Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон мехостанд, табадуллот кунанд?


Ҷилавгирӣ аз табаддулоти давлатӣ дар Қирғизистон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Ҷилавгирӣ аз табаддулоти давлатӣ дар Қирғизистон?

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз боздошти як гурӯҳе хабар дод, ки гӯё қасд доштаанд, ҳукумати ин кишварро сарнагун кунанд.

Ба қавли кумита, ин гуруҳ, рӯзи 31-уми август, рӯзи истиқлоли кишвар дар наздикии Бишкек барои ҷамъ овардани ҷавонони зиёд бозиҳои варзишӣ баргузор карда ва баъзе аз сиёсатмадорони мухолифро ҳам даъват мекарданд. Ва онҳо издиҳоми ҷавононро ба Бишкек раҳнамоӣ карда, дар роҳ одамҳоро мекуштанду хонаҳоро оташ мезаданд.

Кумитаи амнияти Қирғизистон ба ҳайси далел видеоеро нашр кард, ки нишон медиҳад, афроди боздоштшуда чизеро ба мошин бор мекунанд. Дар видео ҳамчунин аслиҳаи зиёде дида мешавад, ки барои саропо мусаллаҳ кардани 100 нафар кофист. Бомбҳои худсохт, зиреҳ, туфанг ва ҳамингуна либосҳои низомӣ. Ба қавли кумита, муттаҳамон ба ҷиноят ҳамчунин мехостанд, бо истифода аз дрон моддаҳои заҳрогин пошанд.

Корманди кумитаи амнияти Қирғизистон мегӯяд: «Ҳангоми бетартибиҳои оммавӣ, онҳо ҳамчунин мехостанд, мактабҳои варзишии тирандоз ва мағозаҳо барои шикорчиёнро ғасбу ғорат кунанд. Ният доштаанд, ки дар роҳ ба Бишкек, бо истифода аз аслиҳа ва моддаҳои тарканда, зӯровариву харобкорӣ кунанд, оташ зананд."

Маъмурони амниятӣ 5 нафарро дастгир кардаанд ва маълум нест, ки онҳо ин қадар аслиҳаро аз куҷо ба даст овардаанд. Ҷузъиёти дигарро то ҳол нагуфтаанд. Ба қавли Феликс Қулов, нахуствазири собиқ, хадамоти амниятӣ бо боздошти ин гурӯх, Қирғизистонро аз як фоҷиаи азим эмин дошт. Феликс Кулов, нахуствазири собиқи Қирғизистон:

«Онҳо либоси милиса доштанд, яъне омодагӣ мегирифтанд. Бо баҳонаи истифодаи ғайриқонунии силоҳ аз тарафи маъмурони милиса, зоҳиран ягон муноқишаи мусаллаҳона бармеангехтанд, Хатари асосии гуруҳ ҳамин буд. Муҳим нест, аслиҳаро аз куҷо гирифтанд. Ин суоли дуввум аст ва бояд дақиқ кард.»

Аммо на ҳама ба хабари Кумитаи амният бовар доранд. Ба қавли Мавлон Аскарбеков, фаъоли маданӣ дар ду соли гузашта дар Қирғизистон ба ҳадде парвандаҳо бо иттиҳоми «бетартибиҳои оммавӣ» ва «талоши ғасби ҳукумат» боз карданд, ки бовар кардан ба ин достон ҳам сахт аст.

Мавлон Аскарбеков: фаъоли маданӣ: «Шояд кам касоне бошанд, ки ба чунин хабарҳо бовар кунанд. Ман ба ҳукумат мегуфтам, ҳодисаҳои моҳи май нишон дод, ки зарурате ба барангехтани бетартибиҳои оммавӣ нест. Бояд мушкилоти иқтисодиро ҳал кард, на инки мардумро тарсонду таъқибу боздошт кард.»

Ин дафъа ҳамаи боздоштшудагон, на сиёсатмадоранд, на фаъоли маданӣ ва ё касоне, ки ҳукуматро дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид кардаанд. Ҳамаи онҳо ношиносанд. Ду нафари онҳо ба гуфтаи кумитаи амният касоне будаанд, ки моҳи май дар ҳамла ба хобгоҳи хориҷиён ширкат доштанд. Барои ҳамин суолҳои зиёде ҳамчунон дар бораи эълони Кумитаи амнияти Қирғизистон вуҷуд дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG