавҳараш бардошта мешавад.

Сокини Душанбе Сафаралӣ Сангов 1-уми марти соли равон дар пайи як амалиёти боздошт аз ҷониби ходимони пулиси ноҳияи Сино ба ҳалокат
Cарвиноз Сангова, ҳамсари Сафаралӣ Сангов зимни мусоҳиба бо хабарнигори "Озодӣ"
расид. Хонуми Сангова гуфт, ба эҳтимоли қавӣ шавҳараш дар бинои ШКД кушта шуд ва ҷасадаш танҳо ба хотири раҳоии ходимони пулис аз ҷавобгарӣ, ба бемористон интиқол дода шуд. Ба гуфтаи вай, соатҳои аввали ба беморхона интиқол ёфтан, дасту пойи Сафаралӣ сард буд ва ба дастгоҳи нафаси сунъи васл кардани ӯ талаби ходимони пулис ва рӯпушкунии ҳодиса буд.

Ҳоло Додситони кул мегӯяд, ки аломатҳои ҷинояткорӣ бо моддаи 316-уми Кодекси ҷиноятӣ, берун баромадан аз ҳади ваколати хидматӣ ва модаи 132-юми ҳамин кодекс, яъне хунукназарӣ исбот шудааст ва гунаҳкорон дар назди қонун ҷавоб мегӯянд. Як манбаи боэътимод аз Вазорати корҳои дохилӣ ба Озодӣ гуфт, ки нисбати 4 нафар кормандони ШКД-и ноҳияи Сино парванда боз шудааст ва айни ҳол як нафар аз кормандон мавриди боздошт қарор дорад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ва раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон низ аз додситони шаҳр, даъват кардааст, ки қазияро дар доираи қонун ва мунсифона баррасӣ кунад.

ТАВАҶҶУҲИ СОЗМОНҲОИ ҲУҚУҚИ БАШАР БА ҚАЗИЯ

Боздошти хушунатбори Сафаралӣ Сангов мавриди таваҷӯҳи созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифт ва Дафтари Созмони Миллати Муттаҳид дар Тоҷикистон барои расидагӣ ба ин қазия хонаводаи Сановро бо вакили мустақил таъмин кард.

Созмони Авфи Байналмилӣ барои ошноӣ ба ҳодисаи фоҷиабор намояндаи худро ба Тоҷикистон фиристодааст. Оишаи Ҷанг, як масъули ин ниҳод, мегӯяд, ки ҳодисаи Сафаралӣ Сангов аз ҳузури ошкори истифодаи хушунат нисбати шаҳрвандон, дарак медиҳад. Созмони Авфи Байналмилал ҳоло тамоми далелу аснодро дар мавриди сарнавишти талхи Сангов ҷамъоварӣ
Оишаи Ҷанг, масъули Созмони Авфи Байналмилалӣ дар Тоҷикистон
ва баъдан бар пояи омӯзишҳои худ гузориш пахш мекунад.

Шамсиддин Раҳмонов, муфаттиши парвандаи Сафаралӣ Сангов дар додситонии шаҳри Душанбе ба Озодӣ гуфт, ки ташхиси тиббӣ оид ба сабабҳои марги Сангов дар парванда ҷой доранд ва танҳо баъди анҷоми тафтиш иттилои дақиқ дода мешавад. Аммо дар мавриди ин, ки тафтиши парванда чи қадар тӯл мекашад, Шамсиддин Раҳмонов гуфт: «Ин дар салоҳияти қонун аст, мешавад, ки ду моҳ бошад ё зиёдтар аз он давом кунад. Ҳоло тамоми далелҳо дар парванда ҷамъоварӣ шудааст ва кор идома дорад.»

Боздошти хушунатбори Сафаралӣ Сангов ва ҳалокати мармузи ӯ ҳодисаи аввалин нест. Моҳи июни соли 2009 Хуршед Бобокалонов, духтури саратоншиноси Қарияи Боло ва соли гузашта Исмонбой Бобоев, сокини вилояти Суғд дар пайи сару кор бо ходимони пулис, ба таври мармуз ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG