Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Бритониё аз мақомаш истеъфо дод


Риши Сунак
Риши Сунак

Дар пайи шикасти Ҳизби муҳофизакор дар интихобот, нахуствазири Бритониё Риши Сунак аз мақомаш истеъфо дод. Кир Стармер, роҳбари Ҳизби коргар нахуствазири нави Бритониё шуд.

Дар интихоботи 4-уми июл Ҳизби муҳофизакор шикасти сахт хӯрд ва аз 650 курсии порлумон фақат 121 курсиро ба даст овард. Ҳизби коргар бошад соҳиби 412 курсӣ шуд.

Риши Сунак, роҳбари Ҳизби муҳофизакор шикаст дар интихоботро пазируфт ва онро барои ҳизбаш "шаби мушкил" хонд. Сунак дар паёми хайрбодиаш гуфт, аз роҳбарии ҳизб ҳам истеъфо медиҳад, аммо на ба ин зудиҳо.

XS
SM
MD
LG