Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи узвияти Рустами Эмомалӣ дар ҲХДТ


Узвияти Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҲХДТ қатъ карда шуд.

Масъулони ин ҳизб мегӯянд, ки ин тасмим дар пайи таъйини Рустами Эмомалӣ ба раҳбарии яке аз раёсатҳои Идораи гумруки Тоҷикистон гирифта шудааст.
Рустами Эмомалӣ қабл аз таъиноташ ба ин мақом, яке аз раёсатҳо дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард...


Бар пояи қонунҳои кишвар, нафари низомӣ наметавонад узви ҳизбӣ сиёсӣ бошад. Ҳамчунин, қарор аст, ваколатҳои Рустам ба сифати вакил дар Маҷлиси шаҳри Душанбе низ пеш аз мӯҳлат қатъ шавад.

Ҳамакнун Рустами Эмомалӣ ба унвони як фарди низомӣ соҳиби рутбаи майор шуда, сарварии раёсати мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама "ҷойивазкуниҳо" дар мақому мансаб, Рустам дар ягон маҳфил ва расонае сӯҳбати оммавӣ надоштааст.

РУСТАМ БА ВАО ДАСТРАС НЕСТ?

Фазлиддин Асозода
Пас аз он ки Рустами Эмомалӣ ба вазифае баландтаре дар Кумитаи гумруки Тоҷикистон таъйин гардид, шахсияти ӯ дубора ба мавзӯи рӯзи расонаҳо табдил ёфт. Нашрияҳо дар бораи ӯ матолиб ба нашр расонида ва ҳатто яке аз онҳо навишт, ки "ояндаи Рустам дурахшон аст".

Вале бо ин вуҷуд, Рустам на аз тариқи ин расонаҳо, на аз минбари ҲХДТ ва ҳамин тавр Маҷлиси шаҳри Душанбе сӯҳбату суханронӣ надоштаст. Ва чунин хамӯшӣ ва сукути ӯ боис шудааст, ки суолҳо дар мавриди ҳунар ва маҳорату дониши ӯ халқ шавад.

Фазлиддини Асозода, муҳаррири нашрияи "Пайкон" мегӯяд, дуруст аст, ки нашрияҳо мехоҳанд бо чопи акс ва матлаб дар бораи Рустам, таваҷҷӯҳи харидорро ҷалб кунанд ва моли худро бозоргир созанд: "Аммо ин мавзӯъ он қадар бозоргир нест. Сабаби харидор наёфтани ин гуна матолиб дар он аст, ки аз забони худи Рустами Эмомалӣ ҳарфе баён намешавад."

Ҳамакнун Рустам аз арсаҳои сиёсати оммавӣ яъне Маҷлиси шаҳри Душанбе ва ҲХДТ канор рафта табдил ба як фарди низомӣ ва иҷрогар табдил меёбад. Ба бовари бархе аз коршиносон, то кунун Рустам дар доираи ҳамон ягона имтиёз, яъне "писари президент" боқӣ мондааст.

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик,мегӯяд, барои Рустам шонс ва шароити хуби матраҳ карданро ба вуҷуд оварданд. Аммо ӯ аз доираи маҳдуди дӯстону рафиқонаш берун набаромад ва ҳеҷ амале ҳам зоҳир накард, ки завқу талоши ӯро ба сиёсат намоён кунад: "Дар бораи зарфиятҳои Рустами Эмомалӣ ва шахсиятҳои дигаре, ки аз оилаҳои онҳо ба мансабҳои калидии ҳукуматӣ мақом ёфтанд, ҳеҷ гоҳ ягон сӯҳбаташонро надидаем. Пас, гуфтан мумкин аст, ки шояд раҳбарияти кишвар ба хулоса омаданд, ки аз он ки инҳо шахсиятҳои матбуотиву ҷамъиятӣ бошанд, набуданашон беҳтар аст."

"РУСТАМ БО ТАЛОШҲОИ ХУД БА ИН МАҚОМ РАСИДААСТ"

Онҳое, ки аз наздик бо Рустам ошноӣ доранд намехоҳанд дар бораи ӯ чизе бигӯянд. Вале Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи иттиллоот ва таблиғоти ҲХДТ мегӯяд, Рустам бо талошҳои худ ба ин мақому мартаба расидааст.

Оқои Солеҳ бо ёдоварӣ аз ҷаласаҳои ҲХД гуфт, ки Рустам дар онҳо иштирок ва суханронӣ мекард. Вале аз онки вай намехоҳад бо расонаҳо сӯҳбат кунад, нишонаи заъфи донишу маҳорати ӯ набуда, далели масруфияти зиёди ӯ ба корҳои ҷамъиятист.

Рустами Эмомалӣ қабл аз таъиноташ ба ин мақом, яке аз раёсатҳо дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Ба бовари бархе аз коршиносон, тағйири зуд-зуди вазифаҳои ӯ имкон медиҳад, ки Рустам бо корҳои амалӣ ошноии бештар дошта бошад, вале аз тарафи дигар боис мешавад, ки ӯ бештар матраҳ бишавад.
XS
SM
MD
LG