Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: ҷангҷӯёни "Толибон" ҳомии ҳуқуқро таҷовуз кардаанд


Маҳбуси собиқ ва ҳомии ҳуқуқи афғонистонӣ ба рӯзноманигорон навореро додааст, ки дар он лаҳзаи аз сӯи ҷангҷӯёни гуруҳи "Толибон" шиканҷа ва таҷовуз шуданаш сабт шудааст. Ин видеоро "The Guardian" ва "Rukhshana Media" нашр карданд.

Ба гуфтаи рӯзноманигорон, ин навор нахустин далели бевоситаи муносибатҳои бераҳмона бо бонувони афғонистонӣ дар зиндон аст.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ, наворро худи ҷангҷӯёни "Толибон" ба ӯ фиристода, таҳдид кардаанд, ки агар танқиди низоми ҳоким дар Афғонистонро идома диҳад, онро дар Интернет нашр мекунанд.

Дар навор, ки зоҳиран яке аз нозирони маҳбас сабт кардааст, ба зан дастур дода мешавад, ки либосҳои худро барорад ва сипас ду ҷангҷӯи "Толибон" ӯро таҷовуз мекунанд. Зан талош мекунад, бо дастонаш рӯи худро пинҳон кунад, вале ҷангҷӯе дастони ӯро дур мекунад, то чеҳрааш намоён бошад.

Дар навор нафаре ҳам мегӯяд, ки "ин қадар солҳо туро амрикоиҳо таҷовуз карданд ва акнун навбати мо аст".

Зан мегӯяд, ӯ барои иштирок дар тазоҳурот алайҳи гуруҳи "Толибон" боздошт шуда буд. Вай баъди раҳоӣ аз зиндон тавонистааст, ки аз Афғонистон фирор кунад.

XS
SM
MD
LG