Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хукҳои ваҳшӣ киштзори деҳқонони Фархорро хароб кардаанд


Ин тарбузро хук хурдааст
Ин тарбузро хук хурдааст

Хукҳои ваҳшӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон даҳҳо ҳектор заминҳои кишту полезиҳои деҳқононро хароб кардаанд.

Сокинон мегӯянд, саршумори хук ба маротиб афзоиш ёфтааст ва пеши роҳи харобкориҳои ин ҷонвари ваҳширо гирифтан мушкил шудааст.

Замини кишти Муҳиддин Саймуродов, як сокини ноҳияи Фархор дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир аст. Ӯ имсол тарбуз коштаааст, вале шабу рӯз хоб надорад, то аз ҳамлаи гурозҳо полезашро наҷот диҳад. Бо вуҷуди нигаҳбонӣ, хукҳои ваҳшӣ дар як шаб то 300 тарбузи полезашро мехӯранд.

Хуса, барои тарс додани хукҳо
Хуса, барои тарс додани хукҳо

Гурозҳо маъмулан аз бешазори он сӯи симхор, аз тарафи Афғонистон, шабҳангом вориди полезҳо мешаванд. Барои онҳо марз вуҷуд надорад.

Видеоро инҷо бинед:

Хукҳои ваҳшӣ деҳқонони Фархорро ба дод овардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Илҳомҷон Ҷаборов, деҳқон аз ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор мегӯяд, зарари хукҳо барои онҳо ҷуброннопазир аст. “Кишти дуюм карда наметавонем. Ҳатто кукаҳои пахтаро хук мехураду мепартояд, ки ин ба деҳқон зарар аст,”—гуфт ӯ.

Деҳқонон мегӯянд, саршумори гурозҳо сол ба сол меафзояд. Ҷангалбонҳо мегӯянд, ба ҳисоби тахминии чанд соли пеш дар минтақаи Кӯлоб беш аз 8 ҳазор хук буд. Тоҳир Амиршоҳзода, сардори Идораи ҷангал дар минтақаи Кӯлоб гуфт, қариб 8 ҳазор хук ҳисоб шуда буд, вале ин шумораи дақиқ нест.

Ӯ гуфт, ният доранд, ки хукҳоро аз сар шуморанд.

“Барои шикори хук бошад, чипта дорем, касе мехоҳад, 121 сомонӣ сари ҳар як хук супорида онро шикор кунанд,”—гуфт ӯ.

Кишоварзон аз тохтани хукҳои ваҳшӣ ба заминҳои кишт ба дод омадаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар як маврид, галае аз 50 хукро метавон мушоҳида кард. Панҷ сол пеш зиёнашон камтар мерасид, ҳоло бебоктар шудаанд.

Сайди гуроз фақат бо иҷозаи расмӣ ва пардохти пул сурат мегирад, вале мардуми маҳаллӣ алоқае ба он надоранд, зеро масрафи гӯшти хук барои мусалмонон ҳаром маҳсуб мешавад.

Ба бовари кишоварзон, боз шудани роҳи сайёҳону шикорчиёни хориҷӣ ба минтақа ба коҳиш ё танзими ҷамъияти гурозҳо кумак мекунад.

Вале сафари шаҳрвандони хориҷӣ ба минтақаҳои марзии Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияи Фархор, мамнӯъ аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG