Боздошти Сангов 1-ум март бо ширкати ходимони пулиси ноҳияи Сино ҷараён гирифт ва баъди чанде ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони қарияи Боло интиқол ёфт.
БОЗДОШТЕ, КИ БА МАРГ АНҶОМИД
Баъди ин Сангов дигар ба ҳуш наомад ва 5 март дар бемористон аз дунё гузашт. Хонаводаи Сангов мегӯянд, ки ходимони пулис Сафаралиро, ки гӯё бо худ маводи мухаддир дошт, бераҳмона лату кӯб карданд ва дар ҳоли нимҷонӣ ба бемористон бурданд. Мақомоти шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1, ки дар ибтидо гуфтанд Сангов худро аз тиреза партофтааст, акнун иддао доранд, ки Сангов худро ба “дару девор” зада маъюб кардааст. Ҳоло бисёриҳо мехоҳанд бидонанд, ки ташхиси ҷасади Сангов чӣ натиҷа дод ва сарнавишти ходимони пулис чи хоҳад шуд?
Таҳмина Ҷураева, муовини раҳбари Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният гуфт, ки аз ин ба баъд, ҳуқуқи хонаводаи Санговро барои дастрасӣ ба адолат, вакили мудофеъ Гулчеҳра Холматова дифоъ мекунад. Гулчеҳра Холматова, ки ҳоло ба омӯзиши қазия шурӯъ кардааст дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо интизори натиҷаи ташхисии тибии вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳастанд
Додситони кулли Тоҷикистон нисбати ин қазия парванда боз кардааст ва додситониии шаҳри Душанбе супориш гирифтааст, ки ба шикояти хонаводаи Сангов ҳарчи сереътар расидагӣ кунад. Дар номаи додситонии кул унвонии додситонии шаҳр омадааст : «дар рафти тафтиши парвандаи ҷинояти ҷабрдида Ҳикматоваро ҳаматарафа санҷида гунаҳкоронро ба ҷавобгарии ҷинояти кашида барои тезтар ба суд фиристодани парвандаи ҷиноятӣ ҳамаи чораҳои пешбининамудаи қонунро бинед ва аз натиҷааш ба додситон хабар диҳед.»
ОМБУСТМЕН ҲАМ ҚАЗИЯРО ЗЕРИ НАЗАР ДОРАД
Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон низ мегӯяд, ки ҷараёни қазияи мазкурро зери назорати қатъӣ дорад. Ба гуфти Зариф Ализода, Ваколатдори ҳуқуқи инсон, барои ошкор шудани ҳақиқати ҳол, сӯҳбатҳо бо хонаводаи Санговҳо ва ҳамоҳанги бо ниҳодҳои марбута анҷом шудааст.
Дар шаҳодатномаи марги Сафари Сангов иллати ҳалокати ӯ «хунрезии дар зери пардаи мулоими мағзи сар ва садамаи пушидаи ҷум-ҷума ва мағзи сар» нишон дода додааст.
САБАБИ МАРГИ САНГОВ ЧИСТ?
Аммо Муҳаббат Юлдошева, табибе, ки ҷасади Сафарали Санговро ташхис карда буд мегӯяд, хулосаи ташхис омода шудааст ва гуфта мешавад, ки Сангов аз зарба ҷароҳат бардоштааст ва ҳамин зарбаҳо ба марги ӯ сабаб шудаанд. Муҳаббат Юлдолшева бо ишора ба натиҷаи ташхис илова кард, ки “ акнун таъмини адолат ва ба ҷавобгари кашидани ҷинояткорон дар салоҳияти додситонӣ аст ва хоҳем дид, ки онҳо то куҷо аз қонун дифоъ мекунанд.”
Сарвиноз Сангова, ҳамсари Сафаралӣ Сангов ба думболи ҳалокати ҳамсараш изҳор дошт, ки барои расидан ба адолат ва муҷозоти қотилони шавҳараш то ба охир мубориза хоҳад бурд.
ДОДХОҲИИ ХОНАВОДАИ САНГОВ
Хонаводаи Санговҳо номаҳоеро ба унвони Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳур ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ирсол карда ва аз онҳо хостаанд, ки рафтори кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, як ниҳоди ба истилоҳ “чашму гуши” давлатро хубтар назорат кунанд. Зеро мегӯяд хонум Сангова, ходимони пулис бо мардум рафтори номуносиб доранд ва эътимоди мардум ба давлатро аз байн мебаранд.
Аммо Вазорати корҳои дохили Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрванд Сангов рӯзи 1-уми март бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд ва ҳангоми эълони ҷурм, худкушӣ кард.