Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии "Истиқлол" ва "Равшан" ба бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои АFC


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб ба бозиҳои даври дуюми Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 омодагӣ мебинанд.

Дар даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “С”, ки рӯзи сешанбеи 1-уми октябр баргузор мешавад, «Истиқлол» дар сафар бо тими «Сипоҳон»-и Эрон рақобат хоҳад кард. Бозӣ дар варзишгоҳи «Фулодшаҳр»-и Исфаҳон соати 19:30 бо вақти маҳаллӣ (21:00 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол марҳилаи омодагии қаҳрамони Тоҷикистон дар қароргоҳи бошгоҳ, дар дараи Алмосӣ ҷараён дорад. «Истиқлол» бо раҳбарии Алишер Тухтаев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста, 29-уми сентябр ба Эрон сафар мекунад.

Дарвоқеъ, бошгоҳи футболи “Истиқлол” барои мухлисонаш дар якҷоягӣ бо fly.tj ба шаҳри Исфаҳон парвози чартериро роҳандозӣ кардаанд. Рӯзи парвоз: 29-уми сентябр, рӯзи баргашт: 2-юми октябр. Нархи сафар: 6999 сомонӣ.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми AFC -2024/25 аз тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 0:1 ноком шуда буд. Ин бозии даври аввали гурӯҳи “С” 17-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид. Голи ягонаро Муҳаммад Фирас Бен Арбӣ дар дақиқаи 72-юм ба самар расонд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «С» тими «Ал-Ваҳдат»-и Урдун дар майдони худ бар дастаи «Сипоҳон»-и Эрон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бояд зикр намуд, дар ин дидор футболбози тоҷик Ваҳдат Ҳанонов, ки дар тими “Сипоҳон” бозӣ мекунад, дар дақиқаи 9-уми бозӣ ҳисобро кушод.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “С” дастаҳои “Ал-Ваҳдат” ва “Шарҷа” бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб шудаанд. Дастаҳои “Сипоҳон” ва “Истиқлол” бидуни имтиёз мутаносибан дар зинаҳои сеюму чаҳорум қарор доранд.

Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25

Марҳилаи гурӯҳӣ. Даври аввал

Гурӯҳи “С”

«Истиқлол» - «Шарҷа» - 0:1

Гол: Муҳаммад Фирас Бен Арбӣ, 72

«Истиқлол»: Муҳриддин Ҳасанов, Кейта Сузуки, Алексей Ларин, Амирбек Ҷурабоев, Содиқҷон Қурбонов (Аҳтам Назаров, 90+5), Мэтю Миллар (Манучеҳр Ҷалилов, 78), Мурило Соуза (Димитар Митков, 83), Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов (сарвони даста), Шервонӣ Мабатшоев (Франческо Марҷиотта, 78), Рустам Соиров.

17-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 10250 тамошобин.

“Ал-Ваҳдат” – “Сипоҳон” – 2:1

Голҳо: Ваҳдат Ҳанонов, 9 (0:1), Гюэй Оуссейноу, 22 (1:1), Иброҳим Сабра, 55 (2:1).

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “С”

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

“Ал-Ваҳдат”

1

1

0

0

2-1

3

2

“Шарҷа”

1

1

0

0

1-0

3

3

“Сипоҳон”

1

0

0

1

1-2

0

4

“Истиқлол”

1

0

0

1

0-1

0

Даври дуюм

1-уми октябр (сешанбе)

19:00 - “Сипоҳон” – “Истиқлол”

19:00 – “Шарҷа” – “Ал-Ваҳдат”

БОЗИИ “РАВШАН” БО “АЛ-ВАКРАҲ”

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар даври дуюми мусобиқот, ки рӯзи чоршанбеи 2-юми октябр барпо мегардад, бо тими «Ал-Вакраҳ»-и Қатар рақобат мекунад. Ин бозии гурӯҳи “А” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 оғоз меёбад.

“Равшан” нахустин бозиашро дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 бо тими “Моҳун Баган”, қаҳрамони Ҳиндустон, бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дод. Ин бозии даври аввали гурӯҳи “А” 18-уми сентябр дар варзишгоҳи «Вивекананда Юба Бхарати Криранган»-и шаҳри Калкутта доир гардид. “Равшан”, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, зери раҳбарии Масъуди Назарзод, мутахассиси эронӣ, дар меҳмонӣ як имтиёз ба даст овард.

Дар бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи «А» 18-уми сентябр дастаи «Ал-Вакраҳ»-и Қатар дар майдони худ аз тими «Трактор»-и Эрон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “А” тими “Трактор” бо се имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Дастаҳои “Равшан” ва “Моҳун Баган” якимтиёзӣ гирифтаанд. “Ал-Вакраҳ” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25

Марҳилаи гурӯҳӣ. Даври аввал

Гурӯҳи “А”

«Моҳун Баган» - «Равшан» - 0:0

«Равшан»: Евгений Гритсенко, Самуэл Офори, Холмурод Назаров, Шодиҷон Муродов (Кристиан Мочич, 46, Иссоҳ Сиддиқ Камол, 83), Сорбон Ғиёсов, Андрей Маркович (Салам Ашурмамадов, 67), Дэвид Мавутор, Азизбек Ҳаитов, Коҷо Матич (Бахтиёр Зарипов, 77), Азизбек Султонов (Ҷамшед Максумов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов.

18-уми сентябр. Калкутта. Варзишгоҳи «Вивекананда Юба Бхарати Криранган». 18 908 тамошобин.

“Ал-Вакраҳ” – “Трактор” – 0:3

Голҳо: Томислав Стркалҷ, 13 (0:1), Меҳдӣ Туробӣ, 16 (0:2), Амирҳусейн Ҳусейнзода, 38 (0:3).

18-уми сентябр. Ал-Вакраҳ. Варзишгоҳи “Ал-Ҷануб”.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

“Трактор”

1

1

0

0

3-0

3

2

“Равшан”

1

0

1

0

0-0

1

3

“Моҳун Баган”

1

0

1

0

0-0

1

4

“Ал-Вакраҳ”

1

0

0

1

0-3

0

Даври дуюм

2-юми октябр (чоршанбе)

19:00 - “Равшан” – “Ал-Вакраҳ”

21:00 – “Трактор” – “Моҳун Баган”

Мусобиқот дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 бо ширкати 32 даста сурат гирифтааст. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб - тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст. Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё олии бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.

XS
SM
MD
LG