Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи 27-уми март бо эълони санаи ид гуфтааст, ин тасмим бар асоси "ҳисоби илмӣ" гирифта шудааст. “Вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 6:45 дақиқа муайян шудааст”- омадааст дар қарори ин ниҳод.
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо имомхатибони кишварро вазифадор кардааст, ки мардумро ба пешгирӣ аз исрофкорӣ ва амалкарди сарфаҷӯёна дар рӯзҳои ид ташвиқ кунанд. Таъкид шудааст, ки худи имомхатибон бояд дар ин маврид “намунаи ибрат бошанд.”
Дар идҳои гузашта мақомот монеи идгардаки кӯдакон шуда, барои густурдани дасторхони калону бодабдаба ҷарима таъйин карда буданд.
Шӯрои уламо, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон нисоби закотро 36 ҳазор сомонӣ таъйин кардааст. Аз ин пул бояд 900 сомонӣ закот дода шавад. Фитри рӯза барои як нафар 8 сомонӣ муайян шуда буд.
Иди Рамазон дар Тоҷикистон маъмулан истироҳатӣ аст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, барои зиёрати оромгоҳи гузаштагону дидани хешутабор мераванд.