Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Исроил ба ҳадафҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар дохили Эрон


Теҳрон, 26-уми октябри 2024
Теҳрон, 26-уми октябри 2024

Артиши Исроил хабар дод, ки рӯзи 26-уми октябр, дар посух ба ҳамлаҳои Эрон дар аввали моҳи ҷорӣ, ба ҳадафҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар дохили ин кишвар зарбаҳои “дақиқ” зад. Ҳоло амалиёт ба поён расидааст.

Телевизиони CNN бо такя ба манобеи худ гуфт, ки Исроил таъсисоти энержӣ ва ҳастаии Эронро нишон нагирифт.

Дар Эрон тасдиқ карданд, ки Исроил ба ҳадафҳои низомӣ дар Элом, Хузистон ва Теҳрон ҳамла кард ва ин ҳодиса хисороти андаке ба бор овард. Расонаҳои эронӣ гузориш доданд, ки садои таркиш дар шаҳри Караҷ, наздикии Теҳрон, низ шунида шуд.

Артиши Исроил дар баёнияе гуфт, режими Эрон ва “намояндагӣ”-ҳои он дар минтақа аз 7-уми октябри соли 2023 пайваста ба исроилиён ҳамла мекунанд. Дар ин баёния таъкид шудааст, ки Исроил ҳақ дорад ба мисли ҳар кишвари мустақили ҷаҳон ба ҳар гуна ҳамла посух диҳад.

Эрон дар аввали моҳи октябри имсол ба Исроил ҳамлаи мушакӣ анҷом дод. Дар он аз тақрибан 200 мушаки дурпарвоз истифода карданд. Эрон дар шаш моҳи охир бори дувум чунин амалеро анҷом дод.

Исроил он вақт гуфта буд, ки интиқом хоҳад гирифт. Ҳоло ҳам ҳушдор додааст, ки агар Теҳрон чораи ҷавобӣ андешад, бо вокуниши шадиди Телавив рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG