Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матвиенко гуфт, Русия наметавонад роҳи муҳоҷиронро бандад


Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия гуфтааст, ки Маскав наметавонад роҳи муҳоҷиронро ба кишвар бандад.

Матвиенко зимни нишасти матбуотӣ аз ҳамкоронаш дар Дума даъват кард, ки мавзӯи муҳоҷиратро "радикалӣ" накунанд ва аз ҳад зиёд бо эҳсос бо он бархурд нанамоянд.

Ба гуфтаи Раиси Шӯрои Федератсия, бо муҳоҷироне, ки барои кор меоянд, воқеан мушкилот вуҷуд дорад, вале муҳоҷират яке аз шаклҳои дӯстии халқҳо миёни Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст.

Ин чиз ба таъкиди Валентина Матвиенко, барои ҳифзи амният дар минтақа кумак мекунад. Матвиенко гуфтааст, муҳоҷират бояд ба шеваи хуб танзим карда шавад. Аз ҷумла ба гуфтаи ин мақомдори Русия, ҳукумати ин кишвар бояд бозори корро таҳлил карда аниқ кунад, ки дар кадом бахш бояд муҳоҷирон ҷалб карда шаванд.

Инчунин ба гуфтаи Матвиенко, набояд муҳоҷирони зиёде дар шаҳрҳои калон ё мегаполисҳо ҷалб шаванд, балки беҳтар аст муҳоҷиронро ба он минтақаҳои Русия фиристанд, ки ба онҳо эҳтиёҷ аст.

Дар айни замон Матвиенко таъкид кардааст, ки хориҷиён бояд забони русиро донанд, қонунҳоро риоя кунанд ва барои кишвар таҳдиде эҷод накунанд. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия мушкили асосии бахши муҳоҷиратро ҷой доштани фасод гуфт.

"Ин набояд рух диҳад. Зеро ки қонунҳо то ҳоло вуҷуд доранд, вале онҳоро сарфи назар мекунанд. Ин қонунҳо хуб амал намекунанд. Муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва фасод дар ин бахш фазои бисёр бадро ба миён меорад. Ман чунин меҳисобам, ки ришвахорӣ дар бахши муҳоҷират бояд ба ҷурми бисёр вазнин баробар дониста шавад. Ин қобили қабул нест",-афзудааст Матвиенко.

Ҳарфҳои ин мақомдори баландпояи Русия дар ҳоле садо медиҳанд, ки баъд аз ҳамла ба толори "Крокус" дар моҳи марти имсол, шикояти муҳоҷирон аз боздоштҳои беасос, шиканҷа ва ихроҷ аз Русия хеле зиёд шудааст.

Аз ҷумла, ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои заминии Русия дармонданд ва танҳо дар шаш моҳ 17 ҳазори онҳо аз ин кишвар ихроҷ шуданд. Айни шикоятро муҳоҷирони узбекистонӣ ва қирғизистонӣ ҳам доранд.

Бархе мақомдорони дигари Русия ва ҳам вакилон хостори шадидтар кардани қонунҳои муҳоҷират ҳастанд. Аз ҷумла, ахиран Думаи давлатӣ қонунеро қабул кард, ки ба пулис ҳақ медиҳад, муҳоҷиронро аз ин ин кишвар берун кунанд. Қаблан ихроҷи шаҳрвандон аз Русия танҳо бо иҷозаи додгоҳ мумкин буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG