Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истифодаи сарбозони Кореяи Шимолӣ нишонаи заъфи Русия аст"


Сарбозони Кореяи Шимолӣ ба ҷанги Украина фиристода шудаанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед

Ҳузури сарбозони Кореяи Шимолӣ дар Русия ва эҳтимоли ширкати онҳо дар ҷанги зидди Украина ҷанҷолбарангез шудааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, далел дорад, ки воқеан ҳам сарбозони Кореяи Шимолӣ дар Русия ҳузур доранд. Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфт, ду воҳиди иборат аз сарбозони Кореяи Шимолӣ дар Русия барои ҷанг дар Украина омода мешаванд.

Чарлз Купчан, устоди равобити хориҷӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Тауни Амрико, гуфт: “Чунин ба назар мерасад, ки Кореяи Шимолӣ аз шарикии стратегӣ бо Русия... ба як тарафи ҷанг табдил меёбад. Ин талошҳо ба шакл гирифтани як Иттиҳод наздиктар аст.”

Кохи Сафед рӯзи 23-юми октябр ҳамкориҳои Кореяи Шимолиро бо Русия хатарзо ва ташвишовар номид. Ҷон Кирбӣ, сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед, гуфт, “на танҳо ин ба ҷанг дар Украина таъсир дорад, балки ба вазъ дар минтақаи Ҳинду Уқёнуси Ором низ бетаъсир нест. Ин ба фоидаи Ким Чен Ун аст.”

Мақомдори амрикоӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо Чин тамос гирифтааст ва мехоҳад, назари ин кишварро дар ин мавзуъ бифаҳмад. Ӯ ба Кореяи Шимолӣ низ ҳушдор дод.

Сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед афзуд: “Агар сарбозони Кореяи Шимолӣ дар ҷанги зидди Украина иштирок кунанд, ҳамла ба онҳо барҳақ аст."

Ҷон Кирбӣ гуфт, истифодаи сарбозони Кореяи Шимолӣ дар ҷанги зидди Украина нишонаи заъф ва ноумедии Русия аст: “Онҳо дар шароите қарор доранд, ки ба артиши бегона такя кардаанд. Ин нишонаи ноумедии артиши ин кишвар ва бовар надоштан ба худ аст. Нишонаи он аст, ки артиши ин кишвар дар ҳолати бад қарор дорад.”

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, рӯзҳои наздик алайҳи кишварҳое, ки ба ҷанги Русия дар Украина кумак мерасонанд, таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG