Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киҳо дипломат шуданд?


Озмун барои ишғоли ҷойҳои холии маъмурӣ- хизматӣ- дипломатӣ дар вазорати корҳои хориҷӣ ба охир расид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар, барои 22 ҷойи холии корӣ, 79 довталаб ҳуҷҷат пешниҳод намуданд, ки 3 нафар довталаб аз даври аввали озмун нагузашта ва боқимонда 76 нафар иштирок карданд.

Шарифхон Қаландаров, муовини сардори раёсати кадрҳо дар вазорати корҳои хориҷӣ ба Озодӣ гуфт, ки аз ин теъдод, ҳамагӣ 8 нафар ба кор қабул шуда, 7 нафар барои таҳсил ба Академияи дипломатии вазорати корҳои хориҷи Русия ва 2 нафар барои коромӯзӣ пешниҳод шудаанд.

ДИПЛОМАТ БОЯД ЗАБОНИ ДАВЛАТИРО ДОНАД

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Давлат Назрӣ, сӯхангӯи вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, ки дар озмун довталабоне қабул карда мешаванд, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ донанд. Афзун бар ин, бо забони русӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ сӯҳбат карда тавонад. «Маълумоти дипломатӣ дорад ё надорад, агар дар озмун иштирок кунад ва гузарад, вай корманди вазорати корҳои хориҷӣ мешавад. Дар ВКХ шахсоне ҳастанд, ки бо ихтисоси муаллим, иқтисодчӣ бо назардошти он, ки забони хориҷӣ медонанд ва ба талаботҳои озмун ҷавобгӯ мешаванд, кор мекунанд.»

Оқои Назрӣ мегӯяд, ки ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, ҳолатҳои номувофиқатии номаи камоли довталабон буданд. Ва бо ин сабабҳо ҳуҷҷатҳои иддае аз довталабон аз марҳилаи ибтидоӣ баргардонида шуданд. Вай мегӯяд, ки озмун чандон душвор нест ва аз довталабон ба ғайр аз имтиҳони забондонӣ, иншо ё имло дар мавзӯъҳои мухталиф гирифта мешавад. Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, довталабон бояд маълумоти олӣ дошта бошанд ва дигар маҳдудияти дигаре вуҷуд надорад.

Баъди гузаштани озмун, онҳо ҳамчун мутахассис ба кор оғоз мекунанд ва баъди гузаштан аз аттестатсия ё санҷиш ,метавонанд унвони атташе касб кунанд.

ҶАВОНОН "БАХТОЗМОӢ" МЕКУНАНД

Феълан дар Тоҷикистон, Донишгоҳи Миллӣ ва Славянии Русия дипломат тайёр мекунанд. Назира Қаюмзод, хатмкардаи шӯъбаи муносибатҳои дипломатии Донишгоҳи Миллӣ нияти дипломат шудан доштааст. Ӯ ду дафъа кӯшиш кардааст, ки тариқи озмун ба ВКХ ба кор дарояд аммо ӯро аз сабаби он, ки забони англисиро комил намедонад, ба кор қабул накардаанд. «Ният доштам, аммо нашуд. Дигар ин, ки дар мо то ҳол ба мафҳуми дипломат ва шинохти он фаҳмиш намерасад. Ҷавонҳо ба ин кор чандон таваҷҷуҳ надоранд.»

Ҷамшед, ҷавони дигар, ки донандаи забони хитоӣ ва англисӣ аст, мегӯяд: «Маро ҷураҳоям ҳамин қадар пешниҳод карданд, ки рафта иштирок кунам, накардам. Аммо як ҷураам ба азобе дохил шуд, вале маошаш, ки номуносиб буд, баъди чанд моҳи кор кардан аз кор рафт»

Ин суханонро сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ Давлат Назрӣ тасдиқ намуда, мегӯяд, буданд ҳолатҳое, ки ҷавонон баъди аз озмун гузаштан бо сабаби камии маош, тарки кор карданд.

ОЁ ОЗМУН МУНСИФОНА БУД?

Дар ҳоле, ки иддае аз ҷавонон аз мунсифона нагузаштани озмун изҳори нигаронӣ мекунанд, Давлат Назрӣ мегӯяд, ки то ҳол шикояти хаттӣ нисбати ғайримунсифона доир шудани озмун ба вазорат ворид нашудааст.

Иддае дигар аз ҷавононе, ки дар озмуни ВКХ иштирок кардаанд, мегӯянд, ки ҳуҷаттҳои онҳо бо “ҷурм”-и он, ки собиқаи корӣ дар ташкилотҳои хориҷӣ ё номаи камоли кишварҳои исломиро доранд, бо шаклҳои дигар пас гардонида шудааст. Аммо дар ВКХ рух додани ин ҳолатро рад карданд.

ДИПЛОМАТ СИМОИ МИЛЛАТ АСТ

Савфат Бурҳонов, хабарнигори тоҷик бар ин назар аст, ки ВКХ як ниҳоди бонуфуз ва оинаи давлатдории миллат аст . Ӯ меафзояд, ки дар инҷо бояд маҳалгароӣ ё дигар критерияҳо амалӣ нашавад. Ҷаноби Бурҳонов мегӯяд, ки раванди озмунҳо дар сохторҳои давлатӣ нишон дод, ки ин як шакли худнамоӣ аст. Аксарияти корхонаҳо пешакӣ кадрҳояшонро мушаххас мекунанд, баъдан барои иҷрои талаботи қонун озмун эълон мекунанд, аммо дар асл кори худро анҷом медиҳанд.

Айни ҳол 40 дарсади ходимони кунунии ВКХ ҷавонон мебошанд ва ба гуфтаи роҳбарияти ин ниҳод, ҷавонгароӣ баъди вазир таъин шудани Ҳамроҳхон Зарифӣ роҳандозӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG