Ду моҳ қабл аз ин кор, 12-уми апрели соли 1929, босмачии қаротегинӣ Фузайл Махсум ҳамроҳи гурӯҳи тақрибан бистнафарии худ бо шумули афғонҳо ва казаки рус Пименов дар ҳудуди деҳаи Тогмай марзро ғайриқонунӣ гузашт. Онҳо як рӯз баъд Қалъаи Хумбро тасарруф карданд. Аз дасти Фузайл Махсум дар Тавилдара, Қалъаи Лабиоб, Ҳоит, Ҷиргатол, Нимич ва минтақаҳои дигари аҳолинишин садҳо фаъол ва ҷонибдори низоми Шӯравӣ, аз ҷумла се зани омӯзгор, ба қатл расиданд. Мо дар бораи иртиботи эҳтимолии ҷанги шаҳрвандии соли 1929 дар Афғонистон ва ташкили ҶСШ Тоҷикистон аллакай навиштаем.
Дар ин матлаб сухан аз юриши Фузайл Махсум ва тақдири занони нахустини омӯзгори шӯравии Тоҷикистон дар дасти террористон меравад.
Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор
Қисми аввал
Мушкилот дар Афғонистон
Дар ҳоле ки Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1929 роҳи сулҳомезро пеша карда, рушди иқтисодӣ ва фарҳангии худро оғоз намуд, Афғонистон гирифтори як бунбаст ва ҷанги шаҳрвандии хунин буд. Ба ин ҷанг сарнагун шудани низоми амир Амонуллохон дар охирҳои соли 1928 сабаб шуд.
Дар ин давра сустшавии назорати марз ва ҳамлаҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи ду сӯйи дарёи Ому мушоҳида мешуд. Иттиҳоди Шӯравӣ бо баҳонаи мадад ба амир Амонуллохон 15-уми апрели соли 1929 ба ноҳияи Мазори Шарифи Афғонистон ҳамла кард. Инҷо экспедитсияи Примаков-Набихон бо иҷозати Иосиф Сталин дар назар аст, ки тақрибан бо ҳуҷуми Фузайл дар Дарвоз тавъам уфтод.
https://asiaplustj.info/tj/node/273541
Суқути ҳукумати Амонуллохон ва ба тахти Кобул нишастани тоҷики одӣ Ҳабибуллои Калаконӣ (Бачаи Саққо) дар моҳи январи соли 1929 ва ҳукмронии нӯҳмоҳаи нобарори ӯ боис ба “зинда” шудани ҳазорон муҳоҷири зиддишӯравии бухороӣ гардид. Онҳо қаблан аз сӯи Амонуллохон каме ҳам бошад назорат мешуданд.
Дар оғози шӯриш як қисми муҳоҷирон, маҳз ҷабҳаи исломгароён ва амиргароён, аз ҷумла Иброҳимбеки лақай, узбекҳои дигари нимкучманчии Бухорои Шарқӣ ба раҳбарии собиқ амири Бухоро Олимхон аз амири нав тарафдорӣ карданд. Шахсе, ки бо шиорҳои исломӣ ба муқобили Амонуллои “кофир” бархоста, ваъда дода буд, ки Бухороро озод мекунад ва то ба Маскав хоҳад расид.
Гурӯҳи дувум, ки онҳоро шартан миллигаро меномем, аз ҷумла босмачии фарғонагӣ Шермуҳаммад (Кӯри Шермат), Фузайл Махсуми қаротегинӣ ва Ҳамроқули самарқандӣ дар охири моҳи декабри соли 1928 дар даст силоҳ гирифта, қасри Амонуллохонро дифоъ карданд.
Фузайл Махсум кист?
Фузайл Махсум (Абдухолиқ Фузайл Махсум) дар соли 1886 дар деҳаи Метанион ба дунё омадааст. Ӯ то замони инқилоб ба монанди бисёре аз қаротегиниҳои дигар барои кори мавсимӣ ба водии Фарғона мерафт. Дар онҷо тоҷикон дар корхонаҳои хурди саноатӣ корҳои “сиёҳ” ва каммузд мекарданд.
Фузайл Махсум, ки бо беки Ғарм наздик буд, баъди баргашт аз муҳоҷирати корӣ тасмим гирифт, ки бо тиҷорати фаромарзӣ машғул шавад. Ӯ баъди аз сарнагун шудани аморат дар ибтидои соли 1921 гуруҳеро гирд оварда, худро бек эълом карда ва муборизаро бо Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз намуд.
Баъд аз пойбарҷо шудани ҳокимияти Шӯравӣ дар Помири тоҷикон дар моҳи августи соли 1923 ба он сӯи рӯдхона гузашт ва дар як муҳлати кӯтоҳ ба яке аз шахсиятҳои барҷастаи муҳоҷирони Бухоро дар Афғонистон табдил ёфт. Вай дар Кобул бо сафири пешини Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҶХШБ) Ҳошим Шоиқ ва афсарони турке, ки дар хидмати Амонуллохон буданд, наздикӣ пайдо кард. Фузайл Махсум идеяи “Қаротегини мустақил”-ро дар сар мепарварид, ки хилофи идеали амирӣ дар бораи эҳёи “Бухорои Шариф” ба унвони қалъаи Ислом буд.
Ҷудоихоҳии қавмии Фузайл Махсум хусумати шадиди амири собиқи Бухороро ба вуҷуд овард. Вай дар соли 1928 Амонуллоро ҷонибдорӣ мекард. На барои он ки озодихоҳ буду ҷадидиёни фирориеро, ки дар атрофи Амонуллои ислоҳотгар ҷамъ шуда буданд, дӯст медошт, балки ба Олимхон ва тарафдори содиқи ӯ Иброҳимбек сахт нафрат дошт.
Фузайл ҳодисаеро, ки дар аввалҳои соли 1922 барои кумак ба Анвар Пошшои турк аз Ғарм ба Кулоб рафту Иброҳимбек ӯро 40 рӯз дар асорат нигаҳ дошта, таҳқир кард, аз ёд бурда наметавонист. Тамоми солҳои 1920 дар Тавилдара, дар байни Дарвоз ва Ғарм миёни эшони Султон, рӯҳонӣ ва яке аз ҷонибдорони Олимхон ва Фузайл Махсум, беки худхондаи Қаротегин мубориза барои қудрат ҷараён дошт.
Ҳар ду гурӯҳ, “ҷумҳурихоҳон” ва “амиргароён”, дар соли 1929 бидуни шавқу рағбати зиёд вориди ҷанги Афғонистон шуданд. Ҳамон Фузайле, ки гуё дар аввал ҷонибдори Амунуллохон буд, дар ибтидои соли 1929 бо Саид Ҳусайн, вазири ҷанги ҳукумати Ҳабибуллохон, ки дар Мазори Шариф ҷойгир буд, робитаи дӯстӣ барқарор кард. Муҳоҷирон кӯшиш мекарданд, ки дар ҷараёни муноқишаи дохилии Афғонистон зинда бимонанд. Боварӣ надоштанд, ки кадом ҷониб пирӯз мешавад, то мавқеи дурустеро ишғол кунанд.
Ҳуҷум
Суст шудани ҳокимияти марказӣ дар Афғонистон боис ба ҳуҷуми босмачиҳои фирорӣ ба хоки Шӯравӣ ва кушта шудани садҳо нафар гардид. Яке аз бузургтарин ва хунинтарин ҳамлаи мусаллаҳонаи Фузайл Махсум ба Дарвоз ва Ғарм (аз 12-уми апрел то 3-юми майи соли 1929) буд. Ин ҳамла ба “амалиёти махсуси ҳарбӣ”-е монанд набуд, ки аз сӯи ҳукумати Кобул пешакӣ тарҳрезӣ шуда бошад, он як ҳамлаи худҷӯши гурӯҳи зудҷамъшудаи маҳаллиеро мемонд. Шояд бо нерӯҳои махфии зиддишӯравии соҳили рости Дарвоз созиши пешакӣ ҳосил шуда буд. Эҳтимол Фузайл низ тавониста буд, ки розигии Саид Ҳусайнро ба даст орад.
Ба забони ҳозира бигӯем, Фузайл як гурӯҳи террористии байнулмилалиро ҷамъ оварда буд, ки ба он на танҳо сокинони соҳили тоҷикнишини дарёи Ому (муҳоҷирон), балки шаҳрвандони давлатҳои дигар, аз ҷумла афғонҳо ва як рус низ дохил буданд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, қонуншиканиҳои даҳшатноктарин, аз ҷумла боздошту ғорат ва қатлро хориҷиён содир мекарданд. Ҳадафи харобкорон барқарор кардани тартиботи куҳна бо роҳи террору таҳдид ва ба шеваи “Толибон”-и муосир ҷорӣ кардани “ҳукмронии исломӣ” буд.
Фузайл Махсум мегуфт, ки ният дорад, ҳокимияти Шӯравиро сарнагун карда, ҳокимияти худро таъсис диҳад. Беки Дарвозу Қаротегин шудан аз солҳои 1910 ва ҷанги зидди Артиши Сурх дар солҳои 1921-1923 орзуи деринаи ӯ буд. Вай маҳз барои ҳамин Ғармро ишғол карданӣ буд. Фузайл ҳангоми ҳуҷум шумори аскарони савораи худро аз 25 то ба 500 кас зиёд карда буд. Сипас фузайлиҳо ба масофаи 200 километр дар дохили хоки Тоҷикистон “рейд”-и хунинеро анҷом доданд.
Бояд гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин ҳамла омода набуд. Ин ҳамла ғофилгирона буд. Як гурӯҳи хурди кормандони осоишта дар Ғарм, ки тақрибан дар муқобили ҳамлагарон танҳо буданд, шаҳрро таслим карданӣ буданд. Хабари рахна шудани марз ва пешниҳоди таслими пойтахти Қаротегин ба вакилони Анҷумани дувуми Шӯрои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 20-уми апрели ҳамон сол дар Душанбе ҷараён дошт, замоне расид, ки фузайлиҳо ба Ғарм расида буданд. https://rus.ozodi.org/a/31440837.html
Дар миёни ҳайати вакилон Павел Дибенко, фармондеҳи ҳавзаи низомии Осиёи Миёна, инқилобгар, Комиссари аввали халқии Флоти баҳрии Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия, фармондеҳи пешини артиши шӯравии Украина низ буд.
Моҳҳои апрел-майи соли 1929 дар таърихи Тоҷикистон яке аз давраҳои пуршиддат ва ҳассос буд. Агар тоҷикон Ғармро ба Фузайл таслим мекарданд, ӯ метавонист худро беки Дарвозу Қаротегин эълон карда, сарҳадро боз кунад, ки аз ин албатта ҳама, аз ҷумла собиқ босмачиҳои Бухорову Фарғона, қочоқбарони минтақа ва гурӯҳҳои қабилавии афғонҳо аз марзи Ҳиндустон метавонистанд истифода кунанд. Ин қазия осебпазирии Тоҷикистонро ба намоиш гузошт, ки наметавонад марзи худро дар баробари Афғонистони ноором мустақилона муҳофизат кунад.
Сокинони Дарвоз ва Ғарм, ҳарчанд дастҷамъона аз Фузайл ҷонибдорӣ намекарданд, барои муқобилият нишон додан ҳам шитоб надоштанд. Онҳо мунтазир мондан ё аз деҳаҳо ба кӯҳҳо паноҳ бурданро афзалтар мешумурданд. Фаъолони Шӯравӣ дар миёни ду оташ монданд. Агар онҳо Ғармро монда, ба Душанбе бармегаштанд, ҳамчун хоин боздошт мешуданд. Аз тарафи дигар, хатари кушта шуданашон аз сӯйи гуруҳи мутаассиб вуҷуд дошт. Кормандони Шӯравӣ маҷбур шуданд ба дифои худ бархезанд.
Як гуруҳи 18-нафарӣ ба раҳбарии сардори бахши Бонки давлатӣ, афсари собиқ Ф. Ф. Гутовский таъсис дода шуд. Ҳамаи онҳо 21-уми апрел дар задухӯрд дар деҳаи Нимич кушта шуданд. Гуруҳи дувум ба раҳбарии Ф. А. Мокритский, ки аз 9 кас иборат буд, босмачиёнро дар Ғарм пешвоз гирифт. Ҳар ду гурӯҳ аз кормандон ва омӯзгорони Шӯравӣ иборат буд, ки дар миёнашон русҳо, тоҷикони аз дигар минтақаҳо фиристодашуда, форсҳо, гурҷиҳо ва тоторҳо низ буданд.
Дибенко, ки таҷрибаи чунин амалиётро дар Балтфолт ва саркӯби шӯриши деҳқонон дар вилояти Тамбовро дар соли 1921 дошт, вақте дид нерӯи гуруҳҳои худдифоъ барои ҳимоят аз шаҳр кофӣ нест, ташаббусро ба даст гирифт. Сипас аз ҷониби Артиши Сурх нерӯҳои десантӣ ба раҳбарии Т. Т. Шапкин ва комиссар А. Т. Федин фиристода шуд. Фузайл нахуст ба зодгоҳи худ Қалъаи Лабиоб, сипас ба Тавилдара ва 3-юми майи соли 1929 ба Бадахшони Афғонистон баргашт.
Шапкин ва Федин баъд аз анҷоми амалиёт алайҳи Фузайл маълум карданд, ки мақомоти маҳаллӣ дар бештари маврид бо Фузайл Махсум ҳамкорӣ кардаанд. Дар натиҷа беш аз 100 кас, дақиқтараш 107 нафар боздошт ва ба гуноҳи ҳамкорӣ бо душман ба додгоҳ кашида шуданд. Аз ин миён 41 кас ба қатл маҳкум ва 46 нафари дигар ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд. 19 гумонбар “сафед” ва танҳо 1 кас шартан озод гардид.
Бо вуҷуди норозигии Дибенко ва Шапкин дастҷамъона пуштибонӣ накардани сокинони маҳаллӣ аз Фузайл аз мадди назари фармондеҳони артиши Сурх дур намонд. Ин дар баробари қаҳрамониҳои гурӯҳҳои Гутовский ва Мокритский яке аз омилони муҳим дар пахши фузайлиҳо ба ҳисоб меравад.
Фузайл – қаҳрамон?
Саргузашти Фузайлро на бояд ҳамчун “мубориза бар зидди босмачиён”, балки ҳамчун як далели таърихи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бояд донист. Ба ин маъно, ки нерӯҳои асосии мухолиф дар он, на сарбозони Артиши Сурхи Русия ва ҷиҳодиёни мусулмони маҳаллӣ ба монанди солҳои солҳои 1921-1922, балки худи мардуми омма – тоҷиконе буданд, ки мавқеи мухолиф доштанд.
Дар нимаи солҳои 20-ум бо ташкил шудани ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеа тақсимоти сиёсӣ ба вуҷуд омад. Тоҷикон бо ташкили дастаҳои махсус деҳаҳо ва марказҳои ноҳияҳоро аз ҳамлаҳои ногаҳонии гурӯҳҳо муҳофизат мекарданд. Насли нави раҳбарони аз миёни мардуми одӣ аз кӯҳистони Қаротегину Дарвоз ва Бадахшон ба миён омаданд, ки ба ҳокимияти Шӯравӣ, комилан содиқ буданд. Аз қабили Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур. Бештари сокинони деҳоти Тоҷикистон аз ҳукумати Шӯравӣ пуштибонӣ карданд. Ин хашму ғазабро дар доираи босмачиҳо ба вуҷуд оварда, боис ба пурзӯршавии террорҳо дар деҳот гардид.
Тарафдорони ҳукумати Шӯравӣ ба босмачиён ҷавоби ҳамсон доданд. Ҳамин кофӣ аст, бигӯем, ки силоҳҳоро аз ҷонибдорони Фузайл дар моҳи майи соли 1929 на қисмҳои низомӣ ва на сохторҳои Раёсати давлатии сиёсӣ, балки комиссияи махсуси ҳукуматии Тоҷикистон, ки ба ҳайати он 120-150 кас шомил буд, мусодира карданд. Дар миёни аъзои комиссия дар баробари намояндагони ҳукумату маъмурони пулис “муллоҳои сурх”, ҷонибдорони ҳокимияти Шӯравӣ низ буданд. Онҳо дар маросим намеистоданд ва дар бештари маврид маълумотро аз ҷонибдорони Фузайл бо истифода аз қамчину шаллоқ ба даст меоварданд. Агар ин ҷанги шаҳрвандӣ нест, пас чист?
Дар поёни саргузашти нангини Фузайл бояд таъкид кард, ки ӯ ба монанди Кӯри Шермат то моҳи июни соли 1936, то замони вохӯрӣ бо Саид Акбархон Маҳмуд (Маҳмуд Содиқов, Айкарлӣ)-и самарқандӣ, ки афсари иктишофии Шӯравӣ буд, дар миёни муҳоҷирон дар шаҳри Машҳад аз Афғонистон ба Эрон мерафту меомад. Тавре таърихшиноси узбектабори муосири турк, Аҳад Андиҷон, менависад, Фузайл дар ин вохурӣ худро Шайх Абдураҳим муаррифӣ мекунад. Маҳмуд ба Шайх пул дода, ӯро ба Қошғар мефиристад, то дар “мубориза алайҳи чиниҳо” ба мусулмонон мадад кунад. Сипас консули Шӯравӣ дар Қошғарро дар ин бора огаҳ мекунад ва консул низ дар навбати худ ин маълумотро ба чиниҳо мерасонад.
Шайх Абдураҳим (Фузайл)-ро сарбозони дунган ҳангоми гузаштан аз марз боздошт карда, ба гуфтаи Андиҷон, ба консули Шӯравӣ таслим мекунанд ва Фузайл, террористи байнулмилалӣ, ки орзуи беки Қаротегини мустақил шуданро дошт, аз онҷо ба Иттиҳоди Шӯравӣ интиқол меёбад. Ба гуфтаи Андиҷон, ӯ баъд аз бозпурсӣ эъдом шуд. Ба эҳтимоли зиёд, ӯ дар худи Чин ё зиндонӣ ва ё эъдом шудааст. Зеро агар вайро ба Иттиҳоди Шӯравӣ меоварданд, ҷомеа ва таърихнигорон огаҳ мешуданд.
Идома дорад
Гуфтугӯ