Шоми 10 -уми июл дар натиҷаи омадани сел пули ҷамоати Чоркӯҳ тахриб шудааст. Ин пул дар наздикии як деҳаи қирғизнишин қарор дорад ва нақлиёт тавассути он ба деҳаи Хоҷаи Аълову ҷамоати Ворух меравад. Сокинон мегӯянд, азбаски он дар солҳои 70-уми асри гузашта сохта шудааст, дар пайи боришоти пайдарпай, пойдевораш хароб шудааст.
Ба гуфтаи Умед Маҳкамов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ, "ин сел асосан аз Қирғизистон меояд. Шояд даҳ дарсадаш оби худамон бошад, боқимондааш аз кӯҳҳои деҳаи Оқтатир омад. Боришот зиёд шуд. Дар 15 соли охир инхел нашуда буд. Дар ду ҳафта се бор сел омад. Як ҳафта роҳ баста буд, мошинҳо аз дохили деҳаҳои Қирғизистон мегузаштанд. Боз қирғизҳо ҳам роҳ нишон дода, кӯмак мекарданд".
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки барои ҳарчӣ зудтар бартараф шудани монеаи роҳ ва соҳилмустаҳкамкунӣ, дастбакор шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, азбаски ин пул дар тавозун ва ҳудуди Тоҷикистон қарор дорад, бо дастгирии раиси вилояти Суғд ва сокинони ҳамин маҳал таъмир мешавад.
Иброҳим Иброҳимов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ мегӯяд, талош доранд, ки ин купрӯкро то 10-12 метр васеъ созанд, то мошинҳои борбар ҳам бе душворӣ гузаранд. "Азбаски инҷо минтақаи сарҳадӣ аст, шояд барои тақвияти дӯстӣ боз сабаб шавад",-мегӯяд ин сокини Чоркӯҳ.
Мақомот ва сохтмончиён азм доранд, ки бо кӯмаки якҷояи мардум то аввали моҳи август сохтмони онро ба итмом расонанд ва баъди он ҳолати роҳро боз ҳам беҳтар созанд.
Ба гуфтаи сокини Чоркӯҳ Иброҳим Иброҳимов, умедворанд, ки роҳ аз Исфара то Ворух асфалтпӯш карда мешавад. "Ин ташаббуси ҳукумати маҳалливу ҷумҳурӣ аст ва соҳибкорону мардум ҳам барои дастгирӣ омода ҳастанд",-мегӯяд Иброҳим Иброҳимов.
Ҷамоатҳои Чоркуҳу Ворух яке аз калонтарин минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон аст ва то баста шудани марз, бештари молу маҳсулот аз ин роҳ мегузашт. Ҳоло сокинону мақомот бо беҳтар кардани вазъи роҳ умедворанд, ки вазъ ба маҷрои пешина бармегардад.
Масъулони ду кишвар аз пешрафти гуфтушунид тавассути расонаҳо пайваста хабар медиҳанд.
Гуфтугӯ