Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Низоми бевиза миёни Тоҷикистону Эрон аз 10 август сар мешавад

Эмомалӣ Раҳмон бо Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури нави Эрон. Теҳрон, 30-юми июли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури нави Эрон. Теҳрон, 30-юми июли 2024

Созишнома дар бораи бекор кардани низоми раводид (виза) миёни Тоҷикистон ва Эрон аз рӯзи 10-уми августи соли равон ба иҷро медарояд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 6-уми август хабар дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон акнун метавонанд бидуни раводид то 30 рӯз ба кишварҳои ҳамдигар сафар карда, то ин муддат иқомат дошта бошанд.

Дар хабарномаи расмӣ омадааст, “низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо нисбат ба нафароне татбиқ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд."

Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи бекор кардани низоми раводид дар моҳи ноябри соли 2023 имзо шуда буд.

Миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз ҳаст.

Даҳҳо тоҷикистонӣ бо мақсади саёҳату тиҷорату табобат ба Эрон мераванд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Додгоҳ ба USAGM гуфтааст, иҷрои дастурро дар мавриди RFE/RL боздорад

Додгоҳе дар Амрико даъвои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро алайҳи Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико пазируфт.

USAGM рӯзи 15-уми март ёрии молии тасдиқшуда аз тарафи Конгрессро ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ қатъ кард. Додгоҳ рӯзи 25-уми март ин амрро “амали худсарона” хонд.

Бо қарори додгоҳ, то замони муҳокимаи парванда, ки интизор меравад ҳафтаҳои оянда баргузор шавад, Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико бояд аз иҷрои ҳар тасмиму амале, ки ба бастани расона сабаб мешавад, худдорӣ кунад.

Додрас Ройс Ламберт дар қарори 10-саҳифаӣ эълом кард, ки бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли пирӯзии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар додгоҳ зарур аст, ки қарори қатъи кори он то муҳокимаи ниҳоӣ бекор шавад. Дар акси ҳол, ба таъкиди ӯ, иҷрои ин тасмим ба расона "зарари ҷуброннопазир" хоҳад дошт.

“Раҳбарияти USAGM наметавонад бо як ибораи амалан беасос RFE/RL-ро ба қатъи кор маҷбур кунад, ҳатто агар ин дастури президент бошад,” – гуфт додрас.

Қадами баъдӣ баррасии шикояти RFE/RL барои дастрас кардани 77 миллион долларест, ки Конгресси Иёлоти Муттаҳида барои кори ин расона то моҳи сентябри 2025 ҷудо карда буд.

Қарор аст, ҳафтаҳои наздик додгоҳ қарори худро дар ин бора эълон кунад.

Хатари қатъи маблағгузории Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки дар 23 кишвари ҷаҳон ба 27 забон барнома таҳия мекунад, вокунишҳои зиёдеро ба миён овард.

навшуда

"Худкушии намоишӣ"? Дар се моҳ се наврасро аз дарёи Сир берун овардаанд

Маъмурони наҷот дар дарёи Сир
Маъмурони наҷот дар дарёи Сир

Ғаввосон ва наҷотбахшони Идораи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд дар се моҳи гузашта се наврасро аз дарёи Сир берун овардаанд. Онҳо мегӯянд, ҳамаи наврасон қасди худкушӣ доштанд.

“Як духтари шонздаҳсола аз ноҳияи Спитамен буд. Вай худро аз болои пул партофтааст. Ӯро аз ғарқшавӣ наҷот дода, ба шифохона бурданд. Дар ҳолати дигар, як бача худашро ба об андохт ва ҳамсинфаш ӯро наҷот дод,” – гуфт Пӯлодҷон Султонзода, корманди Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Суғд.

Дар вилояти Суғд соли гузашта 55 мавриди ғарқ шуданро сабт кардаанд. Дар миёни онҳо 19 ноболиғ ҳаст. Бисёре аз мавридҳо тасодуф ва беэҳтиётӣ будаанд, дар панҷ маврид, аз ҷумла наврасон қасди худкушӣ кардаанд.

Мақомоти интизомӣ сабабҳои қасди худкушии наврасонро расман шарҳ намедиҳанд ва номи онҳо ба сабабҳои қонунӣ ва ахлоқӣ ошкор намегардад.

Равоншиносон мегӯянд, гузаштан ба балоғат давраи “бӯҳронӣ” дониста мешавад ва сабабҳояш бештар ба масоили хонаводагӣ рабт мегирад.

Равоншинос Муҳаррама Раҳимова гуфт: “98 дарсади ин ҳолатҳо худкушии намоишӣ аст. Онҳо мурдан намехоҳанд, лекин муаммоҳои худашонро бо ҳамин восита ҳал кардан мехоҳанд. Барои ҳамин, дар давраи наврасӣ бештар бо кӯдак наздик муносибат кардан, фикру ақидаашро фаҳмида ҳурмат кардан, яке аз роҳҳои пешгирии ҳолатҳои нопадида мебошад.”

Ба қавли равоншиносон, беэътиноии падару модар ба эҳсоси наврасон ва надонистани шеваҳои муомила бо онҳо дар ин айёми ҳассос аз ҷумлаи сабабҳои дигари чунин рафтори наврасон аст.

Онҳо тавсия медиҳанд, ки дар сурати мушкилот дар рафтори наврас, бадрафтории онҳо волидон ба равоншинсон муроҷиат кунанд, то аз фоҷиаҳое ба мисли худкушӣ пешгирӣ шавад.

Видео дар инҷост:

"Онҳо мурдан намехоҳанд... ин худкушии намоишӣ аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00


Боздошти раҳбари як минтақаи худмухтор дар Молдова

Владимир Путин, президенти Русия бо Евгения Гутсул
Владимир Путин, президенти Русия бо Евгения Гутсул

Евгения Гутсул, раҳбари минтақаи Гагаузия дар Молдова, ҳангоми кӯшиши берун рафтан аз кишвар дар фурудгоҳи Кишинев дастгир шудааст.

Маркази миллии мубориза бо фасоди молӣ дар Молдова хабар дод, ки Гутсул дар доираи як парвандаи ҷиноӣ барои 72 соат боздошт гардид.

Пештар ҳамин Марказ далелҳоро дар бораи сармоягузории ғайриқонунӣ ба “Шор”, ҳизби ҷонибдори Русия, ки ҳоло дар Молдова мамнуъст, ба анҷом расонда буд.

Гутсулро ба он гумонзад медонанд, ки ҳангоми кор дар ҳизби “Шор” аз як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ дар Русия пул гирифтааст.

Раҳбари Гагаузия иттиҳомро намепазирад ва бовар дорад, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ сохта аст.

Иттиҳоди Аврупо дар моҳи октябри соли 2024 Евгения Гутсулро барои “тарғиби ҷудоихоҳӣ” дар Гагаузия, “муносибати наздик бо Русия”, “кӯшиши сарнагун кардани сохти конститутсионӣ” ва “таҳдид ба истиқлоли Молдова” ба рӯйхати таҳримҳо ворид кард.

Гагаузия як ҳудуди худмухтор дар ҷануби Молдова аст, ки дар он қариб 130 ҳазор кас зиндагӣ мекунад.

Аз 13 то 23 сол. Эълони ҳукми 23 узви "Азов"-и Украина дар Русия

Додгоҳи низомӣ дар Ростови лаби Дон дар Русия 23 шаҳрванди Украинаро аз 13 то 23 сол зиндон маҳкум кард.

Ин афрод дар гурӯҳи "Азов" дар Украина хидмат мекарданд.

Додрас ҳамаи онҳоро ба "ғасби ҳукумат бо зӯр" ва "ташкили фаъолияти созмони террористӣ" гунаҳкор донистааст.

Ёздаҳ нафар ҳамчунин ба "омӯхтани фаъолиятҳои террористӣ" муттаҳам шудаанд.

Ин парванда дар аввал 24 касро дар бар мегирифт. Александр Ишченко, ки дар гурӯҳи "Азов" ронанда буд, дар моҳи июли соли 2024 дар Боздоштгоҳи Русия даргузашт.

Ду низомии дигар – Давид Касаткин ва Дмитрий Лабинский – дар чаҳорчӯби табодули асирон пеш аз оғози мурофиа ба Украина баргаштанд. Дертар Украина боз 9 занро иваз кард.

Русия ва Украина аз ҳамлаҳо ба ҳамдигар хабар доданд

Вазорати дифои Русия рӯзи 26-уми март иддао кард, ки шаби гузашта ду ҳавопаймои бесарнишини украиниро дар болои Баҳри Сиёҳ ва ҳафт паҳподро дар Курску Белгород сарнагун кард.

Ин изҳоротро ба таври мустақилона тасдиқ кардан имконпазир нест.

Мақомоти Русия нагуфтаанд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин танҳо дар болои Баҳри Сиёҳ парвоз мекарданд ва ё ҳадаферо нишон гирифта буданд.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрдори Миколаев дар Украина гуфт, дар пайи гузоришҳо дар бораи ҳамлаҳои ҳавопаймои бесарнишини Русия нерӯи барқ қатъ шудааст.

Мақомоти Украина ҳамчунин гуфтанд, Русия бузургтарин ҳамларо дар шаҳри Кривой Рог анҷом дод.

Дар умум, низомҳои дифои ҳавоии Украина аз 117 ҳавопаймои бидуни сарнишини Русия 56-тоашро сарнагун кардаанд.

Санҷидани дониши ронандагон дар Қирғизистон баҳс барангехт

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тасмими мақомоти Қирғизистон дар бораи санҷидани дониши ронандагон баҳсбарангез шуд.

Бар асоси тасмими нав, нозирони роҳ дар ин кишвар аз ронандагон мепурсанд, ки оё аломатҳои роҳро медонанд ё не.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ин чора барои кам кардани садамаҳо ё тасодуфи нақлиётӣ гирифта шудааст.

Баъзе аз коршиносон гуфтанд, ин кор роҳро барои фасоди молӣ боз мекунад, чун ронандагоне, ки аломатҳои роҳро намедонанд, талош мекунанд ришва диҳанд.

Амрико ҷузъиёти музокираро бо Русия нашр кард

Дидори намояндагони Амрико ва Русия
Дидори намояндагони Амрико ва Русия

Кохи Сафед натиҷаи музокироти ахири Амрико ва Русияро дар Риёз пахш кард.

Дар баёнияи Кохи Сафед омадааст, ду кишвар ба тавофуқ расидаанд, ки киштиронии амн ва пешгирӣ аз истифодаи киштиҳои тиҷоратӣ бо ҳадафи низомиро дар Баҳри Сиёҳ таъмин кунанд.

Амрико ният дорад, ки барои дастрасии Русия ба бозори ҷаҳонии содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва дастрасии Маскав ба бандар ва низомҳои пардохтӣ кумак расонад.

Намояндагони ду кишвар ҳамчунин гуфтаанд, барои қатъи ҳамла ба иншоотҳои энергетикии Украина талош мекунанд.

Ин созиш қаблан миёни Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Владимир Путин, президенти Русия ҳосил шуда буд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, баъди ин созиш низ Русия дигарбора ба зербиноҳои энергетикии кишвараш зарба зад.

Музокироти намояндагони Амрико ва Русия дар мавриди хатми ҷанг дар Украина, рӯзи 24-уми март дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд. Гуфтугӯи ҳайатҳо 12 соат давом кард ва бе имзои санаде поён ёфт.

Як зани тоҷикро дар Узбекистон 5 сол зиндонӣ карданд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳе дар Тошканд як зани зодаи Тоҷикистонро барои ғоратгарӣ ба 5 сол зиндон маҳкум кардааст.

Ба навиштаи расонаҳои узбекӣ, аз ҷумла, Podrobno.uz, ин зани 43-сола дар манзили яке аз сокинони Тошканд кор мекард ва аз онҷо 118 миллион сум ё зиёдтар аз 9 ҳазор долларро дуздидааст.

Ҳамчунин додгоҳ ин занро ба муносибати бад бо духтари 5-солаи соҳибхона гунаҳкор кардааст.

Назари ин шаҳрванди Тоҷикистон ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест. Рӯшан нест, ки зан вакили дифоъ дошт ё не.

Ба навиштаи расонаҳои Узбекистон, шаҳрванди Тоҷикистон дар додгоҳ қисман гуноҳро эътироф карда, гуфтааст, на 118, балки ҳамагӣ 8 миллион сум ё 600 доларро дуздидааст.

Аммо маълум нест, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар бораи рафтори бад бо духтари хурдсоли соҳибхона чӣ посух додааст.

Расонаҳои Узбекистон навиштанд, шоҳидон ва ҳам навори дурбинҳо нишон додааст, ки зан чанд маротиба духтари 5-соларо задааст.

Ба ҷуз 5 сол зиндон, додгоҳ ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба пардохти 110 миллион сум ё қариб 8,5 ҳазор доллар, муваззаф кардааст.

Борони зиёд ҳаракат дар шоҳроҳҳоро мушкил кардааст

Акс аз сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода
Акс аз сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

Боронҳои ду рӯзи охир боис ба омадани сел дар чанд минтақаи Тоҷикистон шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, шоми 24-уми март дар ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз сел омада, муддате убур аз роҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғро номумкин кард.

Ҳамчунин субҳи 25-уми март лой ва сангу рег роҳи Душанбе-Сангворро баст ва мақомот мегӯянд, роҳро тоза доранд. Ба иттилои расмӣ, дар ҳамин рӯз дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ҳам сел омада, роҳи Ваҳдат-Саритош баста шуд.

Мақомот мегӯянд, пайомадҳои офати табииро бартараф доранд. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ин ҳодисаҳо касе ҳалок нашудааст.

Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки боридани борон ва эҳтимоли омадани сел, резиши сангу рег дар роҳҳои кӯҳӣ ва лағзиши тарма то 27-уми март зиёд аст.

Дар ҳамин ҳол, ширкати IRS, масъули нигоҳбини роҳи Душанбе-Чаноқ, ки аз ронандагон барои ин пул мегирад, аз барфу борон ва сангфароӣ хабар додааст. Ин ширкат гуфтааст, ҳарчанд роҳ кушода аст, аммо "сангфароӣ бениҳоят зиёд аст".

Амалиёти зидди муҳоҷирон дар гӯшаҳои Русия

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар минтақаҳои гуногуни Русия амалиёти зидди муҳоҷирон идома дорад.

Ба иттилои “МВД Медиа”, нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Кемерево дар пайи рейди васеъмиқёси панҷрӯза ҳудуди 500 мавриди нақзи қонуни муҳоҷиратро ошкор кардаанд.

Пулис гуфт, рейдҳо дар тамоми вилоят сурат гирифта, нерӯҳои амниятӣ ҳуҷҷати ду ҳазор муҳоҷирро тафтиш карданд.

Дар Новокузнетск маъмурони интизомӣ аз сохтмоне 12 муҳоҷири беҳуҷҷатро пайдо кардаанд. Нозирон дар Белов автобусеро, ки як муҳоҷир бидуни иҷозатномаи кор идора мекард, боздоштанд. Дар миёни мусофирон низ муҳоҷирони бесанад будаанд.

Даря Ненилина аз Раёсати корҳои дохилии Кемерово, гуфт: "Дар робита ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ 11 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар бораи ихроҷи маъмурии 20 шаҳрванди хориҷӣ аз Русия қарор қабул гардид. Ба 22 шаҳрванди хориҷӣ вуруд ба Русияро манъ кардаанд.”

Дар рейде,ки дар Орехово-Зуево дар наздикии Маскав анҷом шуд, пулис дар як коргоҳи дӯзандагӣ 12 муҳоҷири ғайриқонуниро пайдо кардаааст. Додгоҳ тасмим гирифт, ки боздоштшудаҳоро 5 ҳазор рублӣ ҷарима ва аз Русия ихроҷ кунад.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар як соли гузашта бо зиёд шудани тафтишҳо ва боздошту ихроҷҳо вазъашон бадтар шудааст. Ҳафтае пеш Дидбони Ҳуқуқи Башар дар таҳқиқоти наваш гуфт, ки пас аз ҳамла ба толори консертии “Крокус”, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия пайваста таъқиб ва озору азият мешаванд.

Ин созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Русия хост, ҳаргуна зуҳуроти муҳоҷирситезиро маҳкум кунад ва нагузорад, ки ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирон зери по шавад.

Идомаи эътирозҳо ва боздоштҳо дар Туркия

Истанбул, Туркия
Истанбул, Туркия

Пулиси Туркия чанд рӯз боз талош дорад, ки эътирозгаронро пароканда кунад. Даҳҳо ҳазор кас дар 55 вилояти Туркия бо эътироз ба боздошти Акрам Имомоғлу, раиси шаҳри Истанбул, ба хиёбонҳо рехтаанд.

Нерӯҳои пулис бо гази ашковар ва тирҳои резинӣ ба эътирозгарон ҳамла карданд.

Мақомоти Туркия гуфтанд, беш аз ҳазор нафар боздошт шуд. Касоне, ки ба иддаои онҳо, қонунро поймол ва ба кормандони пулис ҳамла кардаанд.

Эътирозгарон талаб доранд, ки Акрам Имомоғлу озод шавад.

Шаҳрдори Истанбул пас аз он дастгир шуд, ки ӯро барои ширкат дар интихоботи президентии Туркия аз номи Ҳизби ҷумҳурихоҳи мардумӣ номзад интихоб карданд. Интихобот соли 2028 бояд барпо шавад.

Баъзе аз пурсишҳои афкори умум, Имомоғлуро назар ба Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури ҳозираи Туркия, пешсаф нишон додааст.

Имомоғлуи 54-сола дар доираи як парванда бо иттиҳоми даст доштан дар фасод рӯзи 19-уми март боздошт шуд.

Муҳлати президентии Эрдуғон дар соли 2028 тамом мешавад ва ҳаққи президент шуданро надорад, вале мухолифон мегӯянд, шояд ӯ қонунро тағйир диҳад ва боз президент шавад.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи мухолифон Эрдуғон рақиби аслияшро бо баҳонаи сохта аз сабқат берун мекунад.

Петербург: Муҳоҷирон кам, вале пули "патент" зиёд шудааст

Имсол дар Санкт-Петербург теъдоди муҳоҷирон 60 дарсад кам шудааст. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи Игор Потапенко, муовини волии ин минтақаи Русия, даромад аз патент афзоиш меёбад.

"Ин натиҷаи аз иқтисоди ғайрирасмӣ берун кардани корфармоёни муҳоҷирон аст,” – гуфт ӯ дар суҳбат бо як телевизиони маҳаллӣ.

Вай афзуд: “Бубинед, ман гуфтам, ки шумораи умумии муҳоҷирон 60 дарсад коҳиш ёфтааст. Ва пардохтҳо аз патент зиёд шуданд. Яъне аз 6 миллиард то 9 миллиард рубл расидааст.”

Потапенко таъкид кард, ки ҳоло дар пойтахти шимолии Русия ҳудуди 210 ҳазор хориҷӣ ба сар мебаранд.

Мақомот талош доранд, корфармо муҳоҷирони соҳибихтисосро пайдо карда, ба Санкт-Петербург биёрад, масъулияти онҳоро ба дӯш гирифта, риояи қонуну қоидаҳоро аз ҷониби муҳоҷирон назорат кунад. Илова бар ин, мақомот қарореро таҳия доранд, ки тибқи он муҳоҷир метавонад танҳо аз рӯи ихтисосе, ки барои он патент гирифтааст, кор кунад.

Дастрасӣ ба сомонаҳои Беларус аз хориҷ маҳдуд шудааст

Александр Лукашенко
Александр Лукашенко

Дар рӯзи савгандёдкунии президенти худкомаи Беларус Александр Лукашенко дастрасӣ ба сомонаҳои ин кишвар аз хориҷи кишвар маҳдуд мешавад.

Сергей Повалишев, мудири hoster.by хабар додааст, ки аз шоми 24-уми март то 26-уми март дастрасии корбарон ба сомонаҳои беларусӣ, берун аз кишвар маҳдуд хоҳад шуд.

“Хоҳишмандем дар ҷараёни коратон ин ҳолатро ба назар гиред,” - навиштааст Повалишев.

Александр Лукашенко рӯзи 26-уми январи имсол дар интихоботе, ки бе рақиби ҷиддӣ баргузор шуд, ғолиб эълон шуд.

Порлумони Аврупо натиҷаи ин интихоботро напазируфт.

Лукашенкои 70-сола аз соли 1994 роҳбари Белорус аст.

Артиши Русия ба чанд минтақаи Украина ҳамла кардааст

Нерӯҳои Русия шаби 25-уми март ба вилоятҳои Киев, Суми ва Запорожйеи Украина ҳамла кардаанд. Масъулони вилояти Запорожйе гуфтанд, захмиён ҳастанд.

Иван Федоров, волии вилояти Запорожйе, гуфт, бесарнишини "Шаҳид" ба бинои маскунӣ бархӯрд. Дар ин ҳодиса як зани 58 ва марди 30-сола захмӣ шудаанд. Онҳо дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Намояндагони идораи ҳолатҳои фавқулодаи Украина гуфтанд, дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои Русия ба вилояти Киев ду анбор оташ гирифт.

Дар ҳамин ҳол манзили як сокини вилояти Суми ҳам дар пайи зарбаи нерӯҳои Русия оташ гирифтааст.

Мақомоти Украина гуфтанд, ҳамлаи артиши Русия ба Херсон сабабгори захмӣ шудани як ҷавони 19-сола шуд.

Ҳамлаҳои артиши Русия ба шаҳрҳои Украина дар ҳоле давом доранд, ки рӯзи 24-уми март намояндагони Амрико ва Русия дар маврид қатъи ин ҷанг гуфтугӯ карданд.

Муфтии Тоҷикистон: имсол моҳи Рамазон 29 рӯз аст

Сайидмукаррам Абдулқодирзода
Сайидмукаррам Абдулқодирзода

Бино ба пешбинии Пажӯҳишгоҳи астрофизика, моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон 29 рӯз давом мекунад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, рӯзи 24-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "чун моҳҳои Раҷаб ва Шаъбон имсол 30 рӯз буд, моҳи Рамазон 29 рӯз аст."

Ӯ афзуд, имсол мусалмонони Тоҷикистон иди Фитрро рӯзи якшанбеи 30-юми март ҷашн мегиранд. Дар назар аст, Шӯрои уламо 27-уми март рӯзи иди Фитрро расман эълон кунад.

Имсол моҳи Рамазон 1-уми март фаро расид. Дар гузашта баъзе аз рӯҳониёни суннатӣ дар Тоҷикистон ба 29 рӯз эълон шудани моҳи Рамазон норозигӣ карда буданд.

Аз ҷумла, Домулло Ҳикматулло соли 2015 гуфта буд, “мардум бояд як рӯзи дигар рӯза гиранд.”

Рамазон моҳи муборак барои мусалмонон аст. Пайравони дини Ислом дар ин моҳ рӯза мегиранд ва талош мекунанд бештар корҳои нек анҷом диҳанд.

Роҳҳои шаҳри Хуҷанд ва атрофи он чор рӯз баста мешаванд

Шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти вилояти Суғд эълон карданд, ки дар робита ба сафари роҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба шаҳри Хуҷанд, ҳаракат дар роҳҳои асосии ин шаҳр ва атрофи он дар охири моҳи март манъ мешавад.

Дар эълони идораи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд омадааст, аз 29-уми март то 1-уми апрел роҳҳои марказии шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов муваққатан ва тибқи ҷадвал баста мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, роҳи вурудӣ ба шаҳри Хуҷанд аз тарафи ноҳияҳои Ашт ва Мастчоҳ ҳам давоми ин рӯзҳо баста хоҳад шуд. Мақомот аз ронандагон хостаанд, ки дар охири моҳи март бе зарурат ба шаҳри Хуҷанд сафар накунанд.

Дар назар аст, рӯзи 31-уми март Эмомалӣ Раҳмон, Содир Ҷабборов (Жапаров) ва Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Хуҷанд вохӯранд. Имзои созишнома дар бораи нуқтаи марзии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон яке аз мавзуъҳои асосии ин дидор гуфта мешавад.

Поёни гуфтушуниди Амрико ва Русия дар Арабистони Саудӣ

Музокироти намояндагони Амрико ва Русия дар мавриди хатми ҷанг дар Украина дар Арабистони Саудӣ ба анҷом расид. Гуфтугӯи ҳайатҳо рӯзи 24-уми март 12 соат давом кард ва бе имзои санаде поён ёфт.

Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба манобеаш навишт, тарафҳо талош карданд матни изҳоротро мувофиқа кунанд, вале баъди анҷоми музокирот ин кор фавран даст надод. Дертар маълум шуд, ки Кохи Сафед ва Кремл матни изҳоротро мувофиқа кардаанд ва дар назар аст, ки он 25-уми март пахш шавад.

Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл пештар гуфта буд, дар поёни музокирот имзои ягон ҳуҷҷати расмӣ дар назар нест.

Кит Келлог, фиристодаи вижаи президенти Амрико, қаблан гуфта буд, ки ҳамроҳ бо Арабистони Саудӣ талош доранд музокироти мустақим байни Русия ва Украина баргузор шавад.

Музокироти намояндагони Амрико ва Русия як рӯз баъд аз гуфтугӯҳои миёни ҳайатҳои Амрико ва Украина дар Риёз барпо шуд.

Вазири мудофиаи Украина гуфт, ҳайатҳои Украина ва Амрико рӯзи якшанбе пешниҳодҳо оид ба ҳифзи иншооти энергетикӣ ва зербиноҳои муҳимро ҳамчун як бахше аз иқдоми дипломатии президенти ИМА Доналд Трамп барои хатми ҷанги сесола баррасӣ карданд.

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузург"-и Тифлис

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (“Tbilisi Grand Slam 2025”), ки рӯзҳои 21-23-юми март дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон доир гардид, бе медал монданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ҳашт варзишгар дохил буд:

-66 кг – Ёсин Бобокалонов

-66 кг – Магомед Фармонбеков

-73 кг – Муҳаммадшариф Наҷмиддинов

-73 кг – Масъуди Аҳмадзод

-81 кг – Илҳомиддин Ҷабборов

-81 кг – Бахтиёр Бозоров

-90 кг – Шодмон Ризоев

-100 кг — Муҳсин Малаев

Ҳамаи онҳо аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гаштанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam 2025” 385 варзишгар (219 мард ва 166 зан) аз 52 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок карданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби 10 медал (3 тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи аввалро гирифт. Мунтахаби Гурҷистон бо касби 9 медал (2 медали тило, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ) дуюм ва дастаи IJF (Федератсияи байнулмилалии ҷудо) бо касби 6 медал (2 тило, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) сеюм шуданд. Мунтахаби Узбекистон бо касби 3 медал (1 тило ва 2 биринҷӣ) ҷойи чаҳорумро азони худ кард.

Зимнан, дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли гузашта низ дар мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam 2024” дар ҳайати 9 варзишгар (8 мард ва 1 зан) иштирок карда, бе медал монда буд.

Умуман, дар таърихи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Тифлис паҳлавонони тоҷик танҳо як медал гирифтаанд, ки ба Шаҳбоз Саидаброров марбут аст. Вай соли 2021 дар вазни то 60 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд.

ҒОЛИБОНУ ҶОИЗАДОРОНИ “TBILISI GRAND SLAM 2025”:

МАРДОН

-60 кг
1. Лука МКНЕДЗИ (Фаронса)
2. Михел АУГУСТО (Бразилия)
3. Ҷонатан ЧАРОН (Куба)
3. Эмиел ҶАРИНГ (Нидерланд)

-66 кг
1. Абрек НАГУЧЕВ (IJF)
2. Темур НОЗАДЗЕ (Гурҷистон)
3. Азизбек ОРТИҚОВ (Узбекистон)
3. Абдураҳим НУТФУЛЛОЕВ (Узбекистон)

-73 кг
1. Лаша ШАВДАУТАШВИЛИ (Гурҷистон)
2. Армен АГАЯН (IJF)
3. Леонардо ВАЛЕРИАНИ (Италия)
3. Самуэл ГАССНЕР (Австрия)

-81 кг
1. Ведат АЛБАЙРАҚ (Туркия)
2. Петру ПЕЛИВАН (Молдова)
3. Иракли БЕРОШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Заур ДВАЛАШВИЛИ (Гурҷистон)

-90 кг
1. Умар БОЗОРОВ (Узбекистон)
2. Алексис МАТЮ (Фаронса)
3. Георги ҶАБНИАШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Рафаэл МАСЕДО (Бразилия)

-100 кг
1. Антон САВИТСКИЙ (Украина)
2. Симеон КАТАРИНА (Нидерданд)
3. Кели РЕЙС (Канада)
3. Арман АДАМЯН (IJF)

+100 кг
1. Инал ТАСОЕВ (IJF)
2. Гурам ТУШИШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Иракли ДЕМЕТРАШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Ҷур СПАЙКЕРС (Нидерланд)

"Мехост худкушӣ кунад." Наҷоти як мард дар Душанбе

Акс аз сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон
Акс аз сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон

Наҷотдиҳандагон як мардро, ки бо қасди худкушӣ худро ба дарёи Душанбе партофта буд,  наҷот додаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, ҳодиса шомгоҳи 23-юми март дар маҳаллаи 46-уми пойтахт рух дод.

Дар бораи ин марде, ки қасди ҷонаш кард, маълумоти зиёд дар даст нест. Мақомот гуфтанд, ӯ 41-сола буда, аз сабаби мушкилиҳои хонаводагӣ даст ба ин кор задааст.

Мақомот гуфтанд, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Солона чандин нафар дар Тоҷикистон бо нияти худкушӣ худро ба рӯдхонаҳо мепартоянд, вале на ҳамаашон наҷот меёбанд.

100-ҳазоррублӣ барои... духтарони ҳомиладори мактабхон дар Орлови Русия

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Русия, ки мушкили коҳиши таваллуд ва камшавии аҳолӣ ба як масъалаи давлатӣ табдил шудааст, раиси як минтақа амр додааст, ки ба шогирдони мактабҳои миёна барои ҳомиладор шудан 100 ҳазор рубл (муодили 1200 доллар) пардохт шавад.

Амри мазкур рӯзи 20 март аз ҷониби раиси вилояти Орлов Андрей Кличков имзо шудааст. Ин санад мегӯяд, ки талабаҳои мактаб дар сурати ҳомиладоршавӣ бояд худро ба қайд бигиранд ва барои ин ба онҳо пардохти якдафъаинаи ин маблағ ваъда мешавад.

Чунин амр бар пояи ислоҳи қарори 12 декабри соли 2024-и Кличков карда ва дар он мушаххасан навишта шудааст, ки шогирдони “мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” дар сурати ҳомилдор шудан метавонанд ба гирифтани пул дархост диҳанд.

Нашрияи "7х7" гуфтааст, ки то имрӯз дар 40 минтақаи Русия барои таваллуди барвақти донишҷӯдухтарон пардохти маблағ ҷорӣ шудааст. Масалан, барои донишҷӯдухтарони вилояти Челябинск барои таваллуди кӯдак дар синни то 24-солагӣ пардохти 1 миллион рубл, дар Рязан барои таваллуди кӯдак то 25-солагӣ – 50 ҳазор рубл ва дар Мордовияву Самара – 100 ҳазор рубл ваъда шудааст.

Баробар бо ин, дар беш аз даҳ минтақаи Русия барои ба исқоти ҳамл моил кардани занони ҳомила ҷарима таъин шудааст.

Бо ин роҳ мақомот дар Русия умедвор ҳастанд, ки барои пешгирӣ аз камшавии таваллуд мусоидат мекунанд.

Боздошти даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар вилояти Маскав

акс аз бойгонӣ
акс аз бойгонӣ

Беш аз 50 муҳоҷири тоҷик рӯзи 22-юми март дар ноҳияи Красногвардейскии вилояти Маскав боздошт шудаанд.

Муҳоҷирон мегӯянд, пулис бархеро пас аз гирифтани 50 ҳазор рубл маблағ раҳо карданд, вале дигаронро дар шароити баде нигаҳ медоранд.

Чанд тан аз онҳо бо ирсоли навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар рӯи фарш мехобанд ва барояшон ғизои дурусте намедиҳанд. Яке аз онҳо, аз ҷумла, гуфт: “Тоҷику узбекро рост ба Боздоштгоҳи махсус бурданд. Фарқ надорад, агар як сабт набошад тамом. 50 ҳазор мегӯянд, вале бо ин ҳам озод мекунанд ё не маълум нест. Илтимос ҳуҷҷатҳоятонро дуруст кунед, ки безеб аст”.

Шарҳи мақомоти Русия маълум нест. Радиои Озодӣ дар ин кишвар созмони номатлуб шумурда ва пурсишҳои он беҷавоб гузошта мешаванд.

Муҳоҷирон мегӯянд, ҳанӯз нисбати онҳо ҳеч додгоҳе қарор содир накардааст ва маълум нест, то кай дар боздоштгоҳ мемонанд.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷир дар шароити сахт кору зиндагӣ мекунанд. Солона ҳазорон муҳоҷир бо баҳонаҳои мухталиф аз сӯи мақомоти рус боздошт ва ба ватанашон ихроҷ мешаванд.

"Сова", маркази назорати экстремизм дар таҳқиқе гуфтааст, ки аз соли 2023 ба ин тараф бархурди нажодапарастона бо муҳоҷирон дар Русия афзоиш ёфтааст.

Нахуствазири Канада ба баргузории интихобот даъват кард

Марк Карни
Марк Карни

Дар Канада рӯзи 28 апрел интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Дар ин бора рӯзи якшанбе нахуствазири нави ин кишвар Марк Карни хабар дод.

Ҳанӯз моҳи январ нахуствазири пешин Ҷастин Трюдо дар бораи зарурати барпо шудани интихобот бо сабаби ба истеъфо рафтани ӯ гуфта буд.

Карни рӯзи 10 март раиси нави ҳизби ҳокими Либералии Канада интихоб шуд ва дар натиҷа Трюдоро дар мақоми нахуствазирӣ иваз кард.

Карни, ки рӯзи якшанбе дар бораи зарурати интихобот сӯҳбат мекард, гуфт, ӯ барои мақоми нахуствазирӣ мубориза мебарад, чунки дар шароити муқобила бо маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп ӯ ба “салоҳиятҳои қавӣ” эҳтиёҷ дорад.

Ӯ раҳбари Амрикоро дар талоши “хароб кардани Канада” ба хотири “ба даст овардани Амрико” муттаҳам кард. Карни рафтори мақомоти амрикоиро “ноодилона” ва “таҳдид ба истиқлолияти Канада” ва вазъи баамаломадаро “бӯҳрони ҷиддитарин ба зиндагии мо” номид.

Манзури ӯ ҷорӣ шудани тарруфаҳои гумрукии ИМА ба маҳсулоти Канада аст ва ҳам иддаоҳои Трамп дар бораи ин ки ин кишвар метавонад “аёлати 51-уми Амрико” шавад.


Дар Қирғизистон барои ронандагон қоидаи ҳаракат дар роҳ сахттар мешавад

Кӯчае дар Бишкек
Кӯчае дар Бишкек

Дар Қирғизистон шурӯъ аз 1 сентябр ронандагонеро, ки қоидаро вайрон мекунанд, дар ҳамон макони манъи мошин, аз санҷиши донистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мегузаронанд.

Дар ин бора сухангӯи президенти Қирғизистон Асқат Алагозов хабар дод. Агар ронанда ба ҳангоми гузаштани чунин санҷиши сарироҳӣ ба саволҳои бозрасони автомобилӣ дуруст ҷавоб дода натавонист ваё хато кард, ҳамон ҷо муваққатан аз шаҳодатномаи ронандагиаш маҳрум шуда ба идораи бо номи «Унаа» фиристода мешавад.

Ӯро он лаҳза пурра аз шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум намекунанд. Ронанда метавонад баъди ин ба ҳамин идора бори дигар муроҷиат карда, санҷиши донистани қоидаҳои ҳаракатро бори дигар супорад. Санади ронандагӣ фақат баъди бомуваффақият супурдани имтиҳон дода мешавад, навиштааст Радиои Азаттик.

Ба илова, барои ҳар дафъа супурдани имтиҳон аз ронандагон пардохти 500, баъд 1000-у 2000 то 4000 сом маблағ талаб мешавад. Чунин қарор бо ташаббуси президент Содир Ҷабборов қабул шудааст.

Дар Қирғизистон аз зиёд будани ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ изҳори нигаронӣ мешавад. Соли 2024 дар натиҷаи беш аз ҳафт ҳазор ҳолати вайрон кардани қоидаи роҳ, беш аз 10 ҳазор нафар осеб дида, 743 кас ҷон бохтааст.

Як сабаби асосӣ дар риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад, мегӯянд мутахассисони соҳа.


Имомоғлу номзади мухолифон дар интихоботи президентии Туркия шуд

Боздошти Имомоғлу боиси эътирозҳо дар Туркия шуд
Боздошти Имомоғлу боиси эътирозҳо дар Туркия шуд

Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқи Туркия номзадии Акрам Имомоғлу, шаҳрдори боздоштшудаи Истанбулро ба мақоми президентӣ пешниҳод кардааст. Узгюр Узел, раиси ҳизб дар ҳамоиши тарафдоронаш дар Истанбул гуфт, дар интихоботи муқаддамотӣ 15 миллион кас ба тарафдории Имомоғлу раъй додааст.

Саҳифаи Имомоғлу дар шабакаи X (Твиттер) ҳам ин хабарро нашр кардааст. “Ман мехоҳам аз зиндони Силивр ин хабар ба шумо расонам, ки маро хеле хушҳол кард. 15 миллион шаҳрванди мо овоз доданд ва ба Эрдуғон гуфтанд, ки “кофист”,-омадааст дар паёми Акрам Имомоғлу.

Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ аз раиси ҷумҳури феълии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон даъват кард, ки интихоботи зудҳангом баргузор карда, бо Акрам Имомоғолу рақобат кунад.

Шаҳрдори Истанбул рӯзи 19-уми март бо иттиҳоми фасод ва ёрӣ ба як гурӯҳи террористӣ боздошт шуд. Хабар дода мешавад, ки дар умум, дар доираи ин парванда наздик ба 100 нафар сиёсатмадорон, журналистон ва соҳибкорон дастгир шудаанд. Боздошти Имомоғлу эътирози ҳазорон нафарро дар шаҳрҳои гуногуни Туркия ба миён овард. Расонаҳои маҳаллии ин кишвар хабар додаанд, ки пулис алайҳи эътирозгарон аз таҷҳизоти вижа истифода мекунад.

Акрам Имомоғлу рақиби асосии раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ном бурда мешавад.

навшуда

Дар Риёз музокираҳои ИМА ва Русия оид ба хатми ҷанг дар Украина ҷараён дорад

Субҳи рӯзи душанбе, 24 март дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ музокираҳои миёни намояндагони ҳукуматҳои ИМА ва Русия оид ба хатми ҷанг дар Украина шурӯъ шуд.

Ин мулоқот як рӯз баъди гуфтугӯҳои миёни ҳайатҳои ИМА ва Украина дар Риёз барпо мешавад. Вазири дифои Украина гуфт, ҳайатҳои Украина ва ИМА рӯзи якшанбе пешниҳодҳо оид ба ҳифзи иншооти энергетикӣ ва зербиноҳои муҳимро ҳамчун як бахше аз иқдоми дипломатии президенти ИМА Доналд Трамп барои хатми ҷанги сесола баррасӣ карданд.

Ҳайатҳои музокироткунандаи Украина ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи якшанбе дар Арабистони Саудӣ мулоқот карданд.

Ин бахше аз талошҳои дипломатии президенти Амрико Доналд Трамп барои хотима додан ба маргбортарин низоъ дар Аврупо пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аст.

Вазири дифои Украина гуфт, ки онҳо пешниҳодҳоро барои ҳифзи иншооти энергетикӣ ва зербиноҳои муҳим баррасӣ кардаанд.
Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар суханронии шоми якшанбе музокиротро муфид арзёбӣ кард. Ӯ гуфт: "Тими мо комилан созанда кор мекунад. Мулоқот хеле муфид аст. Кори ҳайатҳо давом дорад.”

Дар Арабистони Саудӣ музокироти хатми ҷанг дар Украина идома дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Субҳи рӯзи душанбе, 24 март музокирони ҷудогонаи мақомоти ИМА ва Русия шурӯъ шуд.

Фиристодаи вижаи Амрико Стив Виткофф рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо Fox News, дар бораи ин мулоқот ва ҳамчунин ҳамкорӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия барои хатми ҷанг хушбин буд.

"Ман эҳсос мекунам, ки ӯ сулҳ мехоҳад."

" Ман надидам, ки ӯ хостори тасаруффи тамоми Аврупо бошад. Вазъият аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ фарқ дорад. Дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ НАТО набуд. Шумо кишварҳои мусаллаҳ доред. Дар ин хусус ман ба ҳарфҳои ӯ бовар дорам."

Кохи Сафед мегӯяд, ки ҳадаф аз музокироти идомадор таъмини оташбас дар Баҳри Сиёҳ аст ва интиқоли озоди борҳо мебошад.

Bloomberg News бо такя ба манобеъи огоҳ аз ин тарҳ рӯзи якшанбе хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида умедвор аст то 20 апрел ба оташбаси ҳамаҷониба даст ёбад.

Трамп дар охири ҳафта гуфт, ки талошҳо барои ҷилавгирӣ аз тавсеаи бештари ҷанги Украинаву Русия “то андозае таҳти назорат” ҳастанд.

Аммо, сарфи назар аз тамоми тадбирҳои дипломатӣ, Русия ва Украина аз идомаи ҳамлаҳо ба хоки ҳамдигар хабар медиҳанд.

Рӯзи якшанбе мақомоти Украина гуфтанд, ки дар як ҳамлаи густурдаи ҳавопаймои бесарнишини Русия ба Киев дасти кам се нафар, аз ҷумла як кӯдаки панҷсола кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия гуфтанд, ки даҳҳо ҳавопаймои бесарнишини украиниро, ки самти ҷанубу ғарби ин кишварро ҳадаф гирифта буданд, сарнагун кардаанд. Ба қавли мақомоти рус, дар ҳамлаҳо дар Ростов як нафар кушта шуд.

Нерӯҳои Русия ҳамчунон ба оҳистагӣ дар шарқи Украина, минтақае ки ба иддаои Маскав зери тасарруф аст, пеш меравад.


Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG