Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори тоҷики Узбекистонро дастгир кардаанд


Салим Иномзода яке аз мутассадиёни гурӯҳи "Тоҷикони Узбекистон" аст.
Салим Иномзода яке аз мутассадиёни гурӯҳи "Тоҷикони Узбекистон" аст.

Салим Иномзода рӯзноманигор, муттасаддии гурӯҳи «Тоҷикони Узбекистон (Узбекистон Тожикларӣ) дар Фейсбукро мақомоти интизомии Узбекистон дастгир кардаанд.

Ба иттилои се манбаъ ӯ як ҳафта боз дар боздоштгоҳи ноҳияи Мирзоулуғбеки шаҳри Тошканд қарор дорад. Сабаби боздошти Салим Иномзода рӯшан нест ва мақомоти Узбекистон ин масъаларо шарҳ надодаанд. Айни замон дар баъзе аз гурӯҳҳои узбекзабон дар Фейсбук гузоришҳое нашр шудаанд, ки Салим Иномзодаро рӯзи 5-уми июл бо иттиҳоми барангехтани адовати миллӣ дастгир кардаанд.

Фаъолони фарҳангии тоҷикони Узбекистон дар Бухоро ва Самарқанду Тошканд рӯзи 12-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, боздошти Иномзода онҳоро нигарон кардааст. Яке аз онҳо бидуни зикри номаш гуфт, мақомот дигар муҳаррирону мутассадиёни саҳифаи «Тоҷикони Узбекистон» - ро ҳам ба бозпурсӣ даъват кардаанд ва ба нақли ҳамсуҳбатҳои мо ин кор рӯшанфикрони тоҷик ва фарҳангии Узбекистонро ба ташвиш гузоштааст.

Сабаби бозпурсиҳо ва дар бораи кадом масъала суолу ҷавоб кардани мақомот рушан нест, вале як фаъоли мадании Узбекистон гуфт, Иномзодаро барои як таронаи Афзалшоҳ Шодиев, ки дар бораи Самарқанду Бухоро аст ва дар саҳифаи “Тоҷикони Узбекистон” нашр шудааст, боздошт кардаанд. Ба нақли ӯ ин таронаро Афзалшоҳ Шодиев 8 сол қабл дар Узбекистон сурудааст.

Гурӯҳи "Тоҷикони Узбекистон" як гурӯҳи фарҳангӣ дар Фейсбук аст ва асосан матолиби фарҳангӣ дар бораи тоҷикони Узбекистон ва ё робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон нашр мекунад. Тақрибан 15 ҳазор узв дорад.

XS
SM
MD
LG