Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти зиндонбонҳои боздоштгоҳи КДАМ


Додгоҳ чаҳор зиндонбонро барои фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ маҳкум кард.

Ҷараёни мурофиаи додгоҳии ин афрод пушти дарҳои баста сурат гирифта ва танҳо шаби чаҳоруми апрел Шабакаи аввали телевизони давлатии Тоҷикистон натиҷаи онро эълон кардааст.
Аз 25 маҳбуси фирорӣ 14 тани онҳо боздошт, се нафари онҳо дар муқобила бо нерӯҳои амниятӣ кушта ва 8 нафар аз ин маҳбусони фирорӣ ҳанӯз дар озодӣ қарор доранд...


Бар пояи ин хабар, муовини собиқи боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Саидулло Бердиев ва муҳофизи амниятӣ Сӯҳроб Акбаров ба мӯҳлати 8,5 солӣ маҳкум шудаанд.

Ҳамчунин, зиндонбон Саидалӣ Саидов ба муддати ду сол ва барои саҳлангорӣ навбатдори боздоштгоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар дохили он воқеъ аст, ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Шаби 22-юм ба 23-юми августи соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, дар маркази шаҳри Душанбе, фирори 25 маҳбус сурат гирифт, ки миёни онҳо панҷ шаҳрванди Русия, чор шаҳрванди Афғонистон, ду шаҳрванди Узбакистон ва 14 шаҳрванди Тоҷикистон буданд.

Дар пайи ин фирори дастҷамъона раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, раиси собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов ва муовинонашро барканор кард ва Саймӯъмин Ятимовро раҳбари ин ниҳод таъйин намуд.

Бо ин ҳол, аз 25 маҳбуси фирорӣ 14 тани онҳо боздошт, се нафари онҳо дар муқобила бо нерӯҳои амниятӣ кушта ва 8 нафар аз ин маҳбусони фирорӣ ҳанӯз дар озодӣ қарор доранд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нимаи дувуми моҳи марти соли ҷорӣ мурофиаи 9 фирории зиндони Кумитаи амнияти миллиро оғоз кард. Мақомот мегӯянд, дар қатори 9 зиндонии фирорӣ, 2 нафари дигар-сокинони Исфара ва Истаравшан, аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон, ки ба Ҳикматулло Азизов (Кӯри Малиш), Баҳром Орифҷонов ва се афғон дар шарқи Тоҷикистон пайваста будаанд ва дар Афғонистон боздошт шуданд, низ ҳамҷавобгари фирориён дар мурофиа мебошанд.

Ин афрод барои фирор аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ, куштор, бандитизм, нигаҳдории аслиҳа, роҳзанӣ, дуздӣ, тасарруфи яроқи оташфишон муттаҳам мешаванд.

Пасманзари воқеа ва таҳаввулоти пешина:


Гурези бемисл аз маҳбаси Душанбе


Додситонӣ дар робита ба фирори маҳбусон парванда боз кард

Ҳодисаи сарнавиштсоз барои раёсати Кумитаи амният

Ифтитоҳи парванда алайҳи кормандони боздоштгоҳ

XS
SM
MD
LG