Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо аз фош шудани нақшаи Эрон барои "террор"-и Трамп. Теҳрон "беасос" хонд


Расонаҳои амрикоӣ гузориш додаанд, ки мақомҳои ин кишвар дар ҳафтаҳои ахир ба маълумоте даст ёфта буданд, ки бар асоси он, Ҷумҳурии исломии Эрон нақшаи "террор"-и Доналд Трампро доштааст. Эрон ин гузоришҳоро "беасос" хондааст.

Бинобар гузоришҳо, ки рӯзи сешанбе дар оғоз аз сӯи шабакаи телевизионии CNN нашр шуд ва сипас рузномаи "Ню-Йорк Таймз" ва хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" низ ба таври ҷудогона ба он пардохтанд, ҳеҷ нишонае вуҷуд надорад, ки ҳамлаи Томас Мэтю Крукс ба ҷони Трамп, ба ин тавтеаи Эрон рабте дошта бошад.

CNN бо ишора ба ин маълумоти боло дар бораи тарҳи Эрон барои қатли Трамп аз сӯи як "манбаи инсонӣ", ки ба дасти мақомҳои ИМА расида буд, навиштааст, Хадамоти махфии Амрико, ки муҳофизат аз ҷони мақомоти баландпояро ба ӯҳда дорад, ба ҳамин сабаб вазъияти амниятии номзадҳои ҷумҳурихоҳро тақвият дода буд.

Ин шабакаи хабарӣ мегӯяд, вуҷуди ин маълумот дар бораи таҳдид аз сӯи хадамоти амниятии як кишвари хориҷии душман ва тақвияти вазъияти амниятии Доналд Трамп, пурсишҳои наверо дар бораи хатоҳои амниятӣ, ки боиси тирандозӣ ба тарафи ӯ дар рӯзи шанбе шуд, ба миён овардааст.

Пас аз сӯиқасди ноком ба ҷони Трамп ин интиқод дар нисбати Хадамоти махфии Амрико матраҳ шудааст, ки чигуна як ҷавони 20-сола тавониста буд ба маҳалле, ки аз онҷо ба тарафи президенти пешин тирандозӣ кард, наздик шавад.

Рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" дар гузорише ҷудогона ба нақл аз як манбаи худ навишт, ки масъулини корзори интихоботии Трамп пеш аз сӯиқасди рӯзи шанбе, аз тарҳи эҳтимолии Эрон огоҳ карда шуда буданд.

Як манбаи амниятӣ низ ба CNN гуфтааст, Вазорати амнияти дохилӣ бо мақомҳои баландпояи Хадамоти махфӣ тамос гирифт, то "бовар ҳосил кунад", ки онҳо ин таҳдидро пайгирӣ мекунанд.

Ситоди интихоботии Доналд Трамп ҳозир нашуд дар бораи дастрас кардани маълумоти таҳдид аз сӯи Эрон изҳори назар кунад. Як сухангӯи ин Ситод гуфт, "мо дар бораи ҷузъиёти амнияти Доналд Трамп изҳори назар намекунем. Ҳамаи суолҳо бояд аз Хадамоти махфӣ пурсида шавад".

Бар асоси ин гузориш, Хадамоти махфии Амрико ахиран чандин бор ба Ситоди интихоботии Доналд Трамп дар бораи баргузории ҷамъомадҳои интихоботӣ дар фазои боз ҳушдор дода буд.

Сухангӯи Вазорати амнияти дохилии Амрико гуфтааст, дар ҳоли ҳозир робитае байни Томас Мэтю Крукс бо ҳеҷ касе кашф нашудааст. Ӯ таъкид кардааст, ки таҳқиқот дар бораи ин сӯиқасд, ки боиси захмӣ шудани Трамп шуд, идома дорад.

Эрон дар вокуниш ба нашри ин гузоришҳо, онҳоро "иттиҳомоти беасос ва ғаразнок" донист ва рад кард.

Намояндагии доимии Ҷумҳурии исломӣ дар Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора ба CNN гуфт, ки аз нигоҳи ҳукумати Эрон, Доналд Трамп "як муҷрими ҷинояткор" аст, ки ба далели "додани дастури террор"-и Қосим Сулаймонӣ, бояд дар додгоҳ муҳокима ва муҷозот шавад.

Ин намояндагӣ айни замон гуфтааст, ки Эрон "масири ҳуқуқиро барои посухгӯ кардани ӯ интихоб кардааст".

Дар пайи кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини Сипоҳи Қудс дар моҳи январи соли 2020 дар фурудгоҳи Бағдод, масъулин ва расонаҳои вобаста ба Ҷумҳурии исломии Эрон борҳо аз "интиқоми сахт" сӯҳбат карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG