Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири қирғиз барои иштирок дар ҷанги Украина боздошт шудааст


Муҳоҷири қирғиз барои иштирок дар ҷанги Украина дар ватанаш аз озодӣ маҳрум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Муҳоҷири қирғиз барои иштирок дар ҷанги Украина дар ватанаш аз озодӣ маҳрум шуд

Як сокини 28 солаи Қирғизистон барои зархаридӣ ва ширкат дар ҷанги зидди Украина, дар ватанаш 5 сол зиндонӣ шуд.

Наздикони ин мард пофишорӣ доранд, ки ӯ дар Русия бо роҳи фиреб ба ҷанг бурда шуда буд. Онҳо аз президент хостанд, ки фарзандашон бахшида шавад.

Қушторбек Мухтори 28-сола даҳ соли ахир барои кору таъмини оила ба Русия мерафт. Ба нақли падар, вай бори охир моҳи июни соли 2022 ба муҳоҷират рафт.

Мухтор, падари Куштарбек мегӯяд,“мо хеле вақт наметавонистем бо вай тамос гирем. Моҳи сентябр афсарон ба мо тариқи видеоӣ занг зада, гуфтанд, ки “писари шумо зиндаву саломат аст.”

Дертар маълум шуд, ки Қушторбек қарздор шуда, дар Телеграм як эълони даъват ба артишро дида, ба Украина рафтааст. Ба ӯ 3 миллион рубл ваъда додаанд, вале қисми зиёди ин маблағро иҷборан аз ӯ гирифтаанд.

“Вақте пулро ба ӯ доданд, ду афсар аз Доғистон, Наҷим ва Гаҷӣ бо таппонча ба ӯ таҳдид карда ду миллиону 200 ҳазор рублашро гирифтанд. Гуфтаанд, боқимондаро ҳам ба мо медиҳӣ, вагарна мо туро мекушем. Писарам маҷбур шудааст, ки як қисми пулро монда гурезад. Ӯ то сафорати Қирғизистон омада, гуфтааст, ки шиносномаашро гум кардааст ва ҳамин тавр ба ватан баргашт,”-гуфт падари ӯ.

Ба гуфтаи Қушторбек, вай 7 моҳ дар Украина буд ва дар ин муддат ду ҷароҳати ҷиддӣ бардоштааст. Моҳи ноябр баъди бозгашт ба Қирғизистон ба далели набуди санадҳои зарурӣ ӯро дар беморхонаи давлатӣ қабул накарданд ва дар як беморхонаи хусусӣ табобат мегирифт.

Бурул, модари Қушторбек гуфт: "Ӯро моҳи март ба ҷанг бурданд, баъди ду моҳ аллакай захмӣ шуд. Бори дуюм ҳангоми таркиш ҷароҳат бардошт. Тамоми ҳамроҳонаш кушта шуданд ва ӯ аз ҳуш рафтааст. Баъдан ӯро ёфта, ба ҷойи бехатар бурдаанд.”

Баъди сиҳат шудани Қушторбек, волидонаш ба Кумитаи давлатии амният муроҷиат карданд. Онҳо ҳама чиро нақл гуфтанд, вале моҳи феврал ӯ боздошт шуд.

Бурул, модари Қушторбек гуфт: “Вақте мо ба Кумитаи амният муроҷиат кардем, ба мо гуфтанд, ки дар бораи писари шумо ягон маълумот надорем. Баъдан писари мо гуфт, ки “ман шиноснома гирифта, кор мекунам ва шуморо таъмин менамоям.” Ӯ ба пулис рафт. Бори аввал ӯ баргашт. Мо ҳам бояд рафта баёнот медодем. Ба мо ваъда доданд, ки ӯро боздошт намекунанду фақат барои бозпурсӣ даъват мешавад, вале баъдан ӯро ба СИЗО фиристоданд ва мо дигар бо писарамон тамос надорем."

10-уми май Додгоҳи ноҳияи Араван, Қушторбекро барои ширкат дар ҷанги Украина ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Волидони вай ба ин ҳукм розӣ нестанд ва ба додгоҳи болоӣ шикоят карданд. Мегӯянд, бояд муроҷиати ихтиёрии онҳо ба мақомот ва вазъи оилавии Қушторбек ба назар гирифта мешуд. Ҳоло ин парвандаро Додгоҳи вилоятии Уш баррасӣ мекунад. Волидони Қушторбек ба президенти Қирғизистон муроҷиат карданд.

"Содир Нургоҷаевич, мо аз шумо кӯмак мехоҳем. Писари мо ба таври муъҷизавӣ зинда монд, вале ҷароҳати вазнин бардоштааст. Вай ба табобат ниёз дорад. Вай 5 моҳ дар СИЗО буд. Писари ман пештар ҷиноят накардааст. Ҳамсари ӯ ҳомиладор аст. Ҷое намонд, ки мо муроҷиат накарда бошем,”--гуфт модари Қушторбек.

Бар асоси қонуни Қирғизистон барои ширкат дар ҷанги кишвари хориҷӣ аз 5 то 15 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Қушторбек нафари сеюм дар Қирғизистон аст, ки барои ширкат дар ҷанги Украина маҳкум ба зиндон шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG