Ба қавли ин идора, дар натиҷаи ин гуна рекордҳо ҳарорати миёнаи олам беш аз якуним дараҷа Селсий боло рафтааст, ки мухолиф ба Созиши Париж мебошад.
Ҷулиен Николас, донишманди ҳавошинос аз маркази Коперникуси Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, моҳи июн гармтарин моҳ дар таърихи ҳавосанҷӣ будааст. “Ҳамин тариқ шикасти рекордҳо, ки моҳи июни соли 2023-юм оғоз ёфтааст, идома дорад. Хуллас, моҳи июни соли 2024-ум аз моҳи июни соли 2023-ум ба таври назаррас гармтар буд,"—гуфт ӯ.
Бар пояи омори ин маркази назорати тағйири иқлими Иттиҳоди Аврупо, тахмин мешавад, ки соли 2024-ум дар муқоиса бо соли 2023-ум гармтар хоҳад буд. Моҳи гузашта гармо аз Арабистони Саудӣ то Юнон эҳсос шуд.
Дар маросими ҳаҷҷи имсола, ки ба моҳи июн рост омад, беш аз 1300 ҳоҷӣ ба ҳалокат расид, ки ба қавли табибон аксарият ба гармои ҳаво тоб наоварда, ҳаётро аз даст дод.
Маркази Коперникус меафзояд, дар 12 моҳи гузашта ҳаво аз меъёри миёнаи пешбинишуда, яъне ҳавои миёнаи давраи солҳои 1850 то 1900-ум, ки ҳамчун намуна истифода мешавад, тақрибан 165 дараҷаи Селсий гармтар буд.
Фредерика Отто, ҳавошиноси май ва апрел ҳам имсол хеле гарм буд.
“Дар 12 моҳи гузашта рекордҳои гармо паи ҳам шикаста шуд, зеро истифодаи маводи сӯхт ва ҳамзамон бо он ихроҷи газҳои гулхонаӣ бештар шудааст. Аз он нигаронам, ки ба ин рекордҳо мисли рекордҳои олимпӣ назар накунем. Ин рекордҳо поймолшавии ҳуқуқи мардуми зиёд аст. Моҳҳои гарм маънои онро дорад, ки борону тундбод ва обхезиҳо бештар шуда, ҳуқуқи мардум ба зиндагии осуда, ҳуқуқи мардум ба ҳаёти ороми иҷтимоиву фарҳангӣ поймол мешавад. Аз ин рӯ, ин гуна гармо ва ин гуна рекордҳо ташвишовар мебошанд,"—гуфт ӯ.
Созмони баналмилалии Метеорологии СММ ва ниҳоди муштараки байниҳукуматии мубориза бо тағйири иқлим мегӯяд, барои то якуним дараҷаи селсиус коҳиш додани гармшавӣ дар соли 2050 истифодаи нафту газ ва ангишт бояд ба таври қобили мулоҳиза кам карда шавад.
Тағйири иқлим яке аз масъалаҳои дарднок барои Тоҷикистон низ ба шумор меравад, зеро солҳои ахир пиряхҳои кишвар бо суръат об мешаванд.
Гуфтугӯ