Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи қазияи гаравгонгирӣ дар Волгоградро Кумитаи тафтишот пеш мебарад


Дар назди зиндони Суровикинои вилояти Волгоград
Дар назди зиндони Суровикинои вилояти Волгоград

Раёсати Кумитаи тафтишот дар вилояти Волгогради Русия таҳқиқи ҳодисаи гаравгонгирӣ дар зиндони рақами 19-и шаҳри Суровикинро аз рӯи  моддаи  “Эҷоди беназмӣ дар кори зиндон ва гаравгонгирӣ”-и Кодекси ҷиноии Русия оғоз кардааст.

Дар хабари Кумитаи тафтишоти Русия омадааст, ки барои таҳқиқи ҳодисаи гаравгонгирӣ ва куштори кормандони зиндон гурӯҳи тафтишотии иборат аз муфаттишони ботаҷриба ташкил шудааст. Таҳқиқ зери назорати дастгоҳи марказии Кумитаи тафтишоти Русия қарор гирифтааст.

ТАСС бо такя ба манбае дар сохторҳои тафтишотӣ навишт, ки дар дохили муассисаи ислоҳии №19 бозпурсии кормандони зиндон ва ҳам маҳбусон шурӯъ шудааст. "Аз ҷумла, ин масъаларо мавриди таҳқиқ қарор додаанд, ки чӣ гуна ба дохили ин муассиса парчами созмони мамнӯъшуда ворид шуд, бо чӣ роҳ зиндониҳо ба корд, қайчӣ, телефонҳои мобил ва маҳсулот барои маводи тарканда дастрасӣ доштанд. Тафтиши маводи манъшуда дар дасти зиндониҳо ҳам ҷараён дорад", гуфтааст манбаи ин хабаргузории расмии Русия.

Дар содир кардани ин ҷиноят чор шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистон гунаҳгор дониста шуданд, ки онҳоро тарафдори гурӯҳи “Давлати исломӣ” меноманд. Тасдиқи дурустии ин иддаоҳо ва ҳам ҷузъиёти дигари ҳодиса тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар як сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев омодагии Тоҷикистонро барои кӯмак дар таҳқиқи ин ҳодиса ваъда дод.

Дар поёни рӯзи 23 август дар натиҷаи юриши ходимони нирӯҳои вижа гаравгонгирҳо нобуд карда шуданд.

ТАСС бо такя ба манбаъҳои худ навишт, чор корманди маҷрӯҳшудаи зиндон бо ҷароҳатҳои сангин ва ҳолати мӯътадил таҳти назари табибон дар беморхонаҳои вилояти Волгоград қарор доранд.

Дар хушунатҳои рӯзи ҷумъа дар зиндони вилояти Волгоград чор маҳбус ҳашт корманди зиндон ва чор зиндонии дигарро гаравгон гирифтанд. Чор корманди зиндонро бо корд захмӣ карданд, аз инҳо се нафарашон дар ҷои ҳодиса ҷон доданд. Як нафари дигарашон баъдан дар беморхона даргузашт. Чор нафаре, ки муқовимат нишон доданд, ҳоло бистарӣ ҳастанд. Чор маҳбуси дигари гаравгонгирифташуда ҳам осеб дидаанд.

XS
SM
MD
LG