Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин ҷамъомад дар доираи омодагии дастаи мунтахаби кишвар ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 сурат гирифт. Футболбозони навраси тоҷик дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Дубай бо ҳамсолонашон аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона баргузор карданд.
Бозии аввали дӯстона миёни футболбозони навраси то 17-солаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Тоҷикистон, ки 26-уми декабр доир гардид, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаро ҳамлагари дастаи ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе Фирӯзҷон Шарифов ба самар расонд.
Дар бозии дуюми дӯстона, ки 28-уми декабр доир гардид, мизбонон бо ҳисоби 1:0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Дар ин дидор нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Парвиз Бобоназаров натавонист тӯбро аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонад.
Бояд гуфт, ки бозиҳои дӯстона дар Дубай барои наврасони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 буд, ки аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳ 23-юми январ дар қуръакашии мусобиқот маълум мешаванд.
Бояд зикр намуд, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби Гуамро бо ҳисоби 33:0, дастаи мизбон – Сингапурро бо ҳисоби 3:1 ва тими Умонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, дар ҷадвали гурӯҳи «J» бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳхат гирифт.
Футболбозони навраси тоҷик пеш аз иштирок дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2025», ки аз 15-ум то 21-уми феврал дар шаҳри Мински Беларус баргузор мегардад, ширкат меварзанд. Дар ин мусобиқаи анъанавии байнулмилалӣ иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон дар назар аст.