Вай дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, умури фаннии ин хабаргузорӣ дар ҳоли анҷомёбист ва то даҳ рӯзи дигар ин расона ба кори худ оғоз мекунад.
Ҷаноби Сӯфӣ ҳадафи аслӣ аз таъсис ва роҳандозии ин хабаргузориро ба бештар шудани ҷойгоҳи хабаргузориҳои тоҷикӣ ва расонидани иттилои сареъву беғараз арзёбӣ кард.
Ӯ афзуд, бо он ки ҳоло хабаргузории тоҷикии "Тоҷ нюс" фаъол аст, аммо расонае ба мисли "Азия-Плюс", ки битавонад хабарҳоро ба сурати сареъ пахш намояд, ба забони тоҷикӣ вуҷуд надорад.
Бо ин ҳам ба таъкиди Зафари Суфӣ, хабаргузории мустақили "Озодагон" ба иловаи ахбору матолиби тоҷикӣ, то як моҳи дигар бахши русӣ ва то ду моҳи дигар бахши форсии онро роҳандозӣ хоҳад кард.
Ба гуфтаи вай, масъулияти бахши тоҷикии ин хабаргузориро Хилватшоҳи Маҳмуд, хабарнигори тоҷик, ки қаблан дар Радиои Имрӯз ва Телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон фаъолият кардааст, ба дӯш дорад.
Дар зимн, ба иттилои созмондиҳандагони хабаргузории ҷадиди "Озодагон", ин расона ду моҳи қабл дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шуда, вале ба иллати ҳамоҳангӣ дар сабти номи он бо Вазорати фарҳанг роҳандозии он ба таъхир афтодааст.
Ин расона ду моҳи қабл дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шуда, вале ба иллати ҳамоҳангӣ дар сабти номи он бо Вазорати фарҳанг, роҳандозии он ба таъхир афтодааст...