Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон меояд


Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дар нахустин сафари хориҷиаш баъди пирӯзӣ дар интихобот ба Тоҷикистон меояд.

Дар ин бора рӯзи 25-уми июн бо такя ба дафтари матбуоти ВКХ-и Тоҷикистон оҷонсии русии ТАСС хабар додааст.

Дар хабар омадааст, ки сафари расмии Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон рӯзи 2-уми июл буда, ду рӯз идома хоҳад кард. Ин сафар бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад. Шароити сафарро раҳбарони ду кишвар дар як суҳбати телефонии рӯзи 16-уми июн баррасӣ кардаанд.

Покистон, ки мисли Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, як ҳамкору шарики фаъоли сиёсии Душанбе ба шумор меравад.

Равобити дипломатии миёни ин ду кишвар соли 1992 барқарор шудааст. Вале гардиши савдои байни ин кишварҳо зиёд нест ва соли 2022 додугирифтҳои тиҷоратии миёни Тоҷикистон ва Покистон беш аз 32 миллион долларро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG