Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сарбозшикор", ширкатҳои чинӣ... Тоҷикистон дар гузориши қочоқи инсон


Лаҳзаи сарбозшикор дар Душанбе
Лаҳзаи сарбозшикор дар Душанбе

Дар гузориши нави Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар мавриди мубориза бо қочоқи инсон нишондодҳои Тоҷикистон як зина бадтар шудаанд. Гузоришро рӯзи 24-уми июн котиби давлатӣ Энтони Блинкен дар Вашингтон муаррифӣ кард. Он вазъи қочоқи инсонро дар соли 2023 дар бар мегирад.

Муаллифони гузориш Тоҷикистонро ба гурӯҳи кишварҳои "мавриди назорат" ҷой додаанд. "Ҳукумати Тоҷикистон меъёрҳои қатъи қочоқи инсонро пурра иҷро намекунад, ҳарчанд дар ин самт талоши зиёде ба харҷ медиҳад," -- навиштаанд онҳо.

Бо гузашти як ҳафта аз нашру муаррифии гузориш, мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз вокуниш накардаанд.

Гузориши Департаменти давлатӣ дар умум ба вазъи 188 кишвар баҳо додааст. Дар он гуфта мешавад, соли 2023 дар саросари сайёра 27 миллион нафар дар кор, хадамот ва дар бахши тиҷорати фаҳшо истисмор шудаанд. Дар қатори Чин, Русия ва Венесуэла кишварҳои Бруней ва Судон ба гурӯҳи сеюм ё давлатҳое бо нишондодҳои бадтарин дар бахши қочоқи инсон дохил карда шудаанд.

Ҳашару шанбегӣ

Ба қавли муаллифони гузориш, дар Тоҷикистон бо баҳонаи “ҳашар” хонандагони мактабро ба пахтачинӣ мебаранд; бо даъвати "шанбегӣ" мардумро ба кори бемузд мебароранд; ҷавононро аз тариқи "сарбозшикор" (облава) ба артиш мебаранд ва чун таҳдид масҷидҳоро баста ё донишҷӯёнро аз донишгоҳ меронанд. Ин чанд мавриди қочоқи инсон дар Тоҷикистон аст, ки дар гузориши 11-саҳифаии Департаменти давлатии Амрико зикр шудааст.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Соли 2023, ба навиштаи муаллифони гузориш, мақомот дар Тоҷикистон 60 мавриди қочоқи инсонро таҳқиқ кардаанд, дар ҳоле ки соле аз он пеш 11 ҳодиса буд. Соли гузашта 23 мавриди таъқиби ҷиноӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони чунин ҷиноятҳо сабт шудааст.

"Омори ҳукумат навъҳои қочоқи инсонро гурӯҳбандӣ намекунад, аз ин рӯ, маълум нест, ки чанде аз ин ҳолатҳо ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ё суистифода аз нерӯи инсон рабт доранд”, -- мегӯянд муаллифон.

Дар гузориш омадааст, Раёсати мубориза бо қочоқи инсон дар Вазорати корҳои дохилӣ барои мубориза бо чунин ҷиноятҳо созмон ёфтааст, вале фасод яке аз мушкилоти ҷиддии пеши роҳи мубориза бо ин ҷиноятҳо мемонад. "Давлат барои мубориза бо қочоқи инсон барои сохторҳои ҳифзи қонун буҷаи ҷудогона надорад," -- омадааст дар гузориш.

Департаменти давлатӣ мегӯяд, ҳукумат чораи ҳимоят аз қурбониёни бозори фаҳшоро коҳиш додааст. Шумори онҳо соли гузашта 47 нафар, асосан занҳо будаанд ва дар бисёр ҳолатҳо барои гирифтани ёрии офиятбахшии иҷтимоӣ онҳоро ба паноҳгоҳҳои ҷабрдидагони хушунати хонаводагии созмонҳои иҷтимоӣ ҳавола кардаанд. Ҷое, ки "бо камбуди пул рӯбарӯ ҳастанд".

Ҳукумати Тоҷикистон гузориш додааст, ки барои беҳбуди шароити қурбониёни қочоқи инсон ба як паноҳгоҳи Вазорати беҳдошт наздик ба 85 ҳазор доллар ҷудо кардааст. Инчунин, барои созмонҳои иҷтимоие, ки бо ҷабрдидагони ҷиноят, аз ҷумла қурбониёни қочоқи инсон кор мекунанд, 48 ҳазор доллар додааст. Дар айни замон, ҷомеаи маданӣ дар Тоҷикистон аз камбуди шадиди паноҳгоҳҳо барои ин гурӯҳи ҷабрдидаҳо шикоят мекунанд.

Набудани назорат дар дохили ширкатҳои чинӣ

Гузориши Департаменти давлатӣ мегӯяд, мақомот дар Тоҷикистон соли гузашта аз беш аз 2700 санҷиши шароити коргарон гузориш доданд ва дар мавридҳое, ки шуморашон маълум нест, барои истифодаи нерӯи кӯдак ҷарима таъин намуданд.

“Нозирон гузориш доданд, ки мақомоти тоҷик шароити кори коргарони ширкатҳои сохтмонии вобаста ба Ҷумҳурии Мардумии Чинро назорат намекунанд ва ин чиз боис ба афзоиши заъфпазирии онҳо дар баробари кори маҷбурӣ мегардад”, - навиштаанд муаллифон.

Дар ҷои дигари гузориш омадааст, “коргарони тоҷикистоние, ки дар ширкатҳои чинӣ кор мекунанд, бо мушкилот ба мисли нақзи муқаррароти гирифтани маош, таҳдид ба ронда шудан аз кор ва қонуншиканиҳои дигар рӯбарӯ ҳастанд, ки ҳамаи ин нишонаҳои кори маҷбурӣ мебошад”.

Ҳамзамон ба навиштаи муаллифон дар дохили Тоҷикистон 10 ҳазор муҳоҷир аз Афғонистон ба сар мебаранд, ки ҳангоми таҳияи санади паноҳандагӣ бо мушкилоти фасод рӯбарӯ мешаванд. “Дар Тоҷикистон гурӯҳҳое аз шаҳрвандони Афғонистон ва Бангладеш, аз ҷумла дар кори сохтмон, қурбонии кори маҷбурӣ ҳастанд”, -- омадааст дар гузориш.

Занони тоҷик дар бозори фаҳшо, сафарбарӣ ба ҷанги Украина...

Дар гузориши Департаменти давлатӣ омадааст, муҳоҷирати сокинони Тоҷикистон, ки бо сабаби бекорӣ ба хориҷа мераванд, хатари ба дасти гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтодани онҳоро бештар мекунад. Дар давоми панҷ соли гузашта, ба навиштаи муаллифон, мардону занон ва кӯдакони тоҷик дар майдонҳои кишоварзии Русия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон, Латвия, Арабистони Саудӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва инчунин Туркияву Афғонистон истисмор шудаанд.

Ҷинояткорон занону духтаронро аз Тоҷикистон дар бозори фаҳшои Туркия, Иморот, Русия, инчунин Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Гурҷистон, Ҳинду Афғонистон истисмор кардаанд.

Муаллифони гузориш ба коҳиши шумори муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Русия соли 2023 таваҷҷӯҳ карда, навиштаанд, як сабаби ҷиддиаш ба ҷанги зидди Украина бурдани онҳо гардид ва зиндониҳои тоҷик аз дигарон бештар осебпазир шуданд. Муҳоҷирони корие, ки аз ҷониби ширкатҳои русӣ ба Украина бурда шуданд, он ҷо бо кори маҷбурӣ рӯбарӯ шуданд.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо убури чандин давлати дигар, аз ҷумла тавассути Амрикои Лотин ва Аврупо беҳуҷҷат ба ИМА сафар карданд, дар баробари қочоқчиён осебпазир мебошанд”, -- навиштаанд муаллифони гузориш.

Муаллифон инчунин аз сарнавишти пайвандони аъзои пешини ДОИШ ва гурӯҳҳои дигари ҷангҷӯ дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд. Занон дар урдугоҳҳои паноҳандагон метавонанд харидаву фурӯхта шаванд ва кӯдаконашон бо хатари ба ҷангҳои дигар бурда шудан рӯбарӯ ҳастанд.

Ин гузориш аз бозгардони 104 узви оилаҳои сарбозони ДОИШ дар соли 2023 ба Тоҷикистон ёд оварда, мегӯяд, мақомот аз таъмини онҳо бо ёриҳои иҷтимоӣ гузориш доданд, вале ҷузъиёти онро фароҳам накарданд.

XS
SM
MD
LG