Рӯзи аввали мурофиа, ки таҳти раёсати Бобокалон Муродов, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон гузашт, иттиҳомот алайҳи Файзулло Бобохонов ва ҳамҷавобгари парвандааш - Шоҳрух Нуралиев, собиқ сармуфаттиши додситонии ноҳияи Ҳисор, эълон шуд.
Додситонии кулл Файзулло Бобохоновро дар асоси 4 модда ба 22 мавриди нақзи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳаҷми бузург тариқи зӯроварӣ аз худ кардани моликияти нафари дигар, сӯистифода аз мақом, баромадан аз ҳадди ваколат, қаллобӣ, омодагӣ ба ҷиноят ва сӯиқасд ба ҷиноят муттаҳам мекунад.
ХАРИДУФУРӮШИ ЗАМИН
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷиноятҳои ҷаноби Бобохонов замони муовини додситони ноҳияи Шоҳмансур ва додситони ноҳияи Ҳисор буданаш содир шудаанд.
Абдулхайр Олимов, айбдоркунандаи давлатӣ ҳангоми муаррифии айбнома гуфт, беш аз 150 ҳазор доллари амрикоиро дар шакли маблағ ва ё амволи ғайриманқул аз афроди гуногун, аз ҷумла тоҷирон ситонида ё ба ин ҷиноёт мусоидат кардааст.
Ҳамчунин додситонӣ писари собиқ додситони куллро дар харидуфурӯши ғайриқонунии замин, аз ҷумла дар деҳаи Якуми Майи ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дахил медонад. Ба иддаои додситонӣ, Бобохонов дар ҳамдастӣ бо ронандаи падараш, ки додситони кул буд, тариқи асноди ҷаълӣ ё тақаллубӣ ба заминфурӯшӣ машғул будааст.
АСНОДИ ТАҚАЛЛУБӢ
Тӯхтахон Султонбекова, сокини ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки номаш дар айбномаи додситонӣ зикр мешавад, мегӯяд, шахсан Файзулло Бобохоновро надидааст, аммо як нафар ба наздаш омадааст, ки барои 15 сотих замини хоҷагии деҳқонии ӯ ҳуҷҷати расмиро доштааст.
Ин сокини Қӯштеппа афзуд, "замини хоҷагии деҳконии маро ба он бача ҳуҷҷат карда додаанд. Ҳамин ҷо омада, хона кун, гуфтаанд. Бачаи Бобохонов неву як каси дигар омада буд. Ман ба вай гуфтам, ки додар ман шаҳодатномаву қарор дорам ба ин замин. Ман ин ҷо гармхона месозам. Гуфт, ки ба ӯ ин замини баргардонидашуда гуфта, ҳуҷҷат додаанд. Гуфтам, раву ба ҳамон касе, ки ҳуҷҷат додааст, муроҷиат кун."
Ба қавли хонум Султонбекова, тақрибан моҳҳои майи соли 2010 ба назди ӯ кормандони Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасод ва Додситонии кул омадаанд. Баъдтар тариқи Додгоҳи иқтисодӣ замини ӯ баргардонида шудааст.
СӮИСТИФОДА АЗ МАҚОМ...БАРОИ ҲАҶ
Аммо ин танҳо иттиҳоми марбут ба замин алайҳи собиқ додситони ноҳияи Ҳисор нест. Ҳангоми фаъолият дар ин вазифа, ба қавли мақомоти тафтишотӣ, Бобохонов 4,5 гектар замини обии корамро дар шаҳраки Ҳисор аз худ намуда, боғ кардааст ва андозу дигар пардохтҳоро ҳам дар ҳаҷми беш аз 500 сомонӣ насупоридааст.
Ба иддаои додситонӣ, аз яке сокинони ноҳия ӯ 2 тонна гандум гирифта, маблағашро пардохт накардааст ва онро ба ноҳияи Вахш барои амакаш фиристодааст. Ҳамчунин тафтишот собиқ додситони Ҳисорро барои тақаллуби асноди худу модараш ҳангоми маросими ҳаҷ дар соли 2009 муттаҳам мекунад. Бар асоси далелҳои ин манбаъ, ӯву модараш, ки сокини Ҳисор набудаанд, аз ҳисоби квотаи ин ноҳия ба ҳаҷ рафтаанд.
Аммо Шӯҳрат Қудратов, коршинос дар умури ҳуқуқ мегӯяд, шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз ҳар минтақаи кишвар ба ҳаҷ равад: "Бобохонов, ки дар ноҳияи Ҳисор кор мекард, агар ҳуҷҷатҳояшро ба Кумитаи дини ноҳия дар доираи қонун супорида бошад, ин сӯистифода аз мансаб намешавад. Сӯистифода аз мансаб ин қонунро вайрон карда, ба нафъи худ кор кардан аст. Дар ин маврид сӯистифода вуҷуд надорад, Муфаттишон шояд ин моддаро камтар нодуруст баҳогузорӣ кардаанд."
"БОБОХОНОВ СОКИТ БУД"
Дар як маврид, ба иддаои додситонӣ, ҷаноби Бобохонов ба гирифтани пора дар ҳаҷми ду ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам мешавад, ки бо собиқ муфаттиши калони додситонии Ҳисор Шоҳрух Нуралиев тақсим кардаанд. Дар зимн, ахирӣ, ки дар парвандаи Файзулло Бобохонов ҳамҷавобгар аст ва ба ҷуз ин маврид, дар як мавриди дигар - ғайриқонунӣ нигоҳ доштани муттаҳам дар боздоштгоҳ гунаҳкор мешавад.
Айбдоркунандаи давлатӣ аз ҷумла зикр кард, ки як қатор ҷиноятҳоро Бобохонов бо истифода аз ному мақоми падараш - собиқ додситони кулл содир намудааст. Дар мурофиаи додгоҳӣ, ки ба таври боз баргузор шуд, падараш Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон низ ширкат дошт.
Ӯ хеле сокиту солор буд ва бодиққат мурофиаро назорат мекард. Ҳамчунин нахост бо рӯзноманигорон сӯҳбат кунад. Файзулло Бобохонов моҳи марти соли 2010 баъд аз барканории падараш аз мақоми додситони кулли Тоҷикистон дар моҳи январ аз вазифа сабукдӯш ва 20-уми июли ҳамон сол боздошт шуд. Бархе коршиносон қаблан ин боздоштро аз паёмадҳои мухолифати собиқ додситони кул ва рақибонаш унвон карданд.
Ӯ хеле сокиту солор буд ва бодиққат мурофиаро назорат мекард. Ҳамчунин нахост бо рӯзноманигорон сӯҳбат кунад...
Додситонии кулл Файзулло Бобохоновро дар асоси 4 модда ба 22 мавриди нақзи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳаҷми бузург тариқи зӯроварӣ аз худ кардани моликияти нафари дигар, сӯистифода аз мақом, баромадан аз ҳадди ваколат, қаллобӣ, омодагӣ ба ҷиноят ва сӯиқасд ба ҷиноят муттаҳам мекунад.
ХАРИДУФУРӮШИ ЗАМИН
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷиноятҳои ҷаноби Бобохонов замони муовини додситони ноҳияи Шоҳмансур ва додситони ноҳияи Ҳисор буданаш содир шудаанд.
Абдулхайр Олимов, айбдоркунандаи давлатӣ ҳангоми муаррифии айбнома гуфт, беш аз 150 ҳазор доллари амрикоиро дар шакли маблағ ва ё амволи ғайриманқул аз афроди гуногун, аз ҷумла тоҷирон ситонида ё ба ин ҷиноёт мусоидат кардааст.
Ҳамчунин додситонӣ писари собиқ додситони куллро дар харидуфурӯши ғайриқонунии замин, аз ҷумла дар деҳаи Якуми Майи ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дахил медонад. Ба иддаои додситонӣ, Бобохонов дар ҳамдастӣ бо ронандаи падараш, ки додситони кул буд, тариқи асноди ҷаълӣ ё тақаллубӣ ба заминфурӯшӣ машғул будааст.
АСНОДИ ТАҚАЛЛУБӢ
Ба иддаои додситонӣ, аз яке сокинони ноҳия ӯ 2 тонна гандум гирифта, маблағашро пардохт накардааст ва онро ба ноҳияи Вахш барои амакаш фиристодааст...
Тӯхтахон Султонбекова, сокини ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки номаш дар айбномаи додситонӣ зикр мешавад, мегӯяд, шахсан Файзулло Бобохоновро надидааст, аммо як нафар ба наздаш омадааст, ки барои 15 сотих замини хоҷагии деҳқонии ӯ ҳуҷҷати расмиро доштааст.
Ин сокини Қӯштеппа афзуд, "замини хоҷагии деҳконии маро ба он бача ҳуҷҷат карда додаанд. Ҳамин ҷо омада, хона кун, гуфтаанд. Бачаи Бобохонов неву як каси дигар омада буд. Ман ба вай гуфтам, ки додар ман шаҳодатномаву қарор дорам ба ин замин. Ман ин ҷо гармхона месозам. Гуфт, ки ба ӯ ин замини баргардонидашуда гуфта, ҳуҷҷат додаанд. Гуфтам, раву ба ҳамон касе, ки ҳуҷҷат додааст, муроҷиат кун."
Ба қавли хонум Султонбекова, тақрибан моҳҳои майи соли 2010 ба назди ӯ кормандони Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасод ва Додситонии кул омадаанд. Баъдтар тариқи Додгоҳи иқтисодӣ замини ӯ баргардонида шудааст.
СӮИСТИФОДА АЗ МАҚОМ...БАРОИ ҲАҶ
Айбдоркунандаи давлатӣ аз ҷумла зикр кард, ки як қатор ҷиноятҳоро Бобохонов бо истифода аз ному мақоми падараш - собиқ додситони кулл содир намудааст...