Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 бо тими миллии Ҳоланд бозии дӯстона анҷом дод.
Ин бозӣ, ки шаби якшанбеи 8-уми сентябр дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби 4:3 ба суди футзалбозони тоҷик хотима ёфт.
Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ду голро Файзалӣ Сардоров ва Дилшод Саломов ба самар расонданд. Боз ду голро Ҳоландҳо ба дарвозаи худ заданд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 7-уми сентябр дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 дар Душанбе аз тими миллии Испания, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва қаҳрамони ҳафткаратаи Аврупо, бо ҳисоби 2:9 шикаст хӯрда буд.
Дар нишасти матбуотӣ сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов гуфт, ки бозиҳои дӯстона бо дастаҳои мунтахаби Испания ва Ҳоланд пеш аз Ҷоми ҷаҳон-2024 барояшон хеле муфид буд.
Дар зимн, даҳумин мусобиқаи қаҳрамонии футзали ҷаҳон аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар се шаҳри Узбекистон - Тошканд, Бухоро ва Андиҷон – баргузор мешавад.
Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои яккачини Марокаш (16-уми сентябр), Португалия (19-уми сентябр) ва Панама (22-юми сентябр) бозӣ мекунад. Ду бозии аввали мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд ва бозии сеюм дар Бухоро баргузор мешаванд.