Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский: "Мо душманро ба ботлоқи худаш тела медиҳем"


Президенти Украина Владимир Зеленский табрикоташро дар вилояти Суми, дар наздикии ҷое сабт кард, ки 6 августи соли 2024 нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курски Русия ҳамла карданд
Президенти Украина Владимир Зеленский табрикоташро дар вилояти Суми, дар наздикии ҷое сабт кард, ки 6 августи соли 2024 нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курски Русия ҳамла карданд

Дар рӯзи таҷлил аз ҷашни истиқлолияти Украина президент Владимир Зеленский ба истодагарии қаҳрамононаи мардуми ин кишвар дар муқобили  таҷовузи бедалели Русия дар 30 моҳи ахир таъкид кард.

"Истиқлолият дар дили ҳар яки мост. Дар ягонагӣ мо пирӯз мешавем... Мо то ҳол истодагарӣ кардем, ба душман муқовимат нишон додем ва ҳоло ӯро ба ботлоқи худаш тела медиҳем. Мо чӣ будани истиқлолиятро медонем, медонем, ки онро эҳёву дифоъ кардан мушкил аст. Вале мо инчунин медонем, ки ҳама чиз аз худи мо вобаста аст”.

Ҷашни истиқлолият дар ҳолест, ки нерӯҳои украинӣ дар минтақаи Курски Русия, ки ҳаммарз бо Украина аст, ба гуфтаи Киев беш аз 1260 километри мураббаъ ва 92 маҳаллаи аҳолинишинро таҳти назорати худ дароварданд.

Украина мегӯяд, ин ҳамла, ки Маскавро ғофилгир карду элитаи ҳокими Русияро такон дод, бо ҳадафи таъсиси як минтақаи буферӣ аст, ки ба тирборони пайвастаи Маскав ба манотиқи ғайринизомии Украина ва зерсохторҳо аз он тарафи марз хотима мегузорад.

Раҳбарияти Украина борҳо тавзеҳ додааст, ки баръакси ҳуҷуми дуюнимсол пеши Русия, ин иқдоми онҳо на бо ҳадафи ба даст овардани қаламрав аст. Зеленский дар паёми худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт: "Бояд байни мо ва душман сарҳади мустаҳкам бошад ва байни украиниҳо девор набошад, зеро Украина дар ҳар яки мост".

XS
SM
MD
LG