Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

35 дақиқа барои сотсиалистҳо. Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон раисашро иваз кард


Ғулом Ҳалимов раиси нави ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон шуд
Ғулом Ҳалимов раиси нави ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон шуд

35 дақиқа, шумори андаки вакилон, интихобот бе номзади алтернативӣ. Шитобкорӣ дар Анҷумани 12-уми ғайринавбатии ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва интихоби раиси он, ки рӯзи 23 июл дар Душанбе баргузор шуд.

Зоҳиран ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз як марказ идора мешаванд, ки дар чанд ҳафтаи ахир саввумин ҳизб раҳбарашро ба истилоҳ “ҷавон мекунад”.

Маъруфҷон Юсуфов, муовини аввали раиси ҲСТ, ки дар анҷуман барканории раисро матраҳ кард, далели зиёде пешниҳод накард. Ӯ гуфт:

«Имрӯз синну соли устод аз 73 гузашт ва солҳои ахир камтар саломатиашон азият дода истодааст. Аз ин лиҳоз аз раёсати Кумитаи марказии ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон хоҳиш намуданд, ки бо ҳамин назардошт, ӯро озод намуда ба ҷои ӯ ягон нафари ҷавонтар, бомасъул, ростқавлу ватандӯстро интихоб намоем».

Раиси нави сотсиалистҳо Ғулом Ҳалимзода то ин вақт раҳбари ҳизб дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд будааст. Вакилон дар анҷуман 3 номзад ба раисии ин ҳизб пешниҳод карданд. Аммо 2 тан ба нафъи Ҳалимзода аз рақобат даст кашиданд.

Ғулом Ҳалимзода, раиси нави ҲСТ, ки то ин дам дар доираҳои сиёсии Тоҷикистон чеҳраи ноошно буд, дар нахустин суҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфт талош мекунад «кори ҳизбро аз худ кунад, аммо танҳо ҳадафи иҷтимоӣ» дорад. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки корро аз чӣ шурӯъ карданӣ аст, гуфт:

Ғулом Ҳалимзода: Ҳаракат мекунем ба парлумон мутобиқ бошем, сонӣ моро интихоб мекунанд. Мо аввал бояд худро нишон диҳем.

Радиои Озодӣ: Шумо барои маъракаҳои калонтари сиёсӣ, масалан интихоботи президентӣ омодагӣ мегиред?

Ғулом Ҳалимзода: Ман ҳанӯз ба ин чизҳо омода нестам, ҳанӯз дар ин бора фикр накардаам. Ин кор барои ман нав аст, ҳадафамон набуд, ки интихоб мешавам, ё интихоб намешавам. Ман ҳам дар як ҳаяҷон ҳастам, росташ.

Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси акнун пешини ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон аз раиси нави ин ҳизб ситоиш кард гуфт:

«Боварӣ дорам, ки ин кас ҳамчун иқтисодчии бениҳоят муҳим дар баробари ин нозукиҳои ҳизби сотсиалистро дуруст дарк ва эҷод мекунанд. Ва барои дар оянда татбиқ намудани сиёсати имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон саъйу талош мекунад».

Дар анҷуман Маъруфҷон Юсуфов - муовини аввал ва Саодат Ашӯроваю Муртазо Аҳмадов муовини раиси ҳизбро ҳифз карданд. Абдуҳалим Ғаффорзода гуфт, дар мақоми мушовир дар ҳизб боқӣ мемонад.

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон иддао дорад, ки 21 ҳазору 600 узв ва дар 35 шаҳру ноҳияи кишвар созмонҳои маҳаллии худро дорад.

Ғулом Ҳалимзода раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон интихоб шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Аз ин пештар, ду ҳизби сиёсии дигари Тоҷикистон, демократӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ раисони худро ба афроди ҷавонтар иваз карданд. Бархе таҳлилгарон инро омодагӣ ба маъракаҳои сиёсӣ таъбир карданд.

Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон соли 1996 аз сӯи Сафаралӣ Кенҷаев, раиси вақти Шӯрои олӣ ва яке аз поягузорони Фронти халқии Тоҷикистон таъсис шудааст. Баъди қатли асроромези ӯ дар соли 1999 ин ҳизб ба ду шоха тақсим шуд, ки соли 2004 Вазорати адлия ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоровро ба расмият шинохт. Ин ҳизб дар фазои сиёсии Тоҷикистон чун як ҳизби рӯ ба ҳукумат дониста мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG