Ҳоло додситони ҳарбӣ аъмоли ин афсари марзбониро тибқи моддаи 391, қисми се («Сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият, ки боиси марги инсон шудааст) месанҷад.
Дар сурати исбот шудани гуноҳи капитан, ба ӯ аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад. Капитан Дониев ҳамон рӯзи худкушии сарбози тобеаш боздошт шудааст.
Зимни шарҳи ин парванда Фирӯз Раҷабзода, Додситони гарнизони ҳарбии Кӯлоб рӯзи 23-юми июл гуфт: “Нисбати сардори пости сарҳадӣ кипитан Ҳисайн Дониев бо моддаи 391 қисми 3-и банди «а»-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне баромадан аз ҳади ваколатӣ хизмати, ки боиси марг гардидааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, Дониев дар ҳабс қарор дорад.”
5-уми июл сарбоз Самадов ҳангоми навбатдорӣ дар манораи дидбонӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон даст ба худкушӣ задааст.
Ин дар ҳолест, ки волидони сарбоз гуфтанд, ки онҳо ба фарзияи худкӯшии писарашон бовар надоранд. Онҳо ба Додситонии гарнизони ҳарбии Кӯлоб омада пас аз ошноӣ бо қазия талаб карданд, ки то ҳодиса дуруст таҳқиқ шавад. Падари сарбоз мегӯяд, ба тани фарзанди ӯ ду тир зада шудааст.
Аммо як тан аз наздикони афсари боздоштшуда аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки нахост номаш ошкор шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ дар марги сарбоз ҳеч гуноҳе надорад. Ба гуфтаи ин хеши наздики афсар, ӯ аз хонаводаи камбизоат аст ва мавриди туҳмат қарор гирифтааст.
Додситони низомӣ дар назди хабарнигорон дар Кӯлоб ваъда дод, ки парванда холисона таҳқиқ мешавад. Фирӯз Раҷабзода, аз ҷумла гуфт: “Тафтишоти пешакӣ вобаста ба ин ҳодиса идома дошта, боз аз натиҷаи тафитишот маълумот хоҳем дод.”
Ҳакимҷон Самадов тирамоҳи соли гузашта аз деҳаи Деваштичи шаҳри Панҷакент ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуда буд. Ӯ як сол ба ин тараф то рӯзи маргаш дар ноҳияи Фархор, ҳамсарҳад бо Афғонистон хизмат мекард. Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориши солонаи худ гуфтааст, ки дар соли 2023 марги 40 сарбоз дар артиш сабт шудааст.
Аз ин шумора, ба иттилои Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, “6 нафар аз беморӣ фавтиданд”.
Мақомот пайваста таблиғ мекунанд, ки вазъ дар артиши Тоҷикистон беҳтар шудааст, вале ҳанӯз ҳам волидони бархе сарбозон аз шароити ногувор ва озору азияти наваскарон шикоят мекунанд.
Гуфтугӯ