Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Бишкек мандати вакилии Мадумаровро барқарор накард


Додгоҳи шаҳрии Бишкек 4-уми июл шикояти раиси пешини ҳизби "Бутун Қирғизистон" Адахон Мадумаровро рад кард. Мадумаров қаблан аз болои қарори Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳр, ки мандати вакилии ӯро бекор карда буд, шикоят карда буд.

Мадумаров аз додгоҳ хоста буд, ки ба далели ошкор шудани ҳолатҳои нав қарори додгоҳи зинаи поёнӣ бозбинӣ шавад.

Додгоҳи Якуми май вакили порлумон ва раиси ҳамакнун собиқи ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон"-ро дар хиёнат ба давлат айбдор донист, вале ба далели сипарӣ шудани муҳлати эътибор ӯро озод кард. Парвандаи Мадумаров пушти дарҳои баста баррасӣ шуд.

Вакили дифои сиёсатмадор Гуляна Убалиева гуфта буд, парвандаи Мадумаров ба санади марбут ба қитъаи Торт-Кочо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рабт дорад, ки ӯ дар замони котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон будан дар соли 2009 имзо кардааст. Мадумаров худро бегуноҳ ва парвандаашро "сиёсӣ" медонад.

XS
SM
MD
LG