Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти латукӯби устод аз сӯи шогирд дар Донишгоҳи тиҷорат


Беҳзод Назаров, донишҷӯи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон.
Беҳзод Назаров, донишҷӯи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон.

Пулиси Душанбе як донишҷӯи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро бо иттиҳоми авбошӣ ва латукӯби омӯзгор боздошт кардааст.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе 23-юми сентябр дар хабарномае навишт, Беҳзод Назаров, донишҷӯи соли 2-юм “дар дохили синфхона омӯзгори фанни "Этика ва эстетика" Султонов Тоҳирро дашном дода, латукӯб кардааст.”

Назари ин донишҷӯ ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.

Тоҳир Султонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷоратӣ, 23-юми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми дарс аз донишҷӯ хоҳиш кардааст, ки мисли дигарон дафтару қаламашро барорад, вале ӯ саркашӣ карда, ба таҳқиру дашном гузаштааст.

"Дидам, ки намешавад гуфтам нисбати ин рафторат як гузориш менависам, гуфт Шумо "буз ҳастед" (хабаркаш ҳастед РО). Гуфтам чунин гап назан, ман ҳамсину соли падарат мешавам. Ҳама бачаҳо шоҳиданд, ман интизор набудам, пеш омада зад, биниям шикаст",-афзуд, омӯзгор Тоҳир Султонов.

Вай таъкид кард, ки ташхисҳои тиббиро дар мавриди захм бардоштааш дар даст дорад.

Мақомот ҷузъиёти бештар надода, гуфтанд, ҳодисаро тафтиш доранд.

Ин аввалин латукӯби омӯзгорон дар Тоҷикистон нест. Моҳи апрели имсол ду ҷавон дар шаҳри Бохтар барои задани як омӯзгори мактаб дастгир шуданд.

XS
SM
MD
LG