Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон барои ташкили умраи беиҷозат ҷарима таъйин кард


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев қонуни ворид кардани тағйирот ба ташкил ва баргузори маросими ҳаҷҷи умраро имзо кардааст.

Вазорати адлияи Узбекистон иттилоъ дода, ки барои ташкил ва баргузор кардани маросими ҳаҷҷи умра иҷозатномаи алоҳида дода мешавад.

Онҳое, ки бидуни ин иҷозатнома маросими ҳаҷҷи умраро ташкил мекунанд, 68 миллион сӯм ($5400) ҷарима хоҳанд шуд.

Иҷозатномаи мазкурро Кумитаи дини Узбекистон медиҳад ва боҷи давлатии он 3,4 миллион сӯм ($270) аст.

Қонуни навро порлумони Узбекистон охирҳои моҳи марти имсол қабул карда буд ва он аз моҳи октябри соли равон ба иҷро медарояд.

XS
SM
MD
LG