Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар паи селҳои ахир дар Ӯш вазъи фавқулода ҷорӣ шуд


Зарбаи сели харобиовар ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

Зарбаи сели харобиовар ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон

Сели шоми рӯзи 13-уми июл дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд хонаҳои сокинон, мактаби деҳ ва роҳҳоро хароб кардааст. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, як марди 58-солаи сокини деҳаи Искодар ба ҳалокат расид. Ба иттилои ин ниҳод, аҳолии зарардидаро ба ҷои бехавф кӯчонида, амволи мардумро аз харобаҳо берун кардаанд.

Ҳафтаҳои гузашта на танҳо Тоҷикистон, Қирғизистони ҳамсояи он ҳам шоҳиди шоҳиди селҳои фоҷеабор шудааст. Мақомот инро ба тағйирёбии иқлим рабт медиҳанд.

Дар ҷануби Қирғизистон, вилояти Ӯш як зан бо ду духтараш дар сел ғарқ шудаанд. Ҷасади духтари шашсолаи ин занро аз Узбекистон пайдо карда ба наздиконаш супурданд. Дар вилояти Ӯш ҳолати фавқулодда эълон шудааст.

Дар наворҳои видеие, ки сокинон ва шоҳидони айнии офатҳои табиӣ фиристодаанд, дида мешавад, ки оби зиёд аз соҳили дарё берун шуда, бозори марказии Ӯшро зер мекунад.

Сел бо худ мошину одамҳоро бурдааст. Сел ба дукону моли тоҷирони бозор зарар расонидааст, вале ҳанӯз ҳаҷми пулии он ҳисоб нашудааст.

Арслан, ки дар бозори Ӯш дӯкони худро дошт, гуфт, ду вагон боре, ки барои фурӯш то зимистон захира карда буд, нобуд шуд.

Даригул Субанова, тоҷири дигар гуфт, тамоми молашро, ки гаронқимат буд, аз даст дод. Ӯ бо таассуф гуфт: “Ин ҳама молу маҳсулотро аз даст додем. Ин пойафзори гаронарзиш аст. Чӣ кор мекунем, намедонам. Чизе барои фурӯхтан намондааст. Умедворем, ки ҳукумат ба мо кумак мекунад.”

Ҳукумати Ош гуфтааст, тибқи ҳисоби пешакӣ, ҳафт мошшини сокинонро сел бурда, ба дохили 134 хона об даромадааст ва деворҳои 17 хона чаппа шудаанд. Сӣ тан аз сокинон ба беморхона муроҷиат кардаанд ва ду нафар бистарӣ шудааст.

Сели харобиовар дар чанд ноҳияи Узбекистон низ сабт шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG