Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишманди тоҷик аз зиндони Австралия озод шуд


Акси Абдусалом Одиназода пас аз раҳоӣ аз зиндон
Акси Абдусалом Одиназода пас аз раҳоӣ аз зиндон

Абдусалом Одиназода, донишманди тоҷик, ки бо айбномаи “таблиғи терроризм” дар Австралия 3,5 сол зиндонӣ шуда буд, озод шудааст

Ӯ охири соли 2020 дар манзили зисташ боздошт шуда буд.

Абдусалом Одиназода рӯзи 23-юми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 19-уми июн муҳлати ҷазояш ба поён расид.

Абдусалом Одиназода, донишманди соҳаи кимиё то замони ҳабсаш дар моҳи декабри соли 2020 дар донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ кор мекард.

Мақомоти Австралия гуфта буданд, ки Одиназода дар саҳифааш дар YouTube аз моҳи январи соли 2019 то замони ҳабс дар моҳи декабри соли 2020 наворҳои зиёде нашр кард, ки тавассути он “мусалмононро ба сарнагунии ҳукумати Тоҷикистон ва эҷоди хилофат даъват мекард.”

Одиназода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 16 видеои ӯро мақомот таҳқиқ карданд ва хулоса доданд, ки мӯҳтавои онҳо "таблиғи терроризм аст." Ӯ гуфт, иттиҳомро пурра бар душ нагирифт, вале эътироф мекунад, ки "хатти сурх"-ро он замон убур карда буд.

Додгоҳ он замон гуфта буд, ки Одиназода “дар бораи илҳомбахш будани “Толибон” дар Афғонистон ва ҳам гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия бисёр сӯҳбат мекард”. Ин видеоҳо, ба навиштаи манбаъ, беш аз 1,6 миллион бор дида шудаанд ва 78 дарсади тамошобинонаш дар Русия ва 12 дарсадашон дар Тоҷикистон будаанд.

Абдусалом Одиназода мегӯяд, аз ин ба баъд низ ба фаъолияташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома хоҳад дод, вале "дигар эҳтиёт мекунад."

Абдусалом Одиназода 56 сол дошта, бо ихтисоси биохимик давоми даҳ сол дар донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ кор мекард.

"Ҳоло дигар бо ин доғи судие, ки дорам, имкони баргаштан ба кори донишгоҳ вуҷуд надорад. Феълан, аз ҳисоби кумакпулии давлат, ки ба афроди бекор медиҳанд, зиндагӣ дорам,"--гуфт ӯ.

Абдусалом Одиназода солҳо пеш ба Австралия рафта, онҷо шаҳрвандии ин кишварро гирифт.

Дар ин миён ӯ чанде ба Тоҷикистон баргашт ва он ҷо кор мекард, аммо баъдан боз ба Австралия баргашт.

Ӯро дар Тоҷикистон низ бо иттиҳоми "ифротгароӣ" ҷустуҷӯ мекунанд.

XS
SM
MD
LG