Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии Осиё 11 медал гирифтанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон ва мактаббачагон, ки аз 27-уми август то 10-уми сентябр дар шаҳри Ал-Айни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, 11 медал (4 нишони тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон ва мактаббачагон, ки аз 27-уми август то 10-уми сентябр дар шаҳри Ал-Айни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, 11 медал (4 нишони тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасон Билолҷон Иксанов (54 кг) бо медали тилло мукофотонида шуд. Амирбек Маҳрамов (52 кг), Абубакр Азизов (57 кг), Сорбон Нурализода (66 кг) ва Умарҷон Асроров (63 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Дар сабқати духтарон Фариноз Абдуллоева (54 кг) бо медали тилло ва Мино Азимзода (60 кг) бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни мактаббачагон Анӯшервон Сиддиқов (33 кг) ва Акбарҷон Абдуллоев (58 кг) ба гирифтани медалҳои тилло мушарраф шуданд. Фирӯзҷон Бойматов (37 кг) медали нуқра ва Дилшод Сиҷаев (35 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.

Бар асоси дастури мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ғолибон миёни наврасон дар ҳар як вазн бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 6000 доллар мукофотонида шуданд. Ба ҷоизадорони нуқра ва биринҷӣ мутаносибан 3 000 ва 1500 доллар тақдим гардид. Мактаббачаҳо бошанд, барои медали тилло бо 4000, медали нуқра 2000 ва медали биринҷӣ 1000 доллар қадрдонӣ шуданд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон ва мактаббачагон беш аз 220 варзишгар аз 24 кишвари қора, инчунин 26 нафар аз Украина барои 26 маҷмуи ҷоизаҳо мубориза бурданд.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 27 муштзан (14 нафар миёни мактаббачагон ва 13 кас миёни наврасон) дохил буданд. Ҳамчунин, дар ин мусобиқа Акмалҷон Абдуллоев ба ҳайси довар ширкат дошт.

XS
SM
MD
LG