Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис: Имрӯз дар масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб намози ҷумъа хонда намешавад


Имрӯз, 5-уми июл, дар масҷиди ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб (Масҷиди марказӣ) дар Душанбе, намози ҷумъа баргузор намешавад.

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар хабарномае гуфт, ки "бинобар сабабҳои узрнок" намози ҷумъа дар ин масҷиди калони пойтахт хонда намешавад. Аз мардум хоҳиш шудааст, ки намози ҷумъаро дар масҷидҳои дигар адо намоянд.

Ҳарчанд дар хабарномаи пулис, сабаби ин тасмим ба таври возеҳ гуфта нашудааст, аммо ин чораи мақомот, ба сафари раиси ҷумҳури Чин рабт мегирад. Си Ҷинпин шаби гузашта вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.

Бинобар сафари президенти Чин ҳамакнун дар пойтахти Тоҷикистон тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст.

Ҳаракати нақлиёт дар бархе аз хиёбонҳои Душанбе маҳдуд шуда, мақомот чанд руз пеш аз сокинони атроф хоста буданд, ки бе зарурат бо мошинҳояшон вориди пойтахт нашаванд.

Ҳамчунин калонтарин марказҳои тиҷоратии пойтахт, аз ҷумла бозорҳои "Корвон", "Кушониён" ва маркази савдои "Садбарг", таътил ҳастанд.

Сафари раиси ҷумҳури Чин ба Тоҷикистон то рӯзи 6-уми июл идома мекунад.

XS
SM
MD
LG