Бархе аз коршиносон ин иқдоми Русияро ба ҳолати нигаронкунандаи демографии ин кишвар рабт медиҳанд. Вале ба гуфтаи иддае дигар аз коршиносон, Русия дар ҳоли ҳозир ба нерӯи бештари корӣ ниёз дорад.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола танҳо аз Тоҷикистон ҳудуди 800 ҳазор нафар муҳоҷирони корӣ ба Русия мераванд ва тасвиби консепсияи ҷадид, ки квотаро аз байн мебарад, боис ба афзоиш ёфтани муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон дар Русия хоҳад шуд.
БАҲОРУ МУҲОҶИРАТИ КОРӢ
Баҳор мавсими муҳоҷирати корӣ ба Русия аст ва Манучеҳр Саидов, ҷавони 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки ду моҳе пеш аз Маскав баргашта буд, дубора озими сафар ба ин кишвар шудааст. Вай мегӯяд, ҳоло кор ёфтан дар Русия нисбат ба чанд соли пеш мушкилтар шудааст, вале мушкили бекорӣ дар Тоҷикистон аз он ҳам мушкилтар аст.
"Билетро харидам, агарчӣ кор ёфтан дар Русия мушкил шудааст. Зеро онҳо бештар мутахассисонро ба кор мегиранд. Ба иловаи ин, моҳонаи кам медиҳанд. Барои мисол, дар як моҳ 15 ҳазор рубли русӣ медиҳанд, ки муодили 500 доллар аст. Пули хуб дар сохтмон аст. Дар мағозаҳо низ ба унвони боркаш кор кардан мумкин",-афзуд ҳамсӯҳбати ҷавони мо.
"БАХТ АЗ ТАВАККАЛ"?
Ин танҳо Манучеҳр нест, ки нияти дубора ба Русия рафтанро дорад. Имрӯзҳо дар саҳни фурудгоҳ ва истгоҳи роҳи оҳани Душанбе даҳҳо шаҳрванди кишварро дучор омадан мумкин аст, ки дар даст билет азми сафари Русияро доранд.
Шояд дар ин сафар бахти онҳо баландӣ кунад ва соҳиби кори хубе шаванд. Зеро давлати Русия гуфтааст, ки аз бӯҳрони молӣ ба хубӣ раҳо шуда ва мехоҳад барномаҳои пасмондаро дубора рӯи даст мегирад.
Ин аст, ки мансабдорони Русия гуфтаанд, мавқеи худ дар қиболи муҳоҷирони кориро тағйир медиҳанд ва кору фаъолияти онҳоро дар қаламрави кишвар содатар мекунанд.
"ҲИММАТ"-И ШАҲРДОРИ МАСКАВ
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, аз раҳбарони муассисаву ташкилот ва ширкатҳо тақозо кард, ки ба муҳоҷирони корӣ дар Маскав моҳонаи хуб баробари шаҳрвандони Русия бидиҳанд ва ҳуқуқҳои онҳоро муроот кунанд.
Музаффар Зарифов, раиси Маркази "Муҳоҷират ва Рушд" дар Тоҷикистон, ин иқдоми Русияро чунин тавзеҳ дод, "аз як тараф ин иқдоми Русия ҳолати ногувори демографиро ҳал кунад, аз сӯи дигар нерӯи кории муҳоҷирон пешрафти иқтисоди ин кишварро таъмин мекунанд. Дар ҳоле ки иқтисоди Русия ба неруи кор ниёз дорад. Теъдоди шаҳрвандони тоҷиктабори Русия дар даҳ соли ахир ҳудуди 130 ҳазорро ташкил медод ва ҳоло ду баробар афзоиш ёфтааст, ки ба нафъи Русия ва Тоҷикистон аст."
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Манучер Саидов, сокини Душанбешаҳр, дар ин авохир масъалаи дарёфти муҷаввизи кор дар Русия, номнавис шудан дар идораҳои пулис мушкили зиёде надорад.
ПОЁНИ МУҲОҶИРАТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ?
Вай афзуд, "коғаз (манзур регистратсия) дошта бошӣ, мушкил нест, агар надошта бошӣ пул медиҳӣ. Қоғазгирӣ мушкил нест, баробари расидан бигирӣ 1,5 ҳазор рубли русӣ, агар дертар бигирӣ 3 ҳазор рубл месупорӣ. Кор, ки пайдо кардӣ омада, аз идораи муҳоҷират муҷаввизи кор мегирӣ."
Ин дар ҳолест, ки ахиран Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазодистон дар бораи тарҳрезии механизми идораи муҳоҷират тавоҷуқ карданд. Музаффар Зарифов, раиси маркази "Муҳоҷират ва Рушд", далели ин тавофуқро чунин шарҳ дод ва гуфт, "ду соли ахир мо бо Қазоқистон дар ҳамин масъала гуфтугӯ доштем, ки сиёсати муҳоҷирати Қазоқистон ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат мекунад. Зеро давлат иҷозати корро ба кордиҳанда ҳавола кардааст ва бино ба омори дар дастдоштаи мо аз 15 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон танҳо 47 нафар иҷозати кор доштанд, яъне 90 дарсади муҳоҷирони корӣ дар Қазоқистон ғайриқонунианд. Ин тавофуқ ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ хотима медиҳад, ки ба нафъи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон аст."
Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, коршиносони Созмони Байналмилалии Муҳоҷират низ иқдоми ҷадиди Русияро ба нафъи муҳоҷирони корӣ ва ҳамчунин худи давлати Русия медонанд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, коршиносони Созмони Байналмилалии Муҳоҷират низ иқдоми ҷадиди Русияро ба нафъи муҳоҷирони корӣ ва ҳамчунин худи давлати Русия медонанд...