Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар 11 бозӣ бо 12 имтиёз (5 ғалаба, 2 мусовӣ ва 4 бохт) дар байни 188 даста мақоми 63-юмро касб кард. Мардони шатраҷбози тоҷик бар дастаҳои Камбоҷа, Мексика, Португалия, Нигерия, Ботсвана пирӯз шуда, рақобатро бо Латвия ва Сингапур мусовӣ карданд ва аз Австрия, Бразилия, Парагвай ва Эстония шикаст хӯрданд.
Дар мусобиқаи мардон дастаи Ҳиндустон бо 21 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Узбекистон бо 17-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро азони худ карданд.
Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (бо 17 имтиёз ҷойи сеюм), Туркманистон (бо 15 имтиёз ҷойи 24-ум) ва Қазоқистон (бо 14 имтиёз ҷойи 29-ум) ҷойгир шуда, танҳо аз Қирғизистон (бо 12 имтиёз ҷойи 65-ум) пеш гузашт.
Дастаи мардонаи Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “С” бо 12 имтиёз мақоми сеюмро касб намуд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар ин гурӯҳ Эквадор ва Зимбабве бо 13-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб шуданд.
Ҳайати дастаи мардонаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонии шоҳмот чунин буд: Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Ҷалолиддин Илҳомӣ, Аминҷон Қобилов, Сулаймон Оймаҳмадов, Ҷамшед Исоев (капитан ё сарвон).
Алишер Каримов ва Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев меъёри IM (international master) - устоди дараҷаи байнулмилалиро иҷро карданд. Аминҷон Қобилов бошад, меъёри устоди ФИДЕ-ро ба ҷо овард.
Дастаи занонаи Тоҷикистон дар 11 бозӣ бо 12 имтиёз (6 ғалаба ва 5 бохт) дар байни 169 даста мақоми 70-умро ишғол кард. Бонувони шатранҷбози тоҷик бар дастаҳои Серра-Леоне, Мозамбик, Косово, Финляндия, Эквадор ва Тунис ғолиб омада, аз Хорватия, Ҷумҳурии Чех, Словакия, Литва, Босния ва Ҳерсеговин мағлуб шуданд.
Дар мусобиқаи занон дастаи Ҳиндустон бо 19 имтиёз пирӯз гардид. Бонувони шатранҷбози Қазоқистон бо 18 имтиёз дар ҷойи дуюм, тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 17 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Дастаи занонаи Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон (бо 18 имтиёз ҷойи дуюм), Узбекистон (бо 16 имтиёз ҷойи 12-ум) ва Туркманистон (бо 14 имтиёз ҷойи 32-юм) ҷойгир шуда, танҳо аз Қирғизистон (бо 11 имтиёз ҷойи 78-ум) пеш гузашт.
Ҳайати дастаи занонаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонии шоҳмот чунин буд: Надежда Антонова, Рухшона Саидова, Дилола Толибова, Шукрона Масҳабова, Саодат Одинаева (капитан ё сарвон).
Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот мусобиқаи дастаӣ барои тимҳои кишварҳои узви ФИДЕ (Федератсияи байнулмилалии шоҳмот) мебошад.
Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонии шоҳмот дар Будапешт бо иштироки беш аз 350 дастаи занона ва мардона қариб аз 200 кишвар дар пойтахти Маҷористон (Венгрия) - шаҳри Будапешт дувоздаҳ рӯз идома кард. Мусобиқа тибқи системи швейтсарӣ дар 11 давр баргузор шуд. Ҳайати дастаҳо аз чаҳор бозигари асосӣ ва як бозигари эҳтиётӣ иборат буд.
Ёдовар мешавем, дар Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки соли 2022 дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон баргузор шуд, дастаи мардонаи Тоҷикистон дар 11 бозӣ бо 12 имтиёз (5 ғалаба, 2 мусовӣ ва 4 бохт) дар байни 188 даста мақоми 67-умро касб карда буд.
Дастаи занонаи Тоҷикистон бошад, дар 11 бозӣ бо 11 имтиёз (4 ғалаба, 3 мусовӣ ва 4 бохт) дар байни 162 даста мақоми 78-умро соҳиб шуда буд.
Бояд гуфт, ки Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот аз соли 1924 дар ҳар ду сол як маротиба доир мегардад. Соли 2018 чорабинии бузурги шоҳмот дар шаҳри Батумии Гурҷистон барпо гардида буд. Ба иллати пандемияи коронавирус солҳои 2020, 2021 Олимпиадаи ҷаҳонӣ ба таври фосилавӣ баргузор шуд.