Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбар дар қатли навраси узбек баъди як сол боздошт шуд


Handcuffs / Наручники
Handcuffs / Наручники

Додгоҳе дар Амрико як ҷавони 18-соларо дар робита ба куштори шаҳрванди Узбекистон Фаридун Мавлонов ба ҳабс гирифтааст.

Нашрияи “The New York Times” иттилоъ дода, ки қотили Мавлонови 15-соларо баъд аз як сол пайдо карданд.

Пулис дар робита ба куштори шаҳрванди Узбекистон Леополдо Нэш Монтойяи 18-соларо дастгир кардааст. Ӯро дар хонаи яке аз хешонаш дар Панама дастгир кардаанд. Леополдо Нэш Монтойя ҳафтаи гузашта ба шаҳри Ню-Йорк интиқол дода шудааст.

Фаридун Мавлонов 17-уми июли соли гузашта дар натиҷаи як тирпаронӣ дар хиёбони 20-уми Бруклини Ню-Йорк кушта шуд. Он рӯз миёни ду гуруҳи хонандагон ду соат пеш аз рух додани ҳодиса низоъ сар задааст. Ҷавонон маслиҳат кардаанд, ки баъди дарс дар кӯча дубора вохӯрда, баҳсро идома медиҳанд.

Вале вақте гуруҳе, ки Мавлонов шомили он буд, ба маҳалли ҳодиса ҳозир мешавад, яке аз аъзои гуруҳи дувум, навраси 17-сола бо тапонча ба самти онҳо оташ мекушояд. Дар натиҷа Мавлонов захми тир бардошта, дар бемористон ҷон додааст.

Хонаводаи Мавлонов 12 сол пеш аз Узбекистон ба Амрико рафтааст ва падари ӯ Фирдавс Мавлонов ба ҳайси сартарош кор мекунад.

XS
SM
MD
LG