Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талко тавлиди алюминиюмро коҳиш додааст


То моҳи сентябри соли ҷорӣ ду таркиби гилхоки алюминий дар Тоҷикистон тавлид хоҳад шуд.

Масъулини ширкати Талко мегӯянд, бо такмил шудани сохтмони корхонаи тавлиди криолит барномаи гузаштан ба истифодаи ашёи хоми дохилӣ оғоз хоҳад шуд.
Ин корхона ҳанӯз муҳимтарин корхонаи саноатии давлат аст, аммо дар тӯли ҷанги дохилӣ ва баъди он, чанд гурӯҳи мусаллаҳ фаъолияти молии онро ба навбат таҳти назар доштанд...


Як ширкати тавлидкунандаи мошинолоти сангини чинӣ бо номи Корпаратсияи миллии мошинсози сангини Чин сохтмони ин корхонаро дар заминаи корхонаи кимиёвии Ёвон оғоз карда, то чанд моҳи дигар он мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

АШЁИ ХОМ БАРОИ ТАЛКО

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирфитани ин корхона ду компоненти аслӣ аз шаш таркиби гилхоки алюминий барои ширкати Талко дар дохили Тоҷикистон тавлид хоҳад шуд.

Насриддин Сироҷов, сардори Департаменти рушди ин ширкат гуфт, ҳадафи аслӣ аз сохтмони ин ду коргоҳ бо ашёи хоми ватанӣ таъмин кардани Корхонаи тавлиди алюминии Тоҷикистон унвон шудааст: "Ин корхона солона иқтидори тавлиди 30 ҳазор тонна криолит ва фтори алюминийро хоҳад дошт. Зарурати тавлиди ин ду таркиби гилхоки алюминий аз он иборат аст, ки феълан онро Тоҷикистон бо харҷи зиёде аз хориҷа ворид мекунад. Аммо дар шароити Тоҷикистон чунин манбаъҳое вуҷуд доранд ва ҳадаф аз чунин барнома таъмини тавлидоти корхонаи алюминиюми тоҷик ба чунин ашёи хом аст."



Аммо дар воқеъ оё Тоҷикистон захоире ба чунин адоза, ки имкони таъмини тавлиди алюминиюмро ба ашёи хоми дохилӣ, ҳадди ақал ба фтори алюминий ва криолит таъмин кунад, дар ихтиёр дорад ва имкони коркарди ин маъданҳо то куҷо амалӣ аст?

ЗАХИРАҲОИ ФЛИОРИТ

Зуҳур Ёров, аз заминшиносони саршноси тоҷик, дар ин маврид мегӯяд, "дар Тоҷикистон бештар аз даҳ майдони флиорит мавҷуд аст. Аз ҷумла, майдонҳои Такоб, Зарафшон, Алтинтопкан ва Адрасмон аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо ҳастанд. Захираи флиорити Такоб ҳудуди 1 миллиону 400 ҳазор тонна аст."

Аммо масъалаи асосӣ, ба гуфтаи Зуҳур Ёров феълан сармоягузории коркарди ин конҳо аст. Ӯ мегӯяд, аз ин даҳ майдон танҳо дар якеи онҳо кор идома дорад: «Ҳеҷ яке аз ин майдонҳо феълан истихроҷ намешаванд. Албатта, ба ҷуз аз Такоб. Ин ҳама барномаҳо ба сармоягузорӣ ва кашфу истихроҷ ниёз доранд.»

Ба гуфтаи Насриддин Сироҷов, қарор аст то моҳи сентябр корхонаи тавлиди криолит ва фтори алюминий мавриди истифода қарор бигирад.

Барои роҳандозии ин корхона 30 миллион доллар масраф хоҳад шуд. Аммо барои иҷрои барномаи комили гузаштан ба ашёи хоми дохилӣ барои таъмини Талко роҳандозии тавлиди гилхок зарур аст, ки барои анҷоми комили он ба бештар аз як миллиард доллар сармоягузорӣ ниёз аст.

МУХОЛИФАТҲОИ УЗБАКИСТОН
Ҳаҷми муомилоти пулии ин корхона солона бештар аз як миллард долларро ташкил медиҳад, аммо роҷеъ ба саҳми он дар буҷаи давлат арқоми мухталифе нашр мешавад...


Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон чунин имконеро дар ихтиёр надорад ва гузашта аз ин, ба фаъолияти корхонаи алюминиюми Тоҷикистон кишвари Узбакистон, ки таъминот ва содироти ин корхона аз қаламрави он анҷом мешавад, мухолиф аст.

Ба гуфтаи раҳбарони ширкати Талко дар як моҳи ахир тавлиди алюминиюм дар Тоҷикистон коҳиш пайдо кардааст. Онҳо мегӯянд, бӯҳрони энержии чанд ҳафтаи ахир боис шудаааст, ки тавлиди алюминиюм рӯзона 100 тонна кам шавад.

"Талко" ё дар гузашта корхонаи Алюминиюми Тоҷикистон - ТадАз дар соли 1975 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бузургтарин корхонаи тавлиди алюминиюм дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳаҷми муомилоти пулии ин корхона солона бештар аз як миллард долларро ташкил медиҳад, аммо роҷеъ ба саҳми он дар буҷаи давлат арқоми мухталифе нашр мешавад.

ТАЛКО ВА НОРӮШАНИҲО

Бархе иқтисоддонҳо мегӯянд, вобаста ба чунин ҳаҷми муомилот, "Талко" бояд андози бештаре ба буҷа ворид кунад. Ин корхона ҳанӯз муҳимтарин корхонаи саноатии давлат аст, аммо дар тӯли ҷанги дохилӣ ва баъди он, чанд гурӯҳи мусаллаҳ фаъолияти молии онро ба навбат таҳти назар доштанд.

Аз соли 2004 ба ин сӯ миёни раҳбарони собиқи ин корхона ва давлати Тоҷикистон бар сари фаъолиятҳои молии "Талко" дар додгоҳҳои байналмилалӣ баҳси доманадоре идома дошт, ки дар натиҷа ба тавофуқи тарафҳо хотима ёфт, аммо шароити ин тавофуқ то кунун махфӣ дошта мешавад.

Ҳамчунин, расонаҳои гурӯҳӣ ва мухолифон баҳсҳоеро роҷеъ ба ношаффофии фаъолиятҳои молии "Талко" матраҳ кардаанд.
XS
SM
MD
LG