Ҳаррис ин суханонро рӯзи 29-уми октябр дар гирдиҳамоии ҷонибдоронаш дар назди Кохи Сафед баён дошт.
Ӯ ваъда дод, ки “раисҷумҳури тамоми амрикоиҳо” хоҳад буд.
Созмондиҳандагонаш гуфтанд, ки дар гирдиҳамоӣ ҳудуди 75 ҳазор кас ширкат дошт, вале ин рақам аз тарафи пулис ва нозирони мустақил таъйид нашудааст.
Бино ба гузоришҳо, ҷонибдорони Ҳаррис дар боғе ҷамъ омаданд, ки чаҳор сол пеш Доналд Трамп суханронӣ карда буд.
Рӯзи 6-уми январи соли 2021 тарафдорони Трамп ба бинои Капитолий ҳамла карданд, то монеи тасдиқи пирӯзии Ҷо Байден дар интихобот шаванд.
Интихоботи президентии Амрико рӯзи 5-уми ноябр баргузор хоҳад шуд.