Раиси маҳаллаи Якуми Майи ҷамоати Қӯштеппа Тутихон Саъдуллоева ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз соати 8-и субҳ ба ин тараф дар назди вазорати кишоварзӣ мунтазири Қосим Қосимов, узви Кумиссияи ҳукуматӣ оид ба қазияи Қуштеппа ва ҳамзамон вазири кишоварзӣ ҳастанд.
ТАХРИБИ МАНЗИЛҲО ИДОМА ДОРАД...
Вай мегӯяд, пас аз пешниҳоди аризаи қуштеппагиҳо ба дастгоҳи раёсати ҷумҳур, бо дастури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон кумиссияи ҳукуматӣ дар ҳайати вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ва Додситони кулл Шерхон Салимзода ва дигарон созмон дода шуд. Лекин онҳо ягон маротиба ба Қуштеппа наомаданд ва ба президент гузориш додаанд, ки гӯё дар Қуштеппа ба ҷуз як манзил, дигар замини ҳамвор ҳаст. Ҳол он, ки дар онҷо 22 манзили зист мебошад.
Ин дар ҳолест ки рӯзи ҷумъаи 1-уми апрел ҳудуди 40 нафар занони норозии ҷамоати Қӯштеппа дар назди Қасри раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷамъ омада тақозои баррасии масъалаи манзили тахрибшудаашонро карда буданд. Зеро ҳамакнун се рӯз мешавад, ки бо дастури додситонии ноҳияи Рӯдакӣ тахриби манзилҳои сокинони ҷамоати Қуштеппа дубора шурӯъ шудааст. Агар ду рӯз пеш деворҳои атрофи манзилҳо хароб карда шуда бошад, имрӯз пойдевори хонаҳо тахриб карда шудаанд.
ДОДХОҲИИ СОКИНОН АЗ РАИСИ ҶУМҲУР
Тутихон Саъдуллоеева гуфт, рӯзи ҷумъа Олуфта Бодурова, мушовири президент оид ба рушди ҷомеа ва робитаи иҷтимоӣ онҳоро қабул намуда пас аз ошноӣ бо ҳуҷҷатҳои манзилҳо, тақозо кардааст, ки ба унвони роҳбари Дастгоҳи президент нома бинависанд ва хоҳиш кунанд, ки аз харобкории манзилҳо бозистанд:
«Бале, нома ба Матлубхон Давлатов дода шудааст ва аз тарафи ӯ дастур дода шудааст, ки макомоти ноҳияи Рудакӣ аниқтараш додситонии ноҳия аз амали тахрибкории манзили қуштеппагиҳо то замони баррасии номаи занони Қуштеппа бозистанд. Мо ба додситонии ноҳия ин дастурро ба таври шифоҳӣ расонидем, вале онҳо дар посух гуфтанд, ки ин амри раиси ҷумҳурӣ аст ва ба чаппа кардани деворҳо идома дода истодаанд.»
Мушовири раиси ҷумҳур Олуфта Бодурова дар ин муддат ҳамроҳи занони норозӣ аст ва барои зудтар ҳал шудани масъала мусоидат дорад. Вақте, ки мо хостем бо хонум Баҳодурова тамос бигирем, вай ҳозир нашуд ба суолҳои мо посух диҳад.
Ба қавли занони норозӣ, онҳо ба увони президент дар масъалаи мазкур барои саввумин бор нома менависанд, вале масъалаи Қуштеппа ҳамоно ҳалношуда боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи онҳо, дар ин навбат кормандони додситонии ноҳия ҳамроҳи худ 40 мардикор оварда ва хишту маводи дигари сохтмонҳо, аслан деворҳои атрофи манзилҳоеро, ки соҳибонашон хабар надоранд, бо худ ба куҷое мебаранд.
Тутихон Саъдуллоеева мегӯяд, ки бо ариза ба Додгоҳи иҷтисодӣ муроҷиат кардаанд вале дар ҳама ҷо онҳоро ноумед карданд. Ҳоло ду нафар соҳибони хонаҳо, як мард ва як зан бар асари сактаи дил дар беморхонаҳо бистарӣ шуданд.
Сокинони маҳаллаи Қӯштеппа мегӯянд, ки дар соли 2006 бо иҷозаи расмии Додситонии кулл ва бо фармони раиси ҷумҳур ба сохтмони манзилҳои худ оғоз кардаанд. Бино ба ин гуфтаҳо, дар соли 2006 дар майдони 15 ҳектор замин, ҳудуди 100 оила барои худ манзили зист бунёд кардаанд.