Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии гуштигирии ҷаҳон се медали тило гирифтанд


Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 65 кило барандаи медали тило ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 20 ҳазор доллар гардид
Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 65 кило барандаи медали тило ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 20 ҳазор доллар гардид

Дар рӯзи аввали нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштигирӣ, ки 30-юми август дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор шуд, варзишгарони тоҷик 3 медали тило, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа беш аз 200 варзишгар аз 62 кишвари ҷаҳон ва як дастаи Федератсияи байнулмилалии гуштигирӣ иштирок доранд. Дар рӯзи аввали мусобиқа рақобатҳо дар се вазн (-65 кг, -71 кг ва +95 кг) миёни мардон ва дар як вазн (-70 кг) байни занон сурат гирифт.

Дар вазни то 65 кило паҳлавони тоҷик Муллораҷаб Халифаев, ки дар даври ниҳоӣ ба Абрек Нагучеви русиягӣ пирӯз шуд, бо медали тило ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 20 ҳазор доллар сарфароз гашт. Ба Нагучев медали нуқра ва 10 ҳазор доллар супурда шуд. Артём Штурбабин аз Узбекистон ва Шаҳбоз Саидаброров аз Тоҷикистон барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ ва панҷҳазордолларӣ мукофотонида шуданд.

Дар вазни то 71 кило Масъуди Аҳмадзод аз Тоҷикистон, ки дар финал Дилшод Бӯриеви узбекистониро шикаст дод, бо медали тилло ва 20 ҳазор доллар сарфароз гашт. Ба Бӯриев медали нуқра ва 10 ҳазор доллар тақдим шуд. Мирзоҷамил Рамазонов аз Тоҷикистон ва Илёс Покдил аз Эрон бо медалҳои биринҷӣ ва панҷҳазордолларӣ мукофотонида шуданд.

Дар вазни +95 кило Шакармамад Мирмамадов аз Тоҷикистон, ки дар рақобати ниҳоӣ бар Мӯҳсин Исомиддинови узбекистонӣ дастболо шуд, барандаи медали тилло ва 20 ҳазор доллар гардид. Исомиддинов медали нуқра ва 10 ҳазор доллар гирифт. Бекмурод Олтибоев аз Узбекистон ва Натеа Лийе Даниел аз Руминия бо медалҳои биринҷӣ ва панҷҳазордолларӣ сарфароз гаштанд.

Дар мусобиқаи занон дар вазни -70 кило Гулноза Матниёзова аз Узбекистон, ки дар даври ниҳоӣ Шоҳида Қаландароваро аз Тоҷикистон мағлуб кард, бо медали тилло ва 20 ҳазор доллар мукофотонида шуд. Ба Қаландарова медали нуқра ва 10 ҳазор доллар тақдим гардид. Ли Ван-Тинг аз Тайпейи Чин ва Камила Бадурова аз Русия бо медалҳои биринҷӣ ва панҷҳазордолларӣ мукофотонида шуданд.

Тоҷикистонро дар аввалин қаҳрамонии ҷаҳон 18 варзишгар – дар ҳар вазн дунафарӣ - намояндагӣ мекунанд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 31-уми август – боз даҳ нафар: Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов дар вазни 78 кг, Умар Расулов, Ҳақназар Назаров дар вазни 86 кг, Улуғбек Раҳимов, Кароматулло Ҳакимов дар вазни 95 кг байни мардон ва Мадина Қурбонзода, Рӯзигули Ҳасан дар вазни 52 кг, Мавлуда Одинаева ва Сабрина Холова дар вазни +70 кг байни занон ба рақобат мепардозанд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон
Президент Эмомалӣ Раҳмон

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ба ғолибон дар ҳар як вазн ҷоизаи молӣ ба маблағи 20 ҳазор доллар тақдим мегардад, барои ҷойи дуюм 10 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 5-ҳазордолларӣ супурда мешавад.

Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро мегиранд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллари ИМА сарфароз мегарданд.

Қобили зикр аст, ки соли 2022 гуштигирӣ мақоми байнулмилалиро касб кардааст. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, куштии миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байнулмилалӣ гардидааст.

XS
SM
MD
LG