Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон зидди “Лукойл” парванда боз кардааст


Мақомоти интизомии Узбекистон зидди ширкати “Lukoil Overseas Supply and Trading Ltd” (зертобеи “Лукойл”) бо гумони монополияи бозор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Дар ин бора Кумитаи рушди рақобат ва ҳимоят аз ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Узбекистон иттилоъ додааст.

Тафтишот инҳисори нархҳоро аз сӯи ширкат дар савдои биржавӣ ошкор карда, ки боиси болоравии нархҳо аз 10 то 50 дарсад шудааст.

Кумита афзуда, ки баъди қабул шудани қарори ниҳоӣ дар ин замина маълумоти иловагӣ ироа хоҳад кард.

“Lukoil Overseas Supply and Trading Ltd” дар Қибрис сабтином шуда, ширкати зертобеи "Лукойл" ба ҳисоб меравад

XS
SM
MD
LG