Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминҳои президентии Пӯлодовҳоро ба каси дигар доданд. Раиси ноҳия: "Сару калобаамон гум аст"


Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо судури ҳукме аъзои як хонаводаро аз ҳаққи истифодаи замини президентӣ маҳрум кардааст. Аъзои ин хонавода  ҳукми додгоҳи маҳаллиро ноодилона хонда аз додгоҳи вилоятӣ хостори таҷдиди назар шудаанд.

Тибқи ҳалномае, ки Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 4-уми июл содир кард, санади ҳуқуқии хонаводаи Пӯлодовҳо барои истифода аз 10 садяк замини президентӣ лағв шуд. Ба гуфтаи аъзои ин оила, онҳо ин заминро 30 сол пеш ҳамчун «қитъаи президентӣ» барои истифодаи бемуҳлат аз давлат ба таври қонунӣ гирифта буданд.

Ғайбулло Пӯлодов, як узви ин хонавода гуфт: “Ин аз рӯи адолат нест. Чунки ҳамаи ин ҳуҷҷатҳоро сад фоиз дорем. Мо, худо хоҳад, ҳалномаро омӯхта, то зинаҳои болоӣ мебароем, муроҷиат мекунем”.

Абдуллоҷон Пӯлодов, падари хонавода, дар заминҳои кишоварзии ноҳия 60 сол ҳамчун деҳқон, ронандаи трактор ва бригадир кор кардааст. Ба гуфтаи ӯ, давлат ин заминро барои беҳтар кардани шароити хонавода ба фарзандонаш дода буд. Вале дар соли 2020 бе огоҳӣ ва ризояти онҳо мақомоти ноҳия онро дар ихтиёри Бахтиёр Шарифов, як талабгори дигари замин гузоштаанд.

Абдуллоҷон Пӯлодов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Худатон ҳисоб кунед: аз соли 1995 чанд сол мешавад? Аз ҳамон вақт боз ман ба ин замин андоз месупорам ва дар ин замин кор мекунам. Аз ҳисоби ҳамин замин ризқу рӯзии фарзандонамро меёбам, мехӯронам ва мепӯшонам. Агар ин замин бекора шуда бошад, чаро президент бароям дода буданд?!”.

Баҳси бепоёни "замини президентӣ" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00

Раиси собиқи ноҳия Зариф Назирӣ, ки ҳоло раиси ноҳияи Фархор мебошад, дар шарҳи қарори худ гуфтааст, Бахтиёр Шарифов дар ин замин майдончаи варзишӣ, коргоҳи қаннодӣ ва манзили истиқоматӣ хоҳад сохт. Додрас Маҳмадулло Зиёзода даъворо соле қабл ба суди Бахтиёр Шарифов ҳал кард.

Додрасҳову дигар мақомоти маҳаллӣ аз суҳбат бо хабарнигорон дар ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд.

Дар моҳи март мақомот хостаанд, ҳукми додгоҳи қаблиро иҷро кунанд ва заминро дар ихтиёри Бахтиёр Шарифов гузоранд, вале сокинони маҳаллӣ ва оилаи Пӯлодовҳо эътироз кардаанд. Шариф Мамадалиев, як сокини маҳаллӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Агар дар ин ҷо сехи қаннодӣ шавад, аввалан ин, ки барои даромаду баромадан роҳ нест. Дуюм ин, ки аз зери замин оби ошомиданӣ мегузарад ва шояд баъди сохтмони он аз оби нушокӣ ҳам маҳрум мешавем. Барои ҳамсояҳо хеле зарар мерасонад”.

Худи Бахтиёр Шарифов дар ҷойи ҳодиса набуд ва намояндааш ҳам розӣ нашуд дар бораи ин тарҳ бо мо сӯҳбат кунад. Абдусамад Қосимов, корманди идораи сабти амволи ғайриманқул дар ноҳия ҳам ба дархости Радиои Озодӣ барои шарҳи ин қазия кӯтоҳ гуфт: “Без коментариев, тамом. (бе шарҳ)”.

Чунин даъвоҳо, махсусан бар сари заминҳои ба истилоҳ президентӣ, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёд шудааст. Раиси ноҳия мегӯяд, аз ҳудуди 70 қазия дар ин маврид чанд мавридаш ба додгоҳ ирсол шудааст.

Нусратулло Салимзода, раиси ноҳия гуфт: “Проблемаи калон ҳамин, ки эътироз мекунанд, мо қарор мебарорем ва бекор мекунем. Боз дар ду-се моҳ мебинӣ, аз суд коғаз овардаст, ки мо заминамонро гашта гирифтем. Барои ҳамин дар ин бора ман ҳеҷ чизи мушаххас гуфта наметавонам. Мебахшеду сару калобаамонро гум кардем”.

Раиси кунунии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд соли гузашта даҳҳо санади раисони қаблӣ дар масъалаи заминро бекор кардааст. Яъне боз даҳҳо хонаводаи дигар мисли хонаводаи Пӯлодовҳо сарсону саргардон шудаанд. Коршиносон мегӯянд низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон мустақил нест ва фасоди густарда монеи татбиқи адолат мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG