Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз паём то паём


Суханронии соли гузаштаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури ҳарду палатаи парлумон асосан як паём дошт – баҳрабардорӣ аз«обу барқ».

Дидгоҳҳои дигари ӯ дар масоили сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ асосан дар гирди ҳамин паём мечархиданд. Раиси ҷумҳур бо таассуф аз ранҷи мардуми кишвар ёдовар шуд, ки ба гуфтаи ӯ “ҳар сол ба муддати 6- 7 моҳ дар фасли сармо аз камбуди барқ азият мекашанд.”

"БАРНОМАҲО ТАТБИҚ НАМЕШАВАНД"

Ҳоло баъди бештар аз як ҳафтаи дигар раиси ҷуммур дубора дар ҳузури парлумон суханронӣ ва дидгоҳи худро ба масоили дохиливу хориҷӣ мушаххас мекунад. Ҳамакнун таҳлилгарон ва ҷомеъашиносон паёми қаблии раиси ҷумҳурро ба тарозӯи пажуҳиш гузоштаанд то мушаххас кунанд, ки барномаҳои президент то куҷо ба ҳадаф расиданд ва ё чаро ба ҷойе нарасиданд.

Аксари таҳлилгарон, ки мо аз онҳо хостем як соли аз “паём то паём”-ро арзёбӣ кунанд гуфтанд, ки умдатан дар паёмҳои президент масоили стратегӣ ва барномаҳои сарнавиштсоз таъкид мешаванд, вале ин барномаҳо аз ҷониби вазоратхонаву ниҳодҳои давлатӣ ҳамчунон татбиқ намешаванд.
Ба унвони мисол таи як даҳсола кишвар бо мушкили барқ дар фасли сармо рӯ ба рӯ аст, вале ислоҳи он ҳанӯз имконпазир нашудааст.


Ҳикматулло Сайфуллозода
Раиси маркази таҳлилии "Диалог" Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, ки мушкили аслӣ бемасъулиятии ниҳодҳои ҳукумати кишвар аст, ки масъулияти худро сидқан иҷро намекунанд. Ба назари Сайфуллозода мушкили иҷро нашудани банду фаслҳои паёми президент пеш аз ҳама марбут ба сиёсати нодурусти кадрӣ ва ҷобаҷсозии нодурусти мутахассисон дар вазоратхонаҳову ниҳодҳои муҳими кишвар аст. Ӯ мегӯяд дар ин бахш масъули аслӣ раиси ҷумҳур аст, ки мақомотро интихоб ва таъин мекунад. "Нокомии ҳукумат дар он аст, ки дар тӯли ин ҳама сол натавонистааст сиёсати кадриро дар як системаи дуруст ба роҳ монад. Дар аксари вазоратхонаҳо афроде нишастаанд, ки ҳатто тахассуси ҳамон соҳаро надоранд.”- мегӯяд Ҳикматулло Сайфуллозода.

Ба назари гурӯҳи дигари таҳлилгарон, мушкил аслӣ ин аст, ки паёму муроҷиатҳои раиси ҷумҳур дар марказҳои таҳлилии назди вазоратхонаҳо таҳлилу баррасӣ намешаванд ва ҳамчунин дар рӯи коғаз боқӣ мемонанд.

"ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ БА ГӮШАИ ФАРОМӮШӢ МЕАФТАД"

Комёб Ҷалилов, таҳлилгари Маркази стротегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ин назар аст, ки пас аз пахши дубора ва себораи паёми президент дар радиоиву телевизонҳои давлатӣ ва пас аз пахши гуфтору намоишҳои «урабоду зиндабод», ин паём то суханронии навбатӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ меафтад ва боиси бебандуборӣ дар иҷрои вазифаҳои дар пешгузоштаи президент мешавад.

Танҳо паёми гузаштаи президент дар заминаи истифода аз захоири дастнахӯрдаи обу энержии Тоҷикистон чаҳор вазифаи аслиро дар пешорӯи вазорати энержӣ ва саноат ва ширкати "Барқи тоҷик" гузошт. Иҷроиши ин барномаҳо имкон медод, ки Тоҷикистон ба бӯҳрони энержии мисли имрӯзҳо мувоҷеҳ нашавад.

Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд: “ бо назардошти татбиқи ин чаҳор банди паёми президент, парлумон як қонуни махсус дар бораи истифода аз манбаъҳои барқхез қабул кард, ки бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ дар минтақаҳои шамолраву офтобиро дар назар дошт. Лекин ниҳодҳои масъул ба чандон аҳамият намедиҳанд.»

ЧАРО САРМОЯГУЗОРИ ХОРИҶӢ ДИЛСАРД АСТ?

Ниҳодҳои давлатӣ мегӯянд, ки барои иҷрои ин гуна барономаҳои муҳим маблағи зарурӣ дар даст нест. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба онҳо мегӯяд, ки барои татбиқи ин барномаҳо сармоягузор пайдо кунанд. Вале сармоягузори хориҷӣ барои пул гузаштан ба барномаҳои вижа алоқамандӣ нишон намедиҳад. Бисёре аз таҳлилгарон иллати дилсардии сармоягузорро дар ришваву фасод ва бархурди ғайриҳирфаӣ ба лоиҳаҳои муҳим унвон мекунанд.

Президенти Тоҷикистон дар паёми соли 2010-и худ гуфта буд, ки агар дар давоми 70 соли низоми шӯравӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 55 ҳазор гектар замини обӣ барои қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо шуда бошад, танҳо дар понздаҳ соли охир барои беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ қариб 105 ҳазор гектар, аз ҷумла 46 ҳазор гектар замини обӣ тақсим карда дода шудааст.

Вале ҳаводиси пурсарусадои Қуштеппа, Зайнаббибӣ, Қулписта ва мавзеъҳои дигари Тоҷикистон намунае мебошанд, ки ғалат ё дар тақсими замин аст ё дар яккатозиҳои мақомоти маҳаллӣ, ки заминҳои додаро иҷборан бозпас мегиранд.
XS
SM
MD
LG