Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як гурӯҳи Созмони Милал мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон онҳоро ноумед кард


Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳазорҳо нафар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бенишон шуданд
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳазорҳо нафар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бенишон шуданд

Дар шаҳри Женева ин рӯзҳо ҷаласаи Кумисиёни ҳуқуқи башари Созмони Милал идома дорад, ки ба он як гузориш дар бораи Тоҷикистон ҳам пешниҳод шудааст.

Гузориши Кумитаи нопадидшавиҳои маҷбурии Созмони Милал мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон чандон майле надорад, ки сарнавишти нопадидшудагон дар замони ҷанги дохилиро маълум кунад ва ба хешовандонашон оромише бидиҳад. Айни замон дар гузориш доир ба идомаи ин раванд ва нопадидшавии мухолифони давлат ҳам сухан рафтааст.

Машварати чор сол пеш ношунида монд?

Гурӯҳи кории Созмони Милал оид ба нопадидшавиҳои ғайриихтиёрӣ ва ё маҷбурӣ чор сол пеш ба ҳукумат тавсия дода буд, аз ҳазорон нафари беному бедаракшуда дар замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон нишонае пайдо кунад ва бозмондаҳои онҳоро ба азизонашон баргардонад.

Аммо дар гузориши нави ин гуруҳ омадааст, ҳукумати Тоҷикистон барои иҷрои ин тавсия ва дигар талаботи Созмони Милал ҳеч кори чашмгире накардааст ва ин ҳолат ноумедкунанда аст.

Фирориҳои тоҷик ҳангоми бозгашт аз Афғонистон дар водии Вахш. 21.10.1997
Фирориҳои тоҷик ҳангоми бозгашт аз Афғонистон дар водии Вахш. 21.10.1997

Дар ҷанги дохилӣ, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард, дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафар кушта шуд ва ҳазорон нафар ҳам беному нишон гардиданд. Дар ҳар рустои Тоҷикистон, ки қадами шуми ҷанг ба он расидааст, ҳадди аққал як оилае пайдо мешавад, ки то кунун барои як азизи бенишоншудааш месӯзад.

Мутахассисони Гурӯҳи кории Созмони Милал, гуфтаанд, бо гузашти беш аз 20 сол “захмҳои боқимонда аз ҷиноятҳо дар замони ҷанги дохилӣ ҳамчунон тоза ҳастанд, вале инро махсус нодида мегиранд”.

Ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта гуфтааст, ки коршиносони Созмони Милал “шунидаҳояшонро воқеият нишон додаанд.”

Як гуруҳи Созмони Милал мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон онҳоро ноумед кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00

Стив Свердлов, як ҳомии ҳуқуқи инсон ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки чаро ҳукумати Тоҷикистон майл надорад, сарнавишти бедаракшудагон замони ҷанги дохилиро маълум кунад, чунин посух дод:

“Ӯҳдадории асосӣ ва ҳатто калидии ҳар давлат аз рӯи қонуни байнулмилалӣ ин аст, ки таҳқиқ ва ҷустуҷӯи нопадидшудаҳоро ба роҳ монад. Чаро, ба назари ман президент Раҳмон ба ин кор даст намезанад? Чунки боз кардани ин саҳифаи хунин ва мураккаби таърихи Тоҷикистон ба обрӯе, ки режими худкомаи асосгузори сулҳ, пешвои миллӣ, пешвои ваҳдати миллӣ барои ӯ месозанд, зарба мезанад. Иқдом дар ин самт маънои онро хоҳад дошт, ки бояд марҳилаҳои бисёр мушкили таърихи Тоҷикистон бозбинӣ шаванд ва ҳатман саволҳои нороҳаткунанда ва ҳассосро барои мақомот ба вуҷуд меоранд. Ба назари ман, бо ҳамин сабаб ба ин кор даст намезананд».

Нопадидшавиҳои солҳои охир

Мақари Созмони Милал дар Женева
Мақари Созмони Милал дар Женева

Коршиносони Созмони Милал, ки дар гузориши нави худ ба нопадидшавиҳои маҷбурии солҳои охир ҳам ишора кардаанд, мегӯянд, истирдодҳои худсарона ба Тоҷикистон як мушкил боқӣ мемонад. Созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқ ҳам ҳукуматро барои ин кор ва бахусус барои аз хориҷа боздошт ва ба кишвар бурдани мухолифон танқид мекунанд. Аксари онҳо дар шароити мармуз ва ё бидуни дастрасӣ ба вакили дифоъ ва бехабар аз наздиконашон боздошту ба Тоҷикистон истирдод шуданд ва дар мурофиаҳои пӯшида ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар чунин шароит ба ҳар яки онҳо шиканҷаҳои бераҳмона таҳдид мекунад, вале мақомот ба вайрон шудани қонун ва поймолшавии ҳуқуқи боздоштшудаҳо дар ин ҷараён чашм мепӯшанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба ин интиқодҳо ҳамеша чунин посух додаанд, ки ҳар фарде, ки аз хориҷ барои ҷавобгарӣ ба кишвар оварда шудааст, ба ҷинояте муттаҳам мешавад ва бояд ҷазо бигирад.

Дар ду-се соли гузашта даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус фаъолону мунаққидон, дигарандешону мухолифони ҳукумати кишвар дар Русия, Туркия, Беларус, Қазоқистон ва кишварҳои дигар нопадид шуда, баъди моҳҳои ҷустуҷӯҳои наздикон дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон пайдо шудаанд. Комилан бенишоншудаҳо ҳам кам нестанд.

Абдусаттор Бобоев
Абдусаттор Бобоев

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ – як созмони ҷамъиятӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон гуфт, ин мавзӯъ то рафт ҷиддитар мешавад:

“Даҳ сол қабл яке аз фаъолони сиёсӣ Эҳсон Одинаев - бародари фаъоли сиёсӣ Вайсиддин Одинаев, аз кишвари Русия нопадид шуд, аниқтараш аз шаҳри Санкт-Петербург. То ҳол касе дар борааш иттилое надорад, ки дар куҷо қарор дорад. Зинда аст ва ё дар қайди ҳаёт нест, - гуфт ӯ. - Ҳеч кас иттило надорад. Дар Туркия раиси “Гурӯҳи 24” Сӯҳроби Зафар ва намояндаи ин гурӯҳ Насим Шарипов нопадид шуд. Баъди талошу пурсуҷӯҳои зиёд, Тоҷикистон чизе дар бораи ин нагуфт, баъди чаҳор панҷ моҳ додситони кулл ҳам гуфт, ки инҳо дар Тоҷикистон қарор доранд“.

Паёми таҳдид ба дигар мунаққидон?

Имрӯзҳо ҳамчунон пушти дарҳои баста ва бидуни дастрасии хешовандон, дар шароити боздоштгоҳ муҳокимаи додгоҳии ин ду нафар ҷараён дорад. То ҳол касе аз хешовандон ё вакилони дифоъ намедонад, ки онҳо дар дохил чӣ ҳол доранд, бо онҳо чӣ гуна рафтор мекунанд, оё ҳуқуқашон риоя мешавад ё на.

Ба қавли Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи созмони «Гуруҳи 24», ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, сабаби чунин рафтори мақомот тарсонидан ва мӯҳри сукуту хомӯшӣ задан ба даҳони дигар дигарандешону мунтақидон аст, ки шуморашон то рафт бештар мешавад. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:

“Касе, ки бо ҳукумат розӣ нест, ба инҳо як паём бидиҳанд, ки бубинед, ки ҳар касе бар зидди мо мубориза мебарад ва бар зидди мо сӯҳбат мекунад, пас аз рабуда шудан, касе аз шумо огоҳ намешавад. Ва шумо ба нобудӣ меравед.”

Насимҷон Шарифов (чап) ва Сӯҳроб Зафар (рост)
Насимҷон Шарифов (чап) ва Сӯҳроб Зафар (рост)

Стив Свердлов мегӯяд, як сабаби муҳими ба Паймони байнулмилалии ҳимоят аз нопадидшавиҳои иҷборӣ ва ё ғайрихтиёрӣ напайвастани Тоҷикистон ҳам ҳамин аст, ки аз мақомот дар Душанбе тақозо мекунад, ки мутобиқ ба тақозоҳои ин санад амал кунанд.

Свердлов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “аз рӯи маълумоти ахире, ки мо ҳамроҳ бо созмони "Crude Accountability" соли гузашта нашр карда будем, дар Тоҷикистон ҳолатҳои нопадидшавиҳои маҷбурӣ ва боздоштҳои ғайриихтиёрӣ ба даҳҳо адад мерасанд. Боз ҳам ба фикри ман ҳамроҳшавӣ ба ин эъломияи муҳим ба маънои он хоҳад буд, ки мақомоти Тоҷикистон ва худи президент маҷбур мешаванд, ки ба саволҳои наздикони нопадидшудаҳо посух диҳанд.”

Стив Свердлов
Стив Свердлов

– Мо аз режим даъват ва тақозо мекунем, ки эъломияро имзо кунанд, бар пояи қонунҳои байнулмилалӣ ин талаботро иҷро кунанд ва аз мутахассисони байналмилалӣ даъват мекунем, ки ин қазияҳоро дар Тоҷикистон таҳқиқ кунанд ва ҳатман онҳоеро, ки қурбонии нопадидшавиҳои ғайриқонунӣ ва ғайриихтиёрӣ шудаанд, озод кунанд”.

Гузориши "Нопадидшавиҳои маҷбурӣ" (аз соли 2023) таърихчаи нопадидшавиҳоро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба се давра тақсим кардааст, ки аввалаш то соли 2012-ро фаро мегирад. Марҳилаи дуюм - солҳои 2012-2022 ва марҳилаи сеюм – баъди ин – давраи саркӯби эътирозгарон дар ВМКБ ва баъди онро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG