Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сатҳи "зард"-и хатари террористӣ дар шаҳрҳои Қазоқистон бекор шуд


Низоми амалиёти зиддитеррористӣ, ки дар шаҳрҳои Остона, Алмато, Қарағанда ва Кокшетауи Қазоқистон эълом гашта буд, бекор карда шудааст.

Ситоди фаврии ҷумҳуриявии мубориза бо терроризми Қазоқистон хабар додааст, ки низоми мазкурро ба далели ба поён расидани саммити раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) бекор кардаанд.

Сатҳи "зард"-и хатари террористӣ дар чаҳор шаҳр Қазоқистон аз 2 то 5-уми июл ҷорӣ шуда буд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ин тадбир дар робита ба баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва сафари давлатии президенти Чин ба Остона андешида шудааст.

Ҷаласаи Шӯрои раҳбарони СҲШ рӯзҳои 3-4-уми июл дар Остона баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG